ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

29 феврал 2024, Панҷшанбе
28
0


ШОМИ МУШТАРАКИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН
Дар доираи баргузории «Шоми муштараки фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон» мулоқоти муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода бо муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёсир Аҳмадванд баргузор гардид. 
Онҳо вобаста ба ҳамкории фарҳангӣ, аз қабили баргузории намоиши байналмилалии китоб, нашри осорҳо, гиромидошти адибони классику муосир ва баргузории барномаҳои ҳунарӣ табодули афкор намуда, аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба чопи китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва тақдими он ба ҳар оилаи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ карданд.

НАМОИШИ «ЭНЕРГЕТИКА ДАР ДАВРАИ ГУЗАРИШ - РАВОНБАХШИ ФАРДО»
Аз 28-уми феврал то 20-уми март бори аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон намоиши «Энергетика дар давраи гузариш - равонбахши фардо» гузаронда мешавад.
Тавре дар ин бора аз Донишгоҳ хабар доданд, намоиш бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба масъалаи гузариши энергетикии глобалӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ ташкил шуда, дар он мавзуъҳо вобаста ба бахшҳои энергетика дар раванди гузариш тавассути технологияҳои иттилоотӣ, энергияи тавлидшаванда, самаранокии энергетикӣ (бахши сохтмон, саноат, нақлиёт) ва рушди устувор пешниҳод мегардад.
Бояд гуфт, ки чунин намоиш солҳои 2022-2023 дар Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Уммон ва Тунис баргузор шуда буд.

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН»
Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, даври аввали озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид.  
Дар даври шаҳрӣ ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла дар пухтупази якчанд навъи таоми миллӣ аз рӯйи номинатсияҳои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарфу ашё дар болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти хӯрокҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омодасозии хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.
Дар ҷамъбасти озмун роҳбарони шаҳр  ғолибон ва иштирокдорони фаъолро бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карданд. Ғолибон ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд. 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.02.2024 №: 42
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив