ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. БУНЁДИ БЕШ АЗ 6 ҲАЗОР ИНШООТ ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ХАТЛОН. БУНЁДИ БЕШ АЗ 6 ҲАЗОР ИНШООТ ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

02 апрел 2024, Сешанбе
11
0
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум таҳти раёсати раиси вилоят ва, ҳамзамон, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид. 
 
Дар он муовини якуми раиси вилоят, муовинон, муовини роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, вакилон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид оғоз намуд. Дар иҷлосия рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон дар бораи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, ҳисоботи сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шуҳрат Арбобзода роҷеъ ба иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон «Оид ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи  миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» шунида шуд.
Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода вобаста ба масъалаи якум иброз дошт, ки дар  асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори раиси вилояти Хатлон қабул гардида, роҳбарони гурӯҳҳои кории роҳбарикунанда ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд. Инчунин, барои боз ҳам зиёд намудани шумораи иншооти ҷашнӣ, тибқи дастури раиси вилоят, ба нақшаҳои бунёд ва сохтмони иншооти ҷашнӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда, теъдоди онҳо меафзояд. 
Ба ҳолати 1-уми марти соли 2024, тибқи нақшаи пешакӣ, дар вилоят аз тарафи шаҳру ноҳияҳо то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва сохтмони 6260 иншоот пешбинӣ  гардидааст. 
Дар идомаи  иҷлосия раиси вилоят ба масъулони ниҳодҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ дастур дод, ки низоми дурусти меҳнатӣ, талаботи Дастурамали коргузориро зери назорати доимӣ қарор диҳанд. Ҳамчунин, ӯ оид ба самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёту коммуникатсия, иттилоот, маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, танзим ва дин ва дигар масъалаҳо гузориш дод. Инчунин, раиси вилоят ҷиҳати татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа доштанд, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони вилоят вазифаҳои ҷиддӣ гузошт.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 02.04.2024 №: 60
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив