ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАСТУРИ МАЪРИФАТУ ҲИКМАТ 

ДАСТУРИ МАЪРИФАТУ ҲИКМАТ 

01 апрел 2024, Душанбе
14
0
(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар)
Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар чанд вижагии хос дорад. Он, аввалан, паёме аст, ки на танҳо ба фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, балки ба тамоми ҳамватанони мо равона шудааст. Дуюм, масъалаҳое, ки дар суханронӣ матраҳ гардиданд, доманаи васеъ дошта, ба равандҳои дар ҷаҳони муосир идомадошта, алоқаманданд. Сеюм, матни суханронӣ аз ҷанбаи пурқуввати таҳлилӣ ва руҳияи худогоҳиву худсозӣ, ватандӯстиву инсонпарварӣ хуб бархӯрдор аст. Чаҳорум, суханронӣ оҳанги баланди публитсистӣ дорад. Масъалае, ки таваҷҷуҳи Ҷаноби Олиро ба худ кашидааст, дорои хислати иҷтимоӣ аст, он ба рисолати инсон, шахс ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иртибот мегирад. Бунёди меҳварии ин суханронӣ одам аст, ки барои шарафи одамият талош мекунад. Агар талошҳо маърифатнок сурат гиранд, манфиаташ ба ҷомеа бештар мешавад, дар акси ҳол мушкилотро ба бор меорад. Панҷум, мулоқот ва суханронӣ ба Соли маърифати ҳуқуқӣ сахт тавъам аст. Мазмуну муҳтавои он барои вусъати маърифати ҳуқуқии мардум, хусусан дар ҷанбаи фарҳанги динӣ, басо созгор ва таъсиргузор аст.
Ҷаҳони муосир басо мураккаб ва осебпазир аст. Дар ин ҷаҳон равандҳои гуногун ба вуҷуд омада, шакл гирифта, аз худ дарак медиҳанд ва, мутаассифона, ин даракдиҳиҳо бештар тобиши таҳоҷумро касб мекунанд. Чунончи, дар ин суханронии Пешвои муаззами миллат махсус таъкид гардид: «Бархӯрди фарҳангу тамадунҳо, тафриқоти бархӯрди  фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд». 
Пешвои миллатро на танҳо ин масъалаҳо, балки таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ба ташвиш овардааст. Воқеан, равандҳои ҷаҳони муосир барои аксарияти кишварҳо вазъияти ташвишоварро ба вуҷуд меорад ва пеши роҳи амалҳои номатлуб ва инсонситезии дорои хусусияти глобалиро гирифтан душвор аст. Ин ҳолат моро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, худшиносу худогоҳ бошем, ба арзишҳои фарҳангӣ ва миллии худ эҳтиром гузорем, ба ҳаёти осоиштаву неъматҳои кишвари биҳиштосоямон шукр гузорем, пешрафту комёбиҳои замони соҳибистиқлолиамонро қадр кунем, фарзандонамон ва, умуман наврасону ҷавононро дар руҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва одамияти баланд тарбия намоем. 
Дар ба вуҷуд овардани фазои созгор ва татбиқи ин ормонҳо ҳам мақомоти давлатӣ, ҳам ниҳодҳои иҷтимоӣ ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ нақш мегузоранд.
Хидмати аз ҳама волои давлату Ҳукумат дар ин самт он аст, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам овард ва имрӯз ҳар кас фаризаҳои динии худро озодона анҷом дода метавонад. Гузашта аз ин, Ҳукумати кишвар бо дастгирии соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бонангу номуси ҷомеа тули солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорон мактабу кӯдакистон, қасрҳои фарҳанг ва масҷиду мадорисро бунёд карда, ба истифодаи мардум гузошт. Ҳамчунин, таъсиси зерсохторҳои соҳаи дин, ташкил ва баргузории чорабиниҳои гуногуни марбут ба бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ, чопи осори онҳо, тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ ва даҳҳо чорабиниҳои дигар дар самти таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин корҳои назаррас ба анҷом расонда шуданд.
Ҳамаи ин шаҳодат аз он медиҳад, ки муносибати Ҳукумати мамлакат ба дин ва ислом нек аст. Ба шарофати чунин сиёсат ва муносибат барои шаҳрвандони мамлакат амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои динӣ, таъмини озодии виҷдон имкониятҳои зиёд муҳайё гардидааст. 
Дар татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар дар соҳаи дин ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла, оила, маориф, фарҳанг, илм, аҳли ҷамоатчигӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақш мегузоранд. Нақши ин ниҳодҳо дар татбиқи сиёсати Ҳукумат оид ба дин, пеш аз ҳама, боло бурдани маънавиёту маърифати мардум, хосса маърифати динии халқ таъин мешавад. 
Аз таҳлилу баррасиҳои дар суханронӣ суратгирифта бардошт ҳосил мешавад, ки бо вуҷуди таъмини заминаҳои ҳуқуқӣ, фазои озод, шароит ва имкониятҳои мусоид, ҳоло ҳам аксари мардум, аз ҷумла ходимони дин ба арзишҳои динӣ ва расму оинҳои он чандон дуруст сарфаҳм нарафтаанд ва ё ба фаҳми аслиашон расида бошанд ҳам, мувофиқи он амал намекунанд. Иҷрои аркони динӣ ва баргузории расму оинҳо барои онҳо як навъ саҳнаи худнамоишию шуҳратхоҳиро касб намудааст. Чунончи, бо мақсади камхарҷ гардондани маъракаҳои тӯю сур ва маргу мир қонуни вижа қабул кард, аммо то ҳол бархе аз шахсон онро риоя намекунанд, маъракаҳои бодабдаба баргузор менамоянд. Гӯё эшон бо чунин амалҳояшон на дар назди Парвардигор, балки ба мардум ҳисобот медиҳанд. Ҷойи таассуф он аст, ки аксарияти мардум чунин сохтакорӣ ва намоишкориҳоро написанданд ҳам, гӯё аз шарм даъвати онҳоро дар маъракаҳо, аз ҷумла маъракаи мудшудаи «Ҳоҷибинон» рад карда наметавонанд, ба он шарик мешаванд, мубораку таҳният мегӯянд. 
 
Албатта, нон додан дар фарҳанги мо волотарин савоб аст, аммо дар кадом маврид ва ба кӣ? Дарки ин савол андеша мехоҳад. Дар маъракаҳои «намоишкорона» шахсони бомаърифат ва бохабар аз расму оини динӣ ҳузур дошта бошанд ҳам, ба лаб об мегиранд. Чунин ба лаб об гирифтанҳо боис шуда, ки имрӯз байни мардум таассубу ифрот, аз ҷумла сафар ба ҳаҷҷи умра гардида, иззату икромталабии ҳоҷиёни замонавӣ фузудааст. Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ шикастнафс, хоксор ва фурӯтан аст, амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад, аз хайру саховаташ наменозад, аз дороиаш ғурур пайдо намекунад.
Масъалаи ҷиддӣ дар ин самт ташаккули маърифати динӣ ва баланд бардоштани маърифати илмию вусъати ҷаҳонбинии дунявӣ аст. Ин категорияҳо ба ҳам алоқаманд бошанд ҳам, як нестанд. Ташаккули маърифати динӣ бидуни илму дониш имконнопазир аст. Агар маърифати динӣ ба маърифати илмӣ пайваст нашавад, на танҳо иҷрои аркони диниву мазҳабӣ, баргузории расму оин зоҳиран ва намоишкорона сурат мегирад, балки дин аз раванди ҷомеа қафо монда, ба ҳаёти иҷтимоии мардум хидмат карда наметавонад. Илму дониш бандаи Худоро водор месозад, ки ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, дар баробари ҳифз, онҳоро ба манфиати амнияти давлату ҷомеа истифода намояд.
Маҳз дурӣ аз илму дониш ва бехабарӣ аз рисолати аслии дини ислом боис шуда, ки ҷавонон, бахусус ҷавонони ноогоҳ ба ташкилотҳои экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ шомил гардида, ҷони худро ба азоб гузоранду волидонашонро дар алам. Чунин ҳодисаҳои нангин ба шаъни кишвар ва миллат ҳам доғ меорад, ҳар гуна амали гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо мақсади беобрӯ кардани миллат ва давлат роҳандозӣ карда мешаванд. Сарвари давлат дар бештари суханрониашон аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ намуда бошанд ҳам, дар суханронии мавриди назар низ ба ин масъала махсус ва муфассал таваҷҷуҳ карданд.
 Нигаронии ин масъала боз дар он аст, ки бунёди он аз омилҳои беруна шуруъ гардида, дар дохили кишвар ҷонибдор пайдо мекунанд. Бархе аз муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ, бахусус муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ, муҳассилинро мағзшӯйӣ намуда, дар зеҳни онҳо афкори тунду душманонаро ворид месозанд. Ба доми чунин гурӯҳҳо ва ё шахсон афтодану тобеи ақидаҳои онҳо шудан низ аз бехабарӣ, нодонӣ ва надоштани ҳувияти миллӣ аст. Мутаассифона, чунончи дар суханронии Пешвои миллат хеле муфассал бо зикри факту далел баррасӣ шудааст, ҳанӯз ҳам ба доми фиреб кашидани наврасону ҷавонон дар дохили кишвар ҷой дорад. 
Таҷрибаи ҳаёти инсонӣ собит сохта, ки ягона роҳи раҳоии мардум аз хурофоту таассуб илм аст. Илми дунявӣ. Дар кишвари мо заминаҳои ташаккулдиҳандаи фазои илмӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии мардум фароҳам оварда шудааст. Аз ин заминаҳо бояд тамоми ниҳодҳои ҷомеа ва, ҳамчунин, ҳар як шаҳрванд самаранок ва оқилона истифода кунад. Донишу илм омӯзад, маърифати диниву дунявиашро баланд бардорад ва дар боло бурдани маърифати иҷтимоии мардум саҳм гузорад. Дар ташаккули чунин фазо ходимони дин, бахусус хатибон масҷидҳо, ки минбарҳо дар ихтиёр доранд, нақши бештар гузошта метавонанд. Албатта, дар сурате, ки тафаккуру андешаи онҳо на сирф динӣ, балки милливу динӣ бошад. Дар ин ҳол онҳо дар мавъизаҳои худ танҳо ба ривоятҳои диниву мазҳабӣ маҳдуд нашуда, моҳиятан аҳкоми дини исломро ба равандҳои замони муосир ва зиндагии воқеии иҷтимоӣ тавъам мегардонанд. Агар чунин усул маъмул шуд, эшон ҷиҳати пайдо кардани роҳи дуруст дар зиндагиву рӯзгордорӣ, истеҳкоми инсондӯстӣ, ҳисси созандагиву ободкории мардум нақши бештар гузошта, мардумро аз амалҳои ифротиву хурофотӣ дур месозанд, ҳувияти миллии ҷомеаро баланд мебардоранд. Мутаассифона, баъзе ходимони динӣ дар байни мардум шуҳратманд, ҳама чизро ба ислом маҳдуд намуда, ҳатто номҳои тоисломиро куфр медонанд ва тағйири ном карданро маслиҳат медиҳанд.
Давлати мо мустақил, озод ва дунявӣ аст. Ағлаби ифтихороти мо дастовардҳои тоисломӣ мебошанд, тамоми ҷашнҳои милливу фарҳангии мо: Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон қабл аз ислом пайдо шудаву шакл гирифтаанд. Мо аз пешдодиёни худ меболем, аммо баъзе ходимони дин бо мафкураи якҷонибаи худ мардумро ноумед ва ба шубҳа меандозанд.  
Дар суханронии Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин ҳам, мактабу мадорис ҳамчун ниҳоди асосӣ дар азхудкунии донишҳои замонавӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон маънидод шудааст. Ба ин маънӣ, матни ин суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури арзишманди маърифату ҳикмат аст, ки маърифати дурусту истифодаи оқилонаи он кори омӯзгорони макотиби тамоми зинаҳои таҳсил, имомону хатибон ва, умуман, ҷомеаи шаҳрвандиро дар самти тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳангу ахлоқи ҳамидаи мардум, моҳияти имондориву мусулмонӣ ёрии судманд мерасонад. 
 
Мурод МУРОДӢ,  профессори ДМТ
Санаи нашр: 01.04.2024 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив