ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАРАПЛАНЕРИЗМ

ПАРАПЛАНЕРИЗМ

02 май 2024, Панҷшанбе
9
0


Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат 
1-уми май дар мавзеи Хуррамзамини ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм ва воситаҳои парвози сабук барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир гардид.
Дар он намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, МИҲД-и вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара, роҳбарони сохторҳои дахлдор, сафирон, намояндагону роҳбарони корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва зиёда аз 100 варзишгар аз давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, АМА, Россия, Туркия, Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи Мусобиқа раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва раиси Федератсияи парапланерӣ ва воситаҳои парвози сабуки Тоҷикистон Абдулло Хайруллоев сухан ронда, аз ҷумла зикр карданд, ки намуди варзиши парапланеризм ва воситаҳои парвози сабук яке аз намудҳои маъмул ва дӯстдоштанӣ маҳсуб меёбад, ки сохторҳои дахлдор барои рушди минбаъдаи ин намуди варзиш ва дарёфти чеҳраҳои нав ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ месозанд. 
Ҳадаф аз баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, муаррифии шоистаи фазову имкониятҳои хуби варзишии ҷумҳурӣ ва рушди варзиши парапланеризм ва кашфи чеҳраҳои нав дар ин риштаи варзиш мебошад.


ФУТБОЛ
Аввалин пирӯзии “Вахш” дар мавсими нав
Дар даври чоруми Чемпионати футболи Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои Лигаи олӣ, дар ду бозӣ мизбонон, дар се дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва як бозӣ мусовӣ шуд.
Дар ду бозии аввал дастаи «Истаравшан» аз дастаи меҳмон – КМВА-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд, «Кӯктош»-и Рӯдакӣ тими меҳмон – “Барқчӣ”-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Дар бозии дигари даври чорум «Вахш»-и Бохтар бар дастаи меҳмон – “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Дарвоқеъ, ин аввалин пирӯзии тими Бохтар дар мавсими нав ба шумор меравад.
«Ҳосилот»-и Фархор аз дастаи меҳмон – “Регар-ТадАЗ”, “Хуҷанд” низ дар майдони худ аз тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби якхелаи 0:1 ноком шуданд. Бозӣ миёни дастаҳои «Эсхата»-и Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.
Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии чор давр «Истиқлол» бо 12 хол пешсаф аст. КМВА бо касби 10 хол дар ҷойи дуюм, “Регар-ТадАЗ” бо 8 хол дар ҷойи сеюм мавқеъ доранд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.05.2024 №: 82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив