ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

14 март 2024, Панҷшанбе
9
0


Дар Чемпионати Тоҷикистон 12 даста иштирок мекунад
Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар мавсими нави футбол теъдоди иштирокчиёни Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олиро афзояд.
Тибқи протоколи мулоқоти президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ҷомеаи футболи кишвар, ки дар он масъалаи афзоиш додани дастаҳо дар лигаҳои футболи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, Кумитаи иҷроияи ФФТ тасмим гирифт, ки шумораи иштирокчиёни Лигаи олиро аз 10 ба 12 даста расонад. Шумораи иштирокчиёни лигаи якум низ зиёд карда мешавад.
Бар асоси натоиҷи раванди литсензиякунонии бошгоҳҳо маълум гардид, ки дастаи «Файзканд»-и Восеъ бо далели мушкилоти молиявӣ ва инфрасохторӣ дар Чемпионати Тоҷикистон ширкат карда наметавонад. Дастаи ноҳияи Восеъро дар Лигаи олии кишвар барандаи медали биринҷии лигаи якуми мавсими гузашта «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки аз расмиёти литсензиякунонӣ бомуваффақият гузаштааст, иваз мекунад. Илова бар ин, дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Бохтар баромадро дар Лигаи олӣ идома хоҳанд дод. 
Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар ду марҳала баргузор мешавад, яъне ҳар тим 22 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки дар мавсими соли 2024-и Лигаи олӣ мақоми охирро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва тиме, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якум-2024 бозии гузаришӣ доир мекунад.
33-юм Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 6-уми апрели соли равон оғоз мегардад ва дар даври аввал “Хуҷанд” бо “Эсхата”, “Ҳосилот” бо “Кӯктош”, “РегарТадАЗ” бо “Вахш”, “Истиқлол” бо “Истаравшан”, “Барқчӣ” бо “Равшан” ва “Панҷшер” бо КМВА вомехӯранд.


ТАЭКВОНДО
Варзишгарони тоҷик барои роҳхати олимпӣ ба Чин мераванд
15-16-уми март дар шаҳри Тайани Ҷумҳурии Мардумии Чин мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таэквондо дар қораи Осиё доир мегардад.
Федератсияи таэквондо WT-и Тоҷикистон ҳайати Тоҷикистонро иборат аз 3 варзишгар – Муҳаммадҷон Суннатов (-68кг), Моҳрӯ Ҳалимова (-67кг) ва Мунира Абдусаломова (+67кг) ба Чин сафарбар намуд.
Варзишгарон дар ҳашт вазн – 4 вазн миёни мардҳо, 4 вазн миёни бонувон – барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 неру месанҷанд. Тибқи низомнома дар ҳамаи вазнҳо ду роҳхат дода мешавад. Яъне, варзишгароне, ки ба финал мебароянд, имкони ширкат дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд.


ҶУДО
Паҳлавонони тоҷик ба Гурҷистон хоҳанд рафт
Мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо – Гранд-слами Тбилиси мебошад, ки 22-24-уми март доир мегардад.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо барои ширкат дар мусобиқа 472 варзишгар (258 мард, 214 зан) аз 79 давлат номнавис шудааст. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 9 варзишгар – 8 мард, 1 зан: Ҳақдод Гулов, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Абубакри Акобир (-100 кг), Аҳлия Муъминова (-52 кг) - ро ба Гурҷистон сафарбар менамояд. 
Варзишгарон имкон доранд, дар баробари ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ, хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар намоянд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар намуди ҷудо иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ тариқи радабандӣ (нашри 23-юми июни 2024) интихоб мешаванд. Дар ҳар вазн 17 нафари беҳтарин, бо дарназардошти як нафар аз як Кумитаи олимпӣ, инчунин, 20 нафар аз ҳар қора дар асоси ҳамин радабандӣ, роҳхати олимпӣ мегиранд. Феълан, ҳафт варзишгари мо дар минтақаи сабзи радабандӣ қарор дорад: Темур Раҳимов (+100 кг) ҷои 4, Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) ҷои 8, Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) ҷои 9, Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ҷои 13, Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ҷои 19, Обид Ҷебов (-66 кг) ҷои 24, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) ҷои 43-юм дар роҳхати қоравӣ.    

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.03.2024 №: 49
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив