ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

24 апрел 2024, Чоршанбе
9
0
 
Абдусалом Воҳидов ҳанӯз соли 1977, баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, дар беморхонаи марказии шаҳри Конибодом ба ҳайси табиби  атфол фаъолияти кориро оғоз намудааст.
Маҳз ӯ дар беморхонаи марказии шаҳри Конибодом, аввалин бор таҷҳизоти махсус доир ба нигоҳубин ва муолиҷаи кӯдакони норасид, яъне “Кувез”-ро дар амал истифода бурдааст.  
Соли 1985 рисолаи номзадиро дар Пажӯҳишгоҳи педиатрии АИТ СССР дар шаҳри Москва ҳимоя кард.  Шуруъ аз ин сол то соли 1987 дар Пажӯҳишгоҳи ҳифзи сиҳати модарон ва кӯдакони шаҳри Душанбе ба ҳайси  мудири шуъба ва то 1993 ҳамчун ассистенти кафедраи момодоягии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият дошт.  
Соли 2003 маҳз бо пешниҳоди ӯ дар Тоҷикистон бахшида ба баҳо додан ба “Ғизонокии модарон ва кӯдакон” дар доираи як лоиҳаи бонуфуз таҳқиқот гузаронда шуд.
Профессор А. Воҳидов муаллифи зиёда аз 150 мақолаи илмӣ,  6 монография, 28 дастури методӣ мебошад. Соли 2011 бо назардошти фаъолияти илмӣ ва дастовардҳояш дар ин самт ба ҳайси ноиби президенти Федератсияи педиатрони мамлакатҳои ИДМ интихоб шуд. Ӯ ягона намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон мебошад, ки масъалаҳои муҳими педиатрии кишварро дар ҷаласаҳои ин Федератсия барои муҳокима пешниҳод мекунад.
А. Воҳидов муаллифи ду дастур бахшида ба проблемаҳои скриниги неонаталӣ мебошад. Аз соли 2017 то инҷониб ӯ дар МДМТ “Истиқлол” ба ҳайси ходими пешбари илм фаъолият карда истодааст.  Таҳти роҳбарии ӯ 6 нафар оид ба педиатрия рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудааст.
А. Воҳидов аъзои Шурои олимони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй” буда, мураббии ғамхор, шахси ботамкин, меҳнатдӯст  мебошад ва саҳми ӯ дар  тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар Пажӯҳишгоҳ назаррас  аст.             
Мавсуф  бо донишмандию хоксорӣ, меҳнатдӯстию меҳрубонӣ ва масъулиятшиносию ташкилотчигӣ дар байни кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ соҳиби обрӯю этибори баланд буда, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки имрӯз дар муассисаҳои тиббии кишвар ва хориҷ аз он фаъолият доранд.  
Устод Абдусалом Воҳидов барои хидматҳои шоёнаш дар рушди соҳаи тандурустии кишвар бо нишони сарисинагии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  медали нуқраи ба номи Абуалӣ ибни Сино, ордени Шараф, «Донори фахрӣ» сарфароз гардонда шудааст.
 
М.М. ҚОСИМОВ,        
директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй»
Санаи нашр: 24.04.2024 №: 75
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив