ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ ТАНЗИМ МЕХОҲАД

ВМКБ.  ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ ТАНЗИМ МЕХОҲАД

15 апрел 2024, Душанбе
8
0

 
Дар шаҳру деҳоти Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон айни ҳол танҳо нақлиёти автомобилӣ фаъол аст, зеро чанд соли охир  хатсайрҳои нақлиёти ҳавоӣ дар ин самт аз фаъолият боз монда, роҳи оҳан ба ин тарафҳо вуҷуд надорад. Аммо сокинони вилоят аз вазъи роҳҳои вилоят, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии вилоят изҳори нигаронӣ мекунанд.
Чанде пеш дар  ҷаласаи назди раиси вилоят Алишер Мирзонабот, ки дар он раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, сардорони Муассисаи давлатии роҳҳои вилоят – “Бадахшонроҳ”, муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои ноҳияҳо, раёсати  Хадамоти давлатии назорат  ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилоят  ва масъалаи танзими ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ва шуъбаи зиддиинҳисории вилоят иштирок намуданд, вазъи техникии роҳҳои автомобилгарди вилоят баррасӣ гардид.  Тавре раиси вилоят таъкид намуд, ҳамасола аз буҷети Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят барои нигаҳдошт ва таъмири роҳҳо маблағҳои муайян ҷудо мегарданд, ки барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳо мусоидат мекунанд. Мутаассифона, на ҳама вақт роҳҳои вилоят ба таври бояду шояд таъмир ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ дошта мешаванд. Бинобар ин, зарур аст, ки масъалаи истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ҳамеша таҳти назорати роҳбарияти муассисаи нигаҳдории роҳҳои вилоят қарор гирад, аз ҷараёни таъмири роҳҳо назорати доимӣ ҷорӣ карда шавад.
Раиси вилоят ёдрас шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  айни ҳол шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма навсозӣ гардида, имрӯзҳо кор дар ин самт аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон бомаром идома дорад ва дар солҳои наздик  роҳҳои ҳудуди вилоят марҳала ба марҳала пурра навсозӣ мегарданд. 
Алишер Мирзонабот раисони шаҳру ноҳияҳо ва сардорони муассисаҳои минтақавии нигаҳдории роҳҳоро муваззаф намуд, ки роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаро дар доираи имкониятҳои худ таъмир карда, барои рафтуомади бемамонияти сокинони деҳот  ба маркази вилоят ва ноҳияҳо  шароити мусоид фароҳам  оваранд. Муассисаҳо таъмири техникаҳои роҳсозиро сари вақт оғоз намоянд, маблағҳои ба ин мақсад ҷудогардидаро самаранок истифода баранд.
Раиси вилоят масъулини раёсати Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилоят, Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ва шуъбаи зиддиинҳисориро вазифадор намуд, ки барои ба танзим даровардани нархи роҳкиро дар хатсайрҳои амалкунанда чораҷӯӣ намоянд. Аз он эрод гирифта шуд, ки ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест, ҷадвали ҳаракати мошинҳо дар хатсайрҳо пурра риоя намегардад.
Ҳамзамон, раиси вилоят ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ, кабудзоркунӣ ва тоза намудани гирду атроф ва шинондани дарахтони ороишию сояафкан дар шафати роҳҳои ҳар як ноҳия  дастури иловагӣ дод. 

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.04.2024 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив