ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА

30 июн 2023, Ҷумъа
184
0
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолиятро дар соҳаи таъмини ченаки ягона бо мақсади қонеъ намудани талаботи шаҳрвандон ва иқтисодиёти мамлакат ба натиҷаҳои воқеӣ, боэътимод ва муқоисашавандаи ченак, ҳифзи саломатии аҳолӣ, муҳити зист, таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амният муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: 
1) андозагирии воситаҳои ченак – маҷмуи амалиёте, ки бо мақсади муқаррар намудани тавсифҳои метрологии воситаҳои ченак бо роҳи муайянсозии таносуби байни қимати бузургии бо ёрии воситаҳои ченак бадастомада ва қимати бузургии тибқи маҳак (эталон) ҳосилшуда иҷро карда мешаванд; 
2) аттестатсияи метрологии воситаҳои ченак – эътирофи қобили қабул будани истифодаи воситаҳои ченаки истеҳсолашон ягона (ё бо нусхаҳои ягона ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида) аз тарафи хадамоти давлатии метрологӣ дар асоси таҳқиқи ҳамаҷонибаи хосияти онҳо;
3) аттестатсияи воситаҳои санҷиш – муайянсозии мутобиқати тавсифҳои бамеъёрдаровардашудаи метрологӣ ва техникии воситаҳои санҷиш ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба таъмини ченаки ягона;
4) аттестатсияи метрологии усулҳои иҷрои ченкунӣ – таҳқиқот бо мақсади баҳодиҳӣ ва тасдиқи мутобиқати усулҳои иҷрои ченкунӣ ба талаботи пешниҳодгардидаи метрологӣ;
5) воситаҳои ченак – воситаҳои техникие, ки барои ченкунӣ пешбинӣ гардида, дорои тавсифҳои муқарраргардидаи метрологӣ мебошанд;
6) қонунгузории метрологӣ – аз тарафи давлат дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ нисбат ба истифодаи воҳидҳои бузургиҳои физикӣ, маҳакҳо (эталонҳо), тарзу воситаҳои ченкунӣ, ки барои таъмини ченаки ягона равона мегардад;
7) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ) – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки танзими давлатиро дар соҳаи таъмини ченаки ягона амалӣ менамояд;  
8) маҳаки (эталони) воҳиди бузургӣ – воситаи ченак, ки барои таҷдид ва ҳифзи воҳиди бузургӣ бо мақсади интиқоли андозаи он ба воситаҳои дигари ченаки ҳамин бузургӣ пешбинӣ шудааст;
9) маҳаки (эталони) давлатии воҳиди бузургӣ – маҳаки (эталони) воҳиди бузургӣ, ки бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ба сифати воҳиди ибтидоӣ барои муқаррар намудани андозаи воҳиди бузургӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст; 
10) назорати метрологӣ – фаъолияте, ки хадамоти давлатии метрологӣ, хадамоти метрологии мақомоти давлатӣ ва хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ бо мақсади санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои метрологӣ амалӣ менамоянд;
11) назорати давлатии метрологӣ – фаъолияте, ки аз ҷониби хадамоти давлатии метрологӣ бо мақсади санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои метрологӣ амалӣ карда мешавад; 
12) намунаҳои стандартӣ – воситаҳои ченак дар шакли намунаи модда (мавод) бо қимати аз рӯи натиҷаи аттестатсияи метрологӣ муқарраргардидаи бузургӣ, ки таркиб ё хусусияти ин модда (мавод)-ро тавсиф менамоянд;
13) нишондиҳандаи дурустии ченкунӣ – тавсифи муқарраргардидаи дурустии натиҷаи ченкунӣ, ки бо риояи қоида ва меъёрҳои усулҳои ченкунии истифодашаванда ба даст оварда мешавад;
14) пайвастшавии метрологӣ – хусусиятҳои натиҷаи ченкунӣ, ки мувофиқи онҳо натиҷаи мазкур метавонад ба воситаи занҷири ногусастанӣ ва ҳуҷҷатноккардашудаи андозагирӣ ба маҳакҳои (эталонҳои) давлатӣ ва ё байналмилалӣ пайваст карда шавад;
15) ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба таъмини ченаки ягона – стандартҳои давлатӣ, стандартҳои байналмилалӣ (минтақавӣ), низомнома, дастурамал, қоида ва тавсияҳое, ки бо тартиби муқарраргардида қабул ва дар фаъолияти метрологӣ истифода мешаванд;
16) санҷиши эътимоднокии воситаҳои ченак – маҷмуи амалиёте, ки бо мақсади муайян ва тасдиқ намудани мутобиқати воситаҳои ченак ба талаботи муқарраргардидаи техникӣ анҷом дода мешавад;
17) сертификат дар бораи тасдиқи навъи воситаҳои ченак – ҳуҷҷате, ки навъи воситаҳои ченак ва ба талаботи муқарраргардида мутобиқат доштани онро тасдиқ менамояд; 
18) тасдиқи навъи воситаҳои ченак – қарори бо тартиби муқарраргардида ба расмият даровардашуда оид ба эътирофи мутобиқати навъи воситаҳои ченак ба тавсифҳои метрологӣ ва техникӣ дар асоси натиҷаҳои озмоиши воситаҳои ченак бо мақсади тасдиқи навъ;
19) усулҳои иҷрои ченкунӣ – маҷмуи амалиёт ва қоидаҳое, ки иҷрои ченкунӣ ва ба даст овардани натиҷаи онҳоро бо нишондодҳои муқарраргардидаи дақиқӣ таъмин менамоянд;
20) фаъолияти метрологӣ – фаъолияте, ки ба таъмини ченаки ягона, тарзу воситаҳои ченкунӣ, инчунин, роҳҳои ноил шудан ба дақиқияти зарурӣ алоқаманд мебошад;
21) ченаки ягона – ҳолати ченаке, ки натиҷаи он дар воҳидҳои эътирофгардидаи бузургӣ ифода ёфта, нишондиҳандаҳои дақиқи ченак аз доираи меъёрҳои муайянгардида берун намеоянд; 
22) шаҳодатнома (сертификат) дар бораи андозагирӣ – ҳуҷҷате, ки далел ва натиҷаҳои андозагирии воситаҳои ченакро тасдиқ намуда, ба ташкилотҳои анҷомдиҳандаи фаъолияти андозагирӣ дода мешавад;
23) экспертизаи метрологӣ – маҷмуи корҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ оид ба баҳодиҳӣ ва таҳлили дурустию пуррагии истифодаи талаботи метрологӣ, ки бо таъмини ченаки ягона алоқаманд мебошанд; 
24) Феҳристи давлатии воситаҳои ченаки Ҷумҳурии Тоҷикистон – махзани ягонаи иттилоот дар бораи воситаҳои ченаке, ки нисбат ба онҳо қарор оид ба тасдиқи навъ ва додани сертификат дар бораи тасдиқи навъ қабул гардидааст. 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ченаки ягона
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ченаки ягона ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. 
Моддаи 3. Принсипҳои соҳаи таъмини ченаки ягона 
Соҳаи таъмини ченаки ягона ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) истифодаи воситаҳои ченаки барасмиятдаровардашуда; 
2) таҷдиди воситаҳои ченак бо ёрии маҳакҳои (эталонҳои) давлатӣ; 
3) афзалияти истифодаи воҳидҳои ченкунии низоми байналмилалии воҳидҳо; 
4) риояи ҳатмии фосилаи байнисанҷишии воситаҳои ченак; 
5) таъмини дақиқияти ченкунӣ; 
6) истифодаи натиҷаҳои ченкунӣ дар асоси арзёбии иштибоҳот бо эҳтимолияти додашуда; 
7) назорати риояи қоидаву меъёрҳои метрологӣ; 
8) ошкоро ва дастрас будани маълумот дар соҳаи таъмини ченаки ягона, ба истиснои паҳнкунӣ ва (ё) пешниҳоди маълумоти дастрасиашон маҳдуд; 
9) таъмини пайвастшавии метрологӣ. 
 
БОБИ 2. ИДОРАКУНӢ ВА ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ          ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА
Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона аз самтҳои зерин иборат мебошад:
1) рушди фаъолияти метрологӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ;
2) муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ба соҳа;
3) рушди таҳқиқоти илмӣ ва якҷоя кардани он бо таҷрибаи истеҳсолӣ;
4) тайёр намудан, такмил додан ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар соҳаи таъмини ченаки ягона; 
5) ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ;
6) татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳимоя аз оқибатҳои номатлуби натиҷаҳои нодурусти ченкунӣ;
7) таъмини фаъолият ва рушди низоми таъмини ченаки ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқгардонии он ба низоми байналмилалии воҳидҳо ва низоми воҳидҳои бузургии мамлакатҳои дигар;
8) рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ченаки ягона
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ченаки ягона мансубанд:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона;
2) тасдиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона;
3) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона;
4) тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона; 
5) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона;
2) ҳамоҳангсозии байниминтақавӣ ва байнисоҳавии фаъолият оид ба таъмини ченаки ягона;
3) муқаррар намудани қоидаҳои офаридан, тасдиқ, азнавкунӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи маҳакҳои (эталонҳои) давлатии воҳидҳои бузургӣ, инчунин, таъмини муқоисаи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ;
4) муайян намудани талаботи умумии метрологӣ ба усулҳо, воситаҳо ва натиҷаҳои ченкунӣ; 
5) амалӣ намудани назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ;
6) роҳбарӣ ба фаъолияти хадамоти давлатии метрологӣ ва дигар хадамоти метрологӣ оид ба таъмини ченаки ягона;
7) пешбурди Феҳристи давлатии воситаҳои ченаки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) таъсиси пажӯҳишгоҳи метрологӣ;
9) таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона;
10) таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона, аз ҷумла якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ;
11) андешидани чораҳо оид ба тайёр намудани мутахассисони муҳандисию техникии соҳа;
12) амалӣ намудани назорат оид ба риояи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа;
13) таъмини фаъолият ва рушди низоми таъмини ченаки ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии он бо низоми байналмилалии воҳидҳо ва низоми воҳидҳои бузургии мамлакатҳои дигар;
14) ба амал баровардани тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, саломатӣ ва бехатарии шаҳрвандон, муҳити зист ва манфиатҳои давлат аз оқибатҳои манфии натиҷаҳои нодурусти ченкунӣ;
15) иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои таъмини ченаки ягона ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии метрологӣ;
16) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона;
17) қабули қарор оид ба эътироф намудани натиҷаҳои озмоиш ва тасдиқи навъ, санҷиши эътимоднокии ибтидоӣ ва аттестатсияи метрологии воситаҳои ченаки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидашуда; 
18) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. 
Моддаи 7. Сохтори хадамоти метрологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти метрологӣ ва навъи корҳое, ки барои таъмини ченаки ягона равона шудаанд, аз ҷониби хадамоти метрологии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. Хадамоти метрологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хадамоти давлатии метрологӣ, хадамоти метрологии мақомоти давлатӣ ва хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ иборат мебошад.   
Моддаи 8. Хадамоти давлатии метрологӣ
Ба хадамоти давлатии метрологӣ, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ роҳбарӣ мекунад, хадамоти давлатии метрологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил мешаванд. 
Моддаи 9. Хадамоти метрологии мақомоти давлатӣ ва хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ 
1. Мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми зарурат метавонанд барои анҷом додани корҳо оид ба таъмини ченаки ягона, инчунин, амалисозии назорати метрологӣ хадамоти метрологӣ таъсис диҳанд. 
2. Хадамоти метрологии мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ:
1) ҳамчун хадамоти аккредитатсияшуда корҳоро оид ба санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченак иҷро мекунанд;
2) лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриро оид ба таъмини ченаки ягона таҳия менамоянд.
3. Ҳуқуқу уҳдадориҳои хадамоти метрологии мақомоти давлатӣ тибқи низомномаи аз тарафи мақомоти давлатӣ тасдиқ ва бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқагардида, муайян карда мешаванд. Ҳуқуқу уҳдадориҳои хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ тибқи оинномаи онҳо ва низомномаи хадамоти давлатии метрологӣ муайян карда мешаванд.
4. Шахсони мансабдори хадамоти метрологии мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ уҳдадоранд зимни иҷрои фаъолияти худ ба фош кардани сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда роҳ надиҳанд. 
 
БОБИ 3. АСОСҲОИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА
Моддаи 10. Воҳидҳои бузургӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида истифодаи воҳидҳои бузургии низоми байналмилалии воҳидҳо иҷозат дода мешавад.
2. Номгӯй, аломат ва қоидаҳои навишти воҳидҳои бузургӣ, инчунин, қоидаҳои истифодаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ, бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, дар баробари истифодаи воҳидҳои бузургии низоми байналмилалии ченакҳо, ба истифодаи воҳидҳои низомҳои дигар иҷозат диҳад. 
4. Тавсиф ва хусусиятҳои маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла воситаҳои ченак бо воҳидҳои бузургии муқаррарнамудаи фармоишгар ифода ёфта метавонанд.
5. Истифодаи воҳидҳое, ки аз воҳидҳои расман иҷозатдодашуда фарқ доранд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.
Моддаи 11. Маҳакҳои (эталонҳои) давлатии воҳидҳои бузургӣ 
1. Асоси техникии таъмини ченаки ягонаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳакҳои (эталонҳои) давлатии воҳидҳои бузургӣ ташкил  медиҳанд, ки нигоҳдории онҳоро давлат таъмин менамояд.
2. Маҳакҳои (эталонҳои) давлатии воҳидҳои бузургӣ ҳамчун воситаи ченаки воҳидҳои ибтидоӣ ҷиҳати таҷдид ва нигоҳдории воҳидҳои бузургӣ бо мақсади интиқоли андозаи онҳо ба воситаҳои дигари ченаки ҳамин бузургӣ истифода мешаванд. 
3. Воҳидҳои бузургӣ, ки аз рӯи маҳакҳо (эталонҳо) таҷдид мешаванд, бояд пайвастшавии метрологиро то низоми байналмилалии воҳидҳо таъмин намоянд.
Моддаи 12. Воситаҳои ченак
1. Воситаҳои ченак барои муайян намудани бузургие истифода мешаванд, ки ба татбиқи воҳидҳояшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида иҷозат дода шудааст ва бояд ба шароити истифода ва талаботи муқарраргардида мувофиқ бошанд.
2. Тарҳрезии воситаҳои ченак бояд дастрасиро ба қисмҳои функсионалии он (аз ҷумла таъминоти барномавӣ) бо мақсади пешгирӣ намудани ислоҳи беиҷозат ва мудохилае, ки метавонад ба таҳрифи натиҷаҳои ченкунӣ оварда расонад, маҳдуд созад.
3. Меъёрҳои мансуб донистани воситаҳои техникӣ, дастгоҳҳо, моддаҳо ва (ё) маводҳо ба воситаҳои ченак ва (ё) воситаҳои санҷиш чунин мебошанд:
1) мавҷудияти хосиятҳои ба меъёр даровардашудаи метрологӣ ва тавсифҳои техникие, ки қиматашон дар муҳлати муайян бетағйир дониста мешавад;
2) қобилияти таъмини натиҷаҳои ченкунӣ дар воҳидҳои қонунигардонидашуда бо дақиқияти муқарраргардида, инчунин, саҳеҳии натиҷаҳои санҷиш;
3) фаъолият аз рӯи принсипҳои механикӣ, барқӣ, оптикӣ, физикӣ-химиявӣ ва электронӣ.
4. Воситаҳои техникӣ дар ҳолатҳои зерин воситаҳои ченак ва (ё) воситаҳои санҷиш дониста намешаванд:
1) доштани вазифаи нишондиҳанда (индикаторӣ);
2) истифодабарӣ танҳо барои баҳодиҳии пешакӣ, ки натиҷаи он ченкунӣ ва (ё) санҷиш ба ҳисоб намеравад; 
3) танҳо иҷро намудани вазифаи интиқоли маълумот дар бораи натиҷаи ченкунӣ ва (ё) санҷишҳо.
5. Воситаҳои ченаки дар доираи қонунгузории метрологӣ барои истифода муқарраргардида ва дар номгӯйи воситаҳои ченак зикргардида дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода намешаванд: 
1) барои муомилот бе гузаштан аз санҷиши эътимоднокии давлатӣ;
2) барои истифода бе гузаштан аз санҷиши эътимоднокии давлатӣ ва воситаҳои ченаки дар озмоишгоҳҳои санҷишии аккредитатсияшуда (марказҳо) истифодашаванда бе гузаштан аз санҷиши эътимоднокии давлатӣ ё андозагирӣ.
6. Воситаҳои ченаки берун аз доираи қонунгузории метрологӣ истифодашаванда метавонанд мавриди санҷиш ва (ё) андозагирӣ ё экспертизаи метрологӣ қарор гиранд, ё нисбат ба онҳо бо мақсади таъмини ченаки ягона аз тарафи шахси муайяни ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ё шахси дигари воқеии ин воситаҳои ченакро истифодабаранда метавонад амалҳои дигар анҷом дода шаванд. 
7. Маълумот дар бораи воситаҳои ченаки навъашон тасдиқгардида дар Феҳристи давлатии воситаҳои ченаки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешавад. Пешбурди Феҳристи давлатии воситаҳои ченаки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад. 
8. Қарор дар бораи муқаррар намудани фосилаи байни санҷишҳои эътимоднокӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
9. Хадамоти давлатии метрологӣ назорати воситаҳои ченаки дар доираи талаботи қонунгузории метрологӣ қарордоштаро амалӣ менамояд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ надоранд воситаҳои ченаки таҳти назорати қонунгузории метрологӣ қарордоштаро то аз санҷиши эътимоднокии давлатӣ гузаштан истифода баранд ва ё барои истифода нигоҳ доранд. 
Моддаи 13. Усулҳои иҷрои ченкунӣ
1. Ченкунӣ бояд тибқи усулҳое, ки бо тартиби муқарраргардида аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тавсия шудаанд, анҷом дода шавад.
2. Усулҳои иҷрои ченкунӣ бояд баҳодиҳии нишондиҳандаҳои дақиқияти натиҷаҳои ченкуниро дар бар гирифта, саҳеҳии муқарраршударо дар шароити воқеии гузарондани ченкунӣ таъмин намоянд. Ченкунӣ бояд тибқи усулҳои бо тартиби муайян аттестатсияшудаи иҷрои ченкунӣ анҷом дода шавад.
3. Аттестатсияи метрологии усулҳои иҷрои ченкунӣ бо роҳи гузаронидани таҳқиқот бо мақсади баҳодиҳӣ ва тасдиқи мутобиқати усулҳои иҷрои ченкунӣ ба талаботи метрологии ба онҳо вогузошташуда амалӣ карда мешавад.
4. Тартиби таҳия ва аттестатсияи метрологии усулҳои иҷрои ченкуниро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян мекунад. 
 
БОБИ 4. НАЗОРАТИ МЕТРОЛОГӢ ВА НАЗОРАТИ 
ДАВЛАТИИ МЕТРОЛОГӢ
Моддаи 14. Объектҳои назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ
Объектҳои назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ инҳоянд: 
1) маҳаки (эталони) воҳидҳои бузургӣ;
2) воситаҳои ченак;
3) воситаҳои санҷиш;
4) намунаҳои стандартӣ;
5) системаҳои иттилоотонӣ-ченкунӣ;
6) усулҳои иҷрои ченкунӣ;
7) миқдори молҳои дар борҷомаҳо бандубастшуда ҳангоми кушодан, фурӯхтан ва воридот;
8) объектҳои дигари тибқи қоида ва меъёрҳои метрологӣ пешбинигардида.
Моддаи 15. Соҳаҳои назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ 
1. Назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологиро мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади санҷиши риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба таъмини ченаки ягона анҷом медиҳад.
2. Назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ нисбат ба соҳаҳои зерин паҳн мегарданд: 
1) тандурустӣ, байторӣ, ҳифзи муҳити зист;
2) амалиёти тиҷоратӣ ва ҳисобу китоби байни харидор ва фурӯшанда;
3) баҳисобгирии арзишҳои моддӣ ва захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;
4) амалиёти баҳисобгирии давлатӣ;
5) таъмини мудофиаи давлат;
6) таъмини бехатарии саноатӣ, ядроӣ ва радиатсионӣ;
7) таъмини бехатарии меҳнат ва ҳаракати нақлиёт;
8) иҷрои корҳои геодезӣ, картографӣ ва гидрометеорологӣ;
9) иҷрои амалиётҳои андозӣ, гумрукӣ, бонкӣ, почта ва телекоммуникатсионӣ;
10) ҳифзи аҳолӣ ва маҳалҳои аҳолинишин аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, таъмини бехатарии оташнишонӣ;
11) санҷиш ва назорати сифати маҳсулот бо мақсади муайян кардани мутобиқати он ба регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ;
12) муайян кардани бехатарӣ ва сифати маҳсулоти сертификатсияшуда;
13) гузаронидани санҷишҳои давлатӣ, санҷишҳои эътимоднокӣ, андозагирӣ, таъмир ва аттестатсияи метрологии воситаҳои ченак;
14) истихроҷи маъданҳои фоиданок;
15) амалиёт бо арзишҳои Фонди давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
16) бақайдгирии рекордҳои варзишии миллӣ ва байналмилалӣ;
17) корҳое, ки бо супориши мақомоти судӣ, прокуратура ва мақомоти дигари давлатӣ гузаронда мешаванд.
3. Мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои дигари фаъолият низ таҳти назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ қарор гирифта метавонанд.
Моддаи 16. Намудҳои назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ
1. Назорати метрологӣ амалҳои зеринро дар бар мегирад:
1) санҷишҳо бо мақсади тасдиқи навъи воситаҳои ченак; 
2) санҷиши эътимоднокӣ, андозагирии воситаҳои ченак, аз ҷумла маҳакҳо (эталонҳо);
3) аттестатсияи метрологии воситаҳои ченак ва усулҳои иҷрои ченкунӣ;
4) аттестатсияи воситаҳои санҷиш.
2. Назорати давлатии метрологӣ барои иҷрои корҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
1) истеҳсол, таъмир, ба киро додан, фурӯш, ҳолат ва истифодаи воситаҳои ченак, аз ҷумла маҳаки (эталони) воҳидҳои бузургӣ, намунаҳои стандартӣ, низоми иттилоотонӣ-ченкунӣ;
2) риояи қоида ва меъёрҳои муқарраргардидаи метрологӣ;
3) миқдори моле, ки ҳангоми амалиёти тиҷоратӣ бегона карда мешавад;
4) миқдори моли баркаш ва бандубастшуда дар борҷомаҳои гуногун ҳангоми кушодан, фурӯхтан ва воридот.  
3. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои дигари назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ метавонанд пешбинӣ карда шаванд. 
Моддаи 17. Тасдиқи навъ ва аттестатсияи метрологии воситаҳои ченак
1. Тасдиқи навъи воситаҳои ченак иҷрои корҳоеро дар бар мегирад, ки дар раванди онҳо дар асоси санҷишҳои давлатии воситаҳои ченак хусусиятҳои метрологӣ ва техникии онҳо муқаррар гардида, мутобиқати воситаҳои ченак ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ва доир ба тасдиқи навъи воситаҳои ченак қарор қабул мегардад.
2. Қарори тасдиқи навъи воситаҳои ченак аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул ва бо сертификати навъи воситаҳои ченак тасдиқ карда мешавад. Муҳлати амали сертификати мазкурро ҳангоми додани он мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар мекунад.
3. Навъи тасдиқгардидаи воситаҳои ченак аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ба Феҳристи давлатии воситаҳои ченаки Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад. 
4. Воситаҳои ченакро мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади тасдиқи навъи онҳо месанҷад. Бо қарори мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия, ташкилотҳои дигари махсусгардонидашуда низ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба сифати озмоишгоҳи (маркази) давлатии санҷиши воситаҳои ченак аккредитатсия карда шаванд.   
5. Барои гузаронидани санҷиш намунаҳои воситаҳои ченак бояд бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда шаванд.
6. Мутобиқати воситаҳои ченакро ба навъи тасдиқгардида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии хадамоти метрологии маҳали ҷойгиршавии истеҳсолкунандагон ё истифодабарандагон таҳти назорат мегиранд.
7. Ба рӯи воситаҳои ченаки навъи тасдиқгардида ва ба ҳар нусхаи дахлдори ҳуҷҷатҳои истифодабарии онҳо аломати тасдиқкунандаи навъи воситаҳои ченаки шакли муқарраргардида гузошта мешавад.
8. Аттестатсияи метрологии воситаҳои ченак аз ҷониби хадамоти давлатии метрологӣ анҷом дода мешавад.
9. Воситаҳои ченаки дар соҳаҳои дар моддаи 15 Қонуни мазкур зикршуда, ки мавриди истеҳсол ва воридот қарор доранд, бояд аз санҷиши ҳатмии давлатӣ бо мақсади тасдиқи навъ ё аттестатсияи метрологӣ гузаранд.
10. Ба муомилот баровардан, ба истифода додан, истифодабарӣ, фурӯхтан ва тарғиб намудани воситаҳои ченаки таҳти назорати давлатии метрологӣ қарордошта, ки бо мақсади тасдиқи навъ ё аттестатсияи метрологӣ аз санҷиш нагузаштаанд, манъ аст.
Моддаи 18. Санҷиши эътимоднокии воситаҳои ченак
1. Воситаҳои ченак, ки дар доираи татбиқи назорати давлатии метрологӣ истифода мешаванд, дар мавриди истеҳсол ё таъмир, истифода ва воридот баъди тасдиқи навъи онҳо ва ё аттестатсияи метрологӣ ва бақайдгирӣ дар Феҳристи давлатии воситаҳои ченаки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз санҷиши ҳатмии эътимоднокӣ гузаронида шаванд. 
2. Тартиби гузаронидани санҷиши эътимоднокии воситаҳои ченак, инчунин, даврияти санҷиши онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян мекунад.  
3. Санҷиши эътимоднокии воситаҳои ченак аз ҷониби шахсони мансабдори хадамоти давлатии метрологӣ ё хадамоти метрологии аккредитатсияшудаи шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи усули санҷиши эътимоднокии воситаҳои ченак амалӣ карда мешавад. 
4. Воситаҳои ченак, ки аз санҷиши эътимоднокӣ гузаштаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ муҳргузорӣ карда мешаванд ва мутобиқати онҳо бо шаҳодатномаи санҷиши эътимоднокӣ тасдиқ карда мешавад. 
Моддаи 19. Андозагирии воситаҳои ченак
1. Андозагирии воситаҳои ченак аз ҷониби хадамоти аккредитатсияшудаи метрологӣ амалӣ карда мешавад.
2. Ҳангоми андозагирии воситаҳои ченак усулҳои андозагирии воситаҳои ченак, ки барои муқаррар намудани тавсифҳои метрологии воситаҳои ченак пешбинӣ гардидаанд, мавриди истифода қарор мегиранд.
3. Воситаҳои ченаки истифодашаванда ҳангоми ченкунӣ дар соҳаҳои пешбинамудаи моддаи 15 Қонуни мазкур метавонанд ба таври ихтиёрӣ ҳангоми истеҳсол, фурӯш, истифода, киро додан, таъмир ва воридот андозагирӣ карда шаванд.
4. Натиҷаҳои андозагирии воситаҳои ченаки аз тарафи хадамоти аккредитатсияшудаи метрологӣ гузаронидашуда метавонанд ҳангоми санҷиши эътимоднокии воситаҳои ченак истифода шаванд.
5. Натиҷаҳои андозагирии воситаҳои ченак бо муҳр, шаҳодатнома (сертификат) дар бораи андозагирии воситаҳои ченак, инчунин, бо сабт намудан дар ҳуҷҷатҳои истифодабарии воситаҳои ченак тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 20. Аттестатсияи воситаҳои санҷиш
1. Аттестатсияи воситаҳои санҷиш аз ҷониби хадамоти аккредитатсияшудаи метрологӣ амалӣ карда мешавад.
2. Ҳангоми аттестатсияи воситаҳои санҷиш усулҳои аттестатсияи воситаҳои санҷиш истифода мешаванд, ки иҷрои онҳо барои муайянсозии мутобиқати воситаҳои санҷиш ба тавсифҳои бамеъёрдаровардашудаи техникӣ ва метрологии воситаҳои санҷиш имкон медиҳад. 
Моддаи 21. Аккредитатсияи хадамоти метрологӣ барои ҳуқуқи иҷрои кор ва хизматрасониҳои метрологӣ 
1. Аккредитатсияи хадамоти метрологӣ барои иҷрои кор ва хизматрасониҳои метрологӣ, аз ҷумла аттестатсияи метрологии воситаҳои ченак, усулҳои иҷрои ченкунӣ, аттестатсияи воситаҳои санҷиш, санҷиши эътимоднокӣ ва андозагирии воситаҳои ченаке, ки истифодаи онҳо дар соҳаҳои пешбинигардидаи моддаи 15 Қонуни мазкур имконпазир аст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия амалӣ карда мешавад. 
2. Назорати фаъолияти хадамоти аккредитатсияшудаи метрологӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми давлатӣ оид ба аккредитатсия гузаронида мешавад.  
Моддаи 22. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони мансабдоре, ки назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологиро амалӣ менамоянд
1. Шахсони мансабдоре, ки назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологиро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд:
1) бо пешниҳоди шаҳодатномаи хидматӣ ба дохили объектҳое ворид шаванд, ки дар онҳо воситаҳои ченакро, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияти ин объектҳо, истифода мекунанд, месозанд, таъмир менамоянд, мефурӯшанд ё нигоҳ медоранд;
2) ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро барои гузаронидани назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ талаб намоянд ва гиранд;  
3) мутобиқати воҳидҳои бузургиро, ки ба истифодаашон иҷозат дода шудааст, санҷанд;
4) воситаҳои ченак, шароити истифодаи онҳо, инчунин, мутобиқати онҳоро ба навъи тасдиқшудаи воситаҳои ченак тафтиш намоянд;
5) истифодаи усулҳои тавсияшудаи ченкунӣ, ҳолати маҳакҳоеро (эталонҳоеро) тафтиш намоянд, ки барои санҷиши воситаҳои ченак истифода мешаванд;
6) миқдори молро, ки дар рафти амалиёти тиҷоратӣ бегона карда шудааст, тафтиш намоянд;
7) барои назорат намунаи молу маҳсулот, инчунин, молҳои баркашшудаи бандубасташон гуногунро интихоб намоянд;
8) фурӯши миқдори муайяни моли баркашшударо ҳангоми муқаррарсозии номутобиқатии бузургие, ки миқдори таркибии моли дар борҷома ҷойдоштаро нишон дода, дар борҷома қайд гардидааст, манъ созанд;
9) воситаҳои техникиро истифода кунанд ва кормандони объекти таҳти назорати метрологӣ қарордоштаро барои иҷрои корҳои муайян ҷалб намоянд;
10) истифода ва истеҳсоли воситаҳои ченаки навъҳои тасдиқнашуда ё ба навъи тасдиқгардида мутобиқ набуда, инчунин, аз санҷиш нагузаштаро манъ намоянд;
11) тамғаҳои санҷиширо аз эътибор соқит донанд ё худ шаҳодатномаи санҷишро ҳангоме ки воситаи ченак натиҷаи нодуруст медиҳад ё муҳлати фосилаи байнисанҷишӣ гузаронида шудааст, беэътибор гардонанд;
12) ҳангоми зарурат воситаи ченакро аз истифода гиранд;
13) барои рафъи вайрон шудани қоида ва меъёрҳои метрологӣ дастури хаттӣ диҳанд ва муҳлати бартарафсозии камбудиҳоро муқаррар намоянд;
14) нисбат ба шахсоне, ки ба вайрон намудани қоида ва меъёрҳои метрологӣ роҳ додаанд, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муҷозотӣ татбиқ намоянд.
2. Шахсони мансабдоре, ки назорати метрологӣ ва назорати давлатиро анҷом медиҳанд, уҳдадоранд: 
1) қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, муқаррароти санадҳои меъёрии таъмини ченаки ягона ва назорати давлатии метрологиро қатъиян риоя намоянд;
2) тартиби амалигардонии назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологиро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, риоя намоянд;
3) дар рафти баргузории чорабиниҳо оид ба назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ченаки ягона ба анҷом расонанд;
4) дурустии натиҷаҳои санҷишро бо мақсади тасдиқи навъ, санҷиши эътимоднокӣ, андозагирӣ ва аттестатсияи воситаҳои ченак таъмин намоянд;
5) барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар асоси натиҷаҳои назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ гузаронидашуда чораҳо андешанд;
6) уҳдадориҳои мансабии худро ба таври дахлдор иҷро намоянд, ба суиистифодаи ваколат ва дигар қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла фош кардани сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, роҳ надиҳанд; 
7) тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои дигарро ба иҷро расонанд.
3. Шахсони мансабдоре, ки назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологиро анҷом медиҳанд, ҳамчун санҷишгар ва нозирони давлатӣ бояд оид ба назорати ҳолат ва истифодабарии воситаҳои ченак аз аттестатсия гузаранд. Аттестатсия дар ду сол як маротиба бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 23. Мусоидат ба шахсони мансабдори хадамоти давлатии метрологӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки ба шахсони мансабдори хадамоти давлатии метрологӣ дар иҷрои уҳдадориҳои базиммаашон гузошташуда мусоидат намоянд. 
2. Дахолат ба фаъолияти шахсоне, ки назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологиро анҷом медиҳанд ё эҷод намудани монеагӣ ба амалисозии фаъолияти онҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст. 
 
БОБИ 5. МАБЛАҒГУЗОРИИ КОРҲО ОИД БА ТАЪМИНИ 
ЧЕНАКИ ЯГОНА
Моддаи 24. Маблағгузории ҳатмии давлатии корҳо оид ба таъмини ченаки ягона
Маблағгузории давлатӣ барои корҳои зерин ҳатмӣ мебошад: 
1) таҳия, такмил, ҳифз, истифода, харидорӣ ва нигоҳдории маҳакҳои (эталонҳои) давлатии воҳидҳои бузургӣ ва намунаҳои ниҳоят дақиқи воситаҳои ченак, ҳамчунин, муқоисаи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ;
2) нигоҳдорӣ, харидорӣ ва таҳияи таҷҳизоте, ки барои ҷиҳозонидани мақомоти хадамоти давлатии метрологӣ зарур мебошанд;
3) гузарондани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва иҷрои корҳои дигар оид ба таъмини ченаки ягона, ки дорои аҳамияти умумидавлатӣ мебошанд;
4) таҳия ва иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба таъмини ченаки ягона;
5) амалӣ намудани назорати давлатии метрологӣ. 
Моддаи 25. Пардохти иҷрои кор ва хизматрасониҳои метрологӣ
1. Пардохти иҷрои кор ва хизматрасониҳои метрологӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони дигари воқеӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартҳои шартномаҳои дутарафа ба амал бароварда мешавад.
2. Пардохти иҷрои кор ва хизматрасониҳои метрологӣ тибқи нархномаи бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 
Моддаи 27. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» аз 15 майи соли 1997 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод. 131; с. 2002, № 4, қ.1, мод. 224; с. 2007, № 7, мод. 683; с. 2008, № 12, қ.2, мод. 1001) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июни соли 2023, №  1979
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи таъмини ченаки ягона»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997, № 436 «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1997, № 10, мод.132; с.2002, № 4, қ.1, мод.226; с.2007, № 6, мод.533; с. 2008, № 11, мод.940) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон               М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 7 июни соли 2023, №  1024   
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2023, №  396
 
 
Санаи нашр: 30.06.2023 №: 133-134-135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив