ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАРОСИМИ  ИФТИТОҲИ САФОРАТИ ӮЗБЕКИСТОН 

МАРОСИМИ  ИФТИТОҲИ САФОРАТИ ӮЗБЕКИСТОН 

23 апрел 2024, Сешанбе
1
0

 

19-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Нахуст, сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Сафоратро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сипас, ба ифтихори ифтитоҳи бинои Сафорат ва ташрифи сарварони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистону Ӯзбекистон садо доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз маҷмааи Сафорат боздид карда, дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ байни ду кишвар соядаст гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22-юми октябри соли 1992 барқарор шуд.

Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив