ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКОБОД.  ХУРРАМГАРДОНӢ АВҶИ ТОЗА МЕГИРАД

ТОҶИКОБОД.  ХУРРАМГАРДОНӢ АВҶИ ТОЗА МЕГИРАД

02 май 2024, Панҷшанбе
7
0


– Сабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёр вазифаи ҳар яки мо аст, то ба ояндагонамон диёри маҳбубамонро боз ҳам дилкашу зеботар  ба мерос гузорем, – гуфт дар оғози суҳбат бо хабарнигори рӯзнома раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода.
Ӯ афзуд, ки ниҳолшинонӣ ва киштукори баҳорӣ айни замон масъалаи муҳимтарин дар назди сокинони ноҳия мебошад. Вазъи пурташаннуҷи ҷаҳон ва минтақа, тағйирёбии иқлим, хушксолию камобӣ, хатари қаҳтӣ ва камчинии маводи озуқа моро ҳушдор медиҳад, ки ба ниҳолшинонию бунёди боғоти нав, кишти зироатҳо, бахусус зироати афзалиятноки ноҳия – картошка, эътибори махсус зоҳир намоем. 
  Қадриддин Фақерзода гуфт, ки дар ноҳия, тибқи нақша, баҳори соли ҷорӣ бояд дар талу теппаҳо, қад-қадди роҳҳо, кӯчаҳои байни деҳаҳо қитъаҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонии самти боғдорӣ 220 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонда шавад. То якуми апрел, мувофиқи ҳисоботи оморӣ, беш аз 16 ҳазор бех ниҳол шинонда шуд. Баробари ин, дар заминҳои талу теппа ва санглохи бо намӣ таъмин бунёди ҳаждаҳ гектар боғи нав ва барқароркунии ҳафт гектар боғи куҳна ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, кишти зироатҳо, аз ҷумла картошка, дар ноҳия оғоз гардид.  Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои коллективӣ ва инфиродии деҳқонӣ, идораҳои марбутаи соҳаи кишоварзӣ ва ҳар нафаре, ки ба замин сару кор дорад, вазифадор шуданд, ки аз ҳар рӯзу соати мусоид самаранок истифода бурда, уҳдадории қабулнамудаи ноҳияро, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти 2106 гектар картошка, аз ҷумла дар сохтори кишоварзӣ 950 гектарро, ташкил медиҳад, таъмин намоянд.
– Имсол мардум ба хуррамгардонию вусъати киштукори баҳорӣ бештар майл дорад. Бо итминон гуфта метавонам, ки кишоварзони ноҳия   нақшаи кишти зироатҳоро барзиёд иҷро карда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд, – гуфт дар хотимаи суҳбат раиси ноҳия

Худодод ЗАЙНИДДИН, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.05.2024 №: 82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив