ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАНҶ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ МАОРИФ

ВАНҶ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ МАОРИФ

18 март 2024, Душанбе
19
0


Шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ ба масъалаи баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ - техникии муассисаҳои таълимии ноҳия аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Дар ноҳия 51-то муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 адад боғчаи кӯдакона фаъолият дорад. Маҷмуи хонандагони ин муассисаҳо 5656 нафарро ташкил ва ба онҳо 764 омӯзгор дарс медиҳад, ки аз ин теъдод 382 нафарашон занон мебошанд, - иброз дошт Файзиддин Усейнов, мудири шуъбаи маорифи ноҳия.  
Дар ноҳия ба сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад ва сол ба сол шароити таълиму тадрис беҳбуд меёбад. Дар рӯзҳои сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ, 16-уми августи соли 2023, биноҳои шуъбаи маориф, боғчаи бачагона ва маркази таҳсилоти иловагӣ  мавриди  истифода  қарор  гирифтанд.  Аз тарафи Дирексияи  сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои лоиҳакашии сохтмони  бинои муассисаҳои №№ 8, 16, 27, 32 мутаносибан дар деҳаҳои Ванван, Бовид, Старғ, Сед ба анҷом расидааст. Бунёди таълимгоҳи рақами 12-и деҳаи Дуршер оғоз гардида, дар муҳлати муқарраргардида мактабҳои ибтидоии №№ 48-и деҳаи Зайч, 42-и деҳаи Лахш, инчунин, бинои маркази инкишофи рушди барвақтии кӯдакон дар деҳаи Пайшанбеобод оғоз меёбад.
Бояд зикр намуд, ки рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар зери таваҷҷуҳи ҳамешагии шуъбаи маориф мебошад. Баҳри иҷрои саривақтии талаботи ин Қонун байни падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои таблиғотӣ бурда мешаванд. Волидайн дар рӯзҳои муайяншуда ба мактаб меоянд ва аз рафти донишандӯзӣ, одобу ахлоқи фарзандонашон бохабар мешаванд. 
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илм барои кабинетҳои фанни химия, физика ва биология таҷҳизотҳои зарурӣ ҷудо шудаанд. Ин нуктаро бояд ёдовар шуд, ки дар соли гузашта 2965 нусха китоб дастрас гардид, вале норасоии китобҳои дарсӣ ҳанӯз ҳам дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд аст ва 867 ададро ташкил медиҳад. 
Маорифчиёни ноҳия ба иштироки хонандагон ва фаъолияти беҳтари онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, “Илм – фурӯғи маърифат”  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.03.2024 №: 52
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив