ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАКАН.  ИФТИХОРИ МИЛЛӢ АЗ ОИЛА ОҒОЗ МЕШАВАД

ЧАКАН.  ИФТИХОРИ МИЛЛӢ АЗ ОИЛА ОҒОЗ МЕШАВАД

02 май 2024, Панҷшанбе
11
0


Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ гардида, бо таваҷҷуҳу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷу равнақи тоза касб намуд. Тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: “Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем”. 

Дар иртибот ба ин, бояд таъкид кард, ки яке аз намудҳои волои ҳунарҳои мардумии аҷдодии тоҷикон – ин гулдӯзии чакан мебошад, ки имрӯз занону бонувони тоҷик онро дар ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ ба бар мекунанд. Гулдӯзии чакан бо сӯзан ва чангакҳои махсус дар рӯи матоъҳо, бо риштаҳои рангоранг дастӣ ва бо мошинаҳои дарздӯзӣ сурат мегирад. Он дар назди ороишгар ва бинанда як ҷаҳон образҳои нотакрорро аён месозад. Ҳар нақше, ки дар болои матоъ дӯхта мешавад, номи ба худ хос дорад: «косагул», «гули анор», «барги бед», «бодомак», «лола», «райҳон», «булбул», «Моҳу ситора», «Офтоб», «абр» ва монанди инҳо.  
Имрӯзҳо дар ҷаҳон ин навъи ҳунар машҳур гардида, арзиши хеле баланд пайдо кардааст. Зани тоҷик  ҳунармандест, ки бо нӯги сӯзан ва заҳмати беандоза дар рӯи матоъ нақши оламгири чаканро меофарад. Ҳар як минтақа  мактаби гулдӯзӣ ва хусусиятҳои хоси худро дорад. Махсусан, дар маҳалҳои ҷумҳурӣ, ба духтарон аз овони кӯдакӣ гулдӯзии чаканро меомӯзонанд. Дар чакан дунёи рангини зебоиҳои ҷаҳон тавассути рангбозии риштаву сӯзан бо нақшу нигори нодири миллии тоҷикӣ ба ҳам омада, бинандаро мафтун мегардонад. Чакан зеби ҳар як бонуи тоҷик буда, дар тамоми хонаводаҳо курта, чодар ё сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, зардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯш, парда, чойхалта, сачоқ, ҷойнамоз ва  рӯймоли чаканро дидан мумкин аст. Чакан ҳунари нафиси қадима, яке аз шаклҳои санъати ороишии мардуми тоҷик буда, соли 2018 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд. 
Дар фонди осорхонаҳои кишварамон беҳтарин намунаҳои ин ҳунари мардуми тоҷик аз қабили куртаю почаи чаканӣ, рӯймоли миён, тоқии чакан, бардеворӣ, рӯкӯрпагӣ, рӯгавҳорагӣ, рӯйҷо, чойгир, дастор ва дигар намудҳои он ҷамъоварӣ ва ҳифз мегарданд, ки занони чевари тоҷик ҳунари гулдӯзӣ ва чакандӯзии хешро, асосан, дар ҳамин намуди ашёи чаканӣ хуб нишон додаанд. 
Имрӯз ҳунармандони чакандӯз баҳри таҳким ва рушд бахшидани ҳунарҳои мардумӣ, ки ҷузъи муҳими фарҳанги миллист фаъолияти худро ба роҳ монда, дар баробари дигар ҳунармандон саҳми худро дар рушди фарҳанги миллӣ гузошта истодаанд, то ҳунарҳои аҷдодии худ поянда  бошад. Ҳамасола, дар саросари кишвари азизамон Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор мегардад, ки дар он занону бонувони тоҷик дар тан либоси миллии тоҷикӣ, махсусан чаканро, ба бар намуда, дар боғу гулгаштҳои зебои кишвар сайругашт менамоянд. Ин омил имкон медиҳад, ки сарулибоси миллии тоҷикон ба тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан сайёҳони хориҷӣ, ба таври шоиста муаррифӣ гарданд. 
Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки либоси миллии тоҷикон аз даврони бостон то имрӯз бо зебоиву нафосат ва нақшу нигораш ба дили мардуми ориёнажод нақш бастааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ин фарҳанги миллии хешро ҳифз намоем ва онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. 

Қурбонбӣ САЛИМОВА, 
корманди шуъбаи адабиёт 
доир ба фарҳанг ва ҳунари
Китобхонаи миллӣ

Санаи нашр: 02.05.2024 №: 82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив