ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗИЁ АБДУЛЛО. ШУКРГУЗОРӢ АЗ «ҶУМҲУРИЯТ»

ЗИЁ АБДУЛЛО. ШУКРГУЗОРӢ АЗ «ҶУМҲУРИЯТ»

03 апрел 2024, Чоршанбе
3
0

Зиё Абдулло тирамоҳи соли 1991  аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои кор ба «Ҷумҳурият» омад. Бо ин ки шоири шинохта буд, суханрониаш дар ҷамъомади адибони ҷавони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баҳори соли 1988 овоза андохта бо номи «Оё зиёиён рӯшандиланд?» дар рӯзнома ва маҷаллаи «Помир» чоп шуда буд ва аввалин созмони сиёсӣ  дар Тоҷикистон «Маърифат» -и бо пешниҳоди ӯ роҳандозӣ гардида, аввалин роҳпаймоии бузургро дар Душанбе барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ бо роҳбарии ин созмон гузаронда шуда, аввалин бор тарҷума ва чопи «Ҳуқуқи башар»-и СММ  дар Тоҷикистон бо ҳидояти ӯ рӯи кор омада буд, «Ҷумҳурият» барояш имтиҳони дуруст  пешниҳод кард, яъне, кор ин ҷо осон нест: «Ҷомеаи имрӯзро биомӯз ва чизе навишта биё, бубинем, ки барои кор дар «Ҷумҳурият» меарзӣ ё не?». Ӯ рафту фардои рӯзи супориш мақолае овард бо номи «Давлатсозӣ тӯпапазӣ нест»  ва дар охири мақола пешниҳод кард, ки  агар «Ҷумҳурият» зери забарсарлавҳаи «Оини давлатдорӣ ва сиёсатмадорӣ» баҳсе миёни олимони бузург андозад, шояд ба ҷомеаи ҷӯшидаистода суде ба бор орад.  Мақола ҳам зуд чоп шуд ва соҳиби он низ ҳамон рӯз ба кор қабул гардид. Сармуҳаррири онрӯзаи «Ҷумҳурият» рӯзноманигори варзида Мазҳабшо Муҳаббатшоев шуъбаи мактубҳоро ба ӯ супурд ва гуфт: «Пешниҳоди худро худ ҳам пиёда бикун». Рӯзгори ҷиддӣ рӯзномаро ҳам ҷиддитар карда буд. Ва ӯ ин баҳс ташкил кард. То соли 1994 зери ин забарсарлавҳа, гоҳе ба саволҳои бевоситаи Зиё Абдулло чопи ҷавоби баҳсҳо идома ёфт. 
Баъди ҳодисаҳои маълум рӯзномаҳо аз кор монданд, зеро ба гуфтаи дақиқи Президенти кишвар, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хазинаи давлат чун кафи дасти  холӣ  буд. Сармуҳаррири «Ҷумҳурият» Мазҳабшо Муҳаббатшоевро барои кор ба дигар ҷо бурданд. Шоир ва рӯзноманигори номӣ Шоҳмузаффар Ёдгориро сармуҳаррир таъин карданд ва ӯ кори рӯзномаро оҳиста- оҳиста ба роҳ даровард. Кормандони парокандашударо ғун овард. Аввал ҳафтае як бор, баъдан дубор мебаромадагӣ шуд, рӯзнома. 
Хоҷагиҳо валангор буданд, заминҳои бесоҳибмонда низ хеле. Олимони соҳаи кишоварзӣ ҳам қисме ба Душанбе кӯчида буданду қисме ба маҳалҳои худ. Зарурати дубора ба кор ҷалб кардани онҳо пеш омад ва Зиё Абдулло бо забарсарлавҳаи «Олим ба деҳқон» бо олимони варзидаи ин соҳа ҳафт суҳбатро ба чоп расонд, дар идома ҳафт суҳбати дигар зери  забарсарлавҳаи «Деҳқон ба олим»-ро пай гирифт. Силсиламақолаи ӯ «Оё ба худ нигаристем?» дар худшиносиро бояд махсус қайд кард. Яъне, зиндагӣ давом дорад ва ҷароҳатҳои Ватанро худ бояд шифо бахшем. Агар як дасти ӯ устувор дар домани «Ҷумҳурият» буд, дасти дигараш  дар домани адабиёт буду  ҳаст. Соли 1994 суханрониаш дар маҷлиси навбатии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон овоза андохт ва ба номи «Калиди дари ганҷи соҳибҳунар»  дар рӯзномаҳо (ба хатти арабиасоси форсӣ низ) ва маҷаллаи «Фарҳанг» ба чоп расид. Мақолаи «Ҷумҳурият»-ии ӯ «Шинохтситезии кланҳои клонзой» шӯре миёни адабиётшиносон ба по кард. Баъдан ҳам масъалаҳои адабиёт, забон, забоншиносӣ ва, хусусан худшиносиро, пайгирона мепаймуд, ки пеши олимон ошкор аст.  6 достон ба чоп расонид.  «Ҷумҳурият» 3-4 сол пеш достони ӯро бо номи «Бимандоз» (дар шарҳи «Гаршоспнома» -и Асадии Тӯсӣ) чоп кард, ки дар достонсароӣ ба роҳи нав, ба усули рубоӣ буд. Агар дар рубоиҳои суннатӣ маънӣ дар чор мисраъ хатм мешуд, дар ин достон маънӣ гоҳе дар ду ва гоҳе дар се рубоӣ пайгир буд ва то ҷое имконияти рубоисароиро бавижа дар шарҳи маънӣ кушода медошт. Ва ахиран  шарҳе ба «Шоҳнома» -и ҳаким Фирдавсиро соли гузашта ба чоп расонд, ки барои зиёиён ва, махсусан хонандагони синфҳои болоӣ, зарур аст. Китоб «Нигоҳи вожгуна ба чанги воруна» ном дорад. 
  – «Ҳаким Низомӣ дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и худ байте дорад, – гуфт ӯ дар суҳбат, ––
Гар шуғли дигар ҳаром будӣ,
Дар чорда шаб тамом будӣ.
Яъне, Низомии бузургвор ишора ба ҷӯши илҳомаш мекунад. Аммо ҳакими бузурги дигар Фирдавсӣ навиштани «Шоҳнома»-ро 30-35 сол давом дод. Чаро? Магар илҳоми ӯ аз Низомӣ камҷӯштар буд? Ҳаргиз . Пас, розро дар маъниниҳондориҳои Фирдавсӣ бояд ҷуст, яъне, такмаънӣ ва пиндорҳои ӯро бояд ошкор кард, ки бисёр сангин аст.  Ин ҳама ранҷро ҳаким ба ҳамин хотир бурдааст ва яке аз сабабҳои навиштани дердавомаш низ дар ин ҷо ниҳон мебошад. Дар ошкорсозии ин ниҳон на танҳо эрониён, ки «Шоҳнома»-шиносони ҷаҳон низ дармонда буданд. Шодравон устод Сотим Улуғзода ривоятҳои «Шоҳнома»-ро чунон ки ҳаст, ба наср баргардонидаанд. Чунин кори бузургро ҳаргиз осон набояд гирифт. Аммо, он кас рамзкушоии розҳои ривоятҳоро накарданд, шояд раво надиданд. Ба ҳар ҳол розҳо пӯшида монданд. 
Зиё Абдулло ин ҷо ҳам аз роҳи нав даромад ва пиндорҳо ва амалҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-ро аз роҳи кушодани рамзҳои равоншиносона  кӯшишҳое ба кор бурд. Мутаассифона, ҷуръати чопашро давоми се сол нашрияҳо надоштанд. Кундагузории сунъӣ пеши чопи мақолаҳо ва асарҳои ӯ берун аз «Ҷумҳурият» бисёр ҳам буда. Вале бо ҳиммати ҷасуронаи се бонуи тоҷик  Тоҷинисо Содиқова, Гулчеҳра Сатторзода ва Раҳима Аъзам соли 2023 рӯи чопро дид. 
– Чӣ бигӯем, ҳаким Низомӣ дар ҳамон достонаш чунин байте ҳам дорад:
Ҳар номваре, ки ӯ ҷаҳон дошт,
Бадномкуне зи ҳамраҳон дошт.
Баъд аз Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзо севумин романи манзум «Лонаи урёни арвоҳ»-ро Зиё Абдулло ҳангоми кор дар «Ҷумҳурият» навишт.
«Ҷумҳурият» ҳамеша чун такя ва дастгири асосиаш дар бари ӯ буд ва истодааст. Зиё Абдулло аз меҳрубонӣ ва аз дарсҳои давоми 16 соли кории дар «Ҷумҳурият» гирифтааш сипосгузор мебошад ва шукргузор аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон «Ифтихорномаи Шурои Олӣ (с. 1994) ва медали «Хизмати шоистаи Тоҷикистон» (с. 1998) ва ҷоизаи ба номи Лоҳутии Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистонро маҳз бо пешниҳоди «Ҷумҳурият» насибаш гардондаанд. 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

PS. Бояд ин ҳақиқатро низ иброз дошт, ки ман бо ташвиқу  ҳидояти ӯ барои идомаи фаъолияти рӯзноманигорӣ ба «Ҷумҳурият» омадам ва то ба имрӯз, яъне беш аз 31 сол аст, ки дар ин идораи бонуфуз кор мекунам. 
Нахустин китоби шеърҳоям бо номи «Дурӯғи шабнам» бо сарсухани устод соли 1993 ба табъ расид. 

Санаи нашр: 03.04.2024 №: 61
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив