ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД. ТОҶИКОН БА ОСЕБДИДАГОНИ ОРЕНБУРГ ЁРӢ РАСОНДАНД

БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД. ТОҶИКОН БА ОСЕБДИДАГОНИ ОРЕНБУРГ ЁРӢ РАСОНДАНД

15 апрел 2024, Душанбе
7
0


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия аз тоҷикистониён барои ёрӣ расондан ба зарардидагони обхезӣ дар шаҳри Орски вилояти Оренбург изҳори сипос кард. Дар ин бора сомонаи "Фергана" хабар медиҳад. 

– Сохтори ҳолатҳои фақулодаи шаҳри Орск аз ҷамъияти тоҷикони шаҳр дархости кумак намуд ва онҳо аз рӯзи аввали ҳодиса ба мо ёрӣ мерасонанд. Барои ин хидматҳояшон мо аз мардуми тоҷик миннатдорем, – мегӯяд Ирина Панаистова, намояндаи ин ниҳод. 
Бояд зикр намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯзи аввали обхезӣ  дар вилояти Оренбург, мардумро ба ҷойҳои бехавф бурда, ба осебдидагон ёрӣ мерасонанд.
Тавре Абдуқаюм Тошов, раиси Шурои ҷамъиятӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия,  иттилоъ дод, тоҷикон барои ба маҳали амн кӯчондани аҳолӣ 6 мошини боркашу микроавтобус ва 5 мошини сабукравро сафарбар намуданд. Илова бар ин, ҷамъияти тоҷикон барои осебдидагон маблағи лисобу пойафзол ва доруворӣ  ҷамъоварӣ намуданд. Онҳо, ҳамчунин, тақрибан ба 500 нафаре, ки аз минтақаи хатарнок берун оварда шудаанд, оши палав доданд. Наворҳои ин амали хайр дар сомонаҳои интернетӣ чарх мезананду мардум аз ин амали ҷавонмардона ситоиш менамояд. 
Бояд гуфт, ки ҳолати фавқулода дар вилояти Оренбург 5-уми апрели соли равон бар асари боронҳои пайдарпай ва канда шудани сарбанди Орск ба амал омад. Бар асари офат, беш аз 10 ҳазор хона зери об монд. Дар пайи корҳои наҷотдиҳӣ наздики 8 ҳазор нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуданд. Зарари умумӣ аз обхезӣ дар ин вилоят тахминан ба 225 миллион долари ИМА баробар аст. Дар вилоятҳои Қӯрғон ва Тюмен низ ҳолати фавқулода ҷорӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар чунин ҳолатҳо дасти кумаки тоҷикон на як бору ду бор ба дигарон расидааст. Ба наздикӣ дар шоҳроҳи вилояти Кемеровои Федератсияи Россия садама рух дод, ки мошини сабукрав ба автобус бархӯрд. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, як зодаи 17-солаи Тоҷикистон ба осебдидагони садама ёрӣ карду ҷониби Россия ин ҷавонро барои шуҷоаташ қадрдонӣ намуд. 
Барҳақ, иҷрои чунин амалҳо қарзи инсонии ҳар фард аст ва ҳамватанони мо бо дарки чунин масъулият қарзи инсонии хешро дар назди виҷдон адо кардаанд, ки сутуданист.

Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.04.2024 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив