ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

29 март 2024, Ҷумъа
6
0
БОЗДОШТИ ЯК ЗАНИ ГУМОНБАР
 
Як сокини шаҳри Душанбе, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ зани 34-сола ном мебарад, аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир шудааст.
 
Тавре маркази матбуоти ВКД дар ин бора хабар дод, гумонбаршаванда 23-юми марти соли 2024 дар пайи як моҷаро бо шавҳараш (марди 38-сола) ӯро бо зарби корд ба ҳалокат расондааст. Ин зан бо корд ба тарафи чапи қафаси синаи мард мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст. 
Ҳоло нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлатҳои тулониро пешбинӣ менамояд.
 
 
ДУ МАСЪУЛИ ДАЪВАТ БАРОИ ГИРИФТАНИ  17 000 СОМОНӢ ДАСТГИР ШУД
 
Сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор Б. Каримов ва табиби беморхонаи марказии шаҳр Н. Салимов барои ғайриқонуни талаб намудани 17 000 сомонӣ аз як даъватшаванда дастгир шудаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, 14 март шаҳрванд Ф. Амиров бо ариза ба унвонии ин ниҳод муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки нисбат ба ин ду нафар чораи қонунӣ андешида шавад. Зеро онҳо барои ба рӯйхати даъватшавандагони алтернативӣ номнавис кардани ӯ ғайриқонунӣ 17 000 сомонӣ талаб намуда, то кунун аз ин маблағ 8000 ҳазор сомониашро гирифта, боқимондаро низ талаб доранд.
Дар заминаи муроҷиати шаҳрванд, худи ҳамон рӯз бо андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби кормандони мақомот Н. Салимов ҳангоми гирифтани 9000 сомонӣ аз шаҳрванд Ф. Амиров дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, нисбат ба Б.Каримов ва Н.Салимов бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ...) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.03.2024 №: 58
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив