ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

25 апрел 2024, Панҷшанбе
6
0
INTERFAX.RU. Расонаҳои ғарбӣ бо истинод ба изҳороти Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), амири Дубай Муҳаммад ибн Рашид ал-Мактум хабар доданд, ки Ҳукумати АМА ҷудо кардани  544,6 миллион доллари ИМА-ро барои ҷуброни хисороти расида ба биноҳои истиқоматӣ дар ҷараёни боришоти ахир тасдиқ  кард.
 
Мир24. «Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ бо аксарияти овозҳои ҳайати пурраи Анҷумани халқии Беларус (АХБ) Президент  Александр Григоревич Лукашенко раиси Анҷумани халқии Беларус даъвати ҳафтум интихоб шуд, – гуфт  раиси комиссияи ҳисоботии АХБ  Инна Медведева.
 
INTERFAX.RU. Тибқи натоиҷи назарсанҷии Morning Consult,  ки бо супориши Bloomberg News гузаронда шуд, тақрибан, нисфи калонсолони амрикоӣ аз иёлатҳои «калаванда» аз номзадии Доналд Трамп ба курсии президентии ИМА ҷонибдорӣ мекунанд ва 43 дарсад   Ҷо Байденро дастгирӣ менамоянд. 
 
Lenta.ru. Сайёрашиносони Донишкадаи технологии Калифорния ва дигар муассисаҳои илмии ИМА далелҳои нави эҳтимолиро дар бораи мавҷудияти сайёраи нуҳум дар системаи офтобӣ, ки бо номи сайёраи X низ маъруф аст, дарёфт карданд.
 
 
 
 
Мирослав Радачовский ба русҳо ва украиниҳо сулҳ орзу кард
 
Lenta.ru. Вакили парлумони Аврупо аз Словакия Мирослав Радачовский зимни  суханронӣ дар ҷаласаи пленарии парлумони Аврупо  дар Страсбург  ба Аврупо сулҳ орзу кард.  
«Ман мехостам ба тамоми Аврупо, русҳо ва украинҳо сулҳ орзу намоям. Мехоҳам ин парандаро ҳамчун рамзи сулҳ раҳо кунам, то дар болои тамоми Аврупо парвоз намояд», –  гуфт ӯ ва кабӯтарро аз дасташ раҳо кард.  
 
 
Лукашенко: «Нуфузи Созмони ҳамкории Шанхай боло меравад»
 
Мир 24. Президенти Беларус Александр Лукашенко зимни суханронӣ дар Анҷумани халқии Беларус, даъвати VII  чунин изҳор дошт: «Ҳоло Созмони ҳамкории Шанхай нуфуз  пайдо менамояд.
Тавре интизор меравад, Беларус  дар тобистон дар он ҳамчун узви комилҳуқуқ баромад хоҳад кард. СҲШ ва БРИКС созмонҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳастанд, ҷойи Беларус дар он ҷост – дар паҳлуи халқҳое, ки фарҳангҳои гуногун доранд, аммо бо майл ба сулҳ ва рушд муттаҳид шудаанд».
 
 
Матвиенко бастани роҳ барои муҳоҷиронро номақбул хонд 
 
Sputnik. Дар Россия корҳо барои равшану дақиқ кардани қонунгузории муҳоҷират идома ёфта, дар он сенаторҳо низ ширкат доранд, –  гуфт раиси Шурои федератсия, Валентина Матвиенко.
"Мо бояд онро бидуни эҳсосот, бо иштироки коршиносон, ҳуқуқдонон, мутахассисон дар муколама бо шарикони мо аз кишварҳои дӯст таҳия намоему дар ҳолати зарурӣ созишномаҳои байнидавлатиро дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ комилтар созем", – иброз дошт ӯ
Ба гуфтаи Валентина Матвиенко, қонунгузории муҳоҷират, албатта, бояд такмил дода шавад. "Пеш аз ҳама, бояд сиёсати возеҳи давлатӣ бошаду муҳоҷират таҳти назорати давлат қарор бигирад. Бояд бигӯям, имрӯз ин тавр нест, ин факт аст", – гуфт сиёсатмадор.
Матвиенко дар бораи норасоии кадрҳо дар Россия сухан гуфта, илова намуд, ки дар ҳоли ҳозир кишвар бе муҳоҷирони меҳнатӣ ба пешравӣ ноил шуда наметавонад.
Ӯ, ҳамчунин, бастани роҳ барои муҳоҷирон ва дар танҳоӣ  қарор додани Россияро номақбул хонд.
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 76-77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив