ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛАХШ.  ПАҲЛУ БА ПАҲЛУ ДАР РУШДИ ДИЁР

ЛАХШ.  ПАҲЛУ БА ПАҲЛУ ДАР РУШДИ ДИЁР

04 май 2024, Шанбе
18
0

 
Аз шаҳри Душанбе то маркази ноҳияи Лахш 286 километр мебошад. Солҳои пеш ин масофаро ронандагон дар 8-10 соат тай мекарданд. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва бунёду таҷдид ва навсозии роҳҳои мамлакат, имрӯз мусофирон метавонанд дар чор соат ба маркази кишвар бирасанд. Дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ ду миллат – тоҷику қирғиз бо ҳам дӯсту бародарвор зиндагӣ доранд. Муносибати ҳамзистии онҳо тули солиёни таърих ба хешутаборӣ мубаддал гардидааст. 
Тавре Каромиддин Холзода, раиси ноҳияи Лахш, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, агар шахсе, ки ба ноҳияи Лахш меҳмонӣ биёяд, дарёдиливу меҳмоннавозии ин сокинони саодатмандро дида, хурсанд мешавад. Сокинони деҳаҳо он қадар мардуми одӣ ва хоксоранд, ки меҳмон баъди чанд соат дар ҳузури эшон будан бегонагии худро фаромӯш мекунад.
Тамошои манзараҳои дилписанд, обу ҳавои тоза, ҳавзу кӯлҳои калону хурд  ба руҳу тан ҳаловат мебахшад. Аз дараҳои калон дарёҳои машҳури Сурхоб, Муғ, Қарамуғ, Дувана, Пиёзӣ, Тандикӯл, Питовкӯл ва Оби Кабуд ҷорианд. Ба гармчашмаи Тандикӯл, ки ҳарораташ 97 дараҷа аст, ҳар сол садҳо нафар аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ барои табобат меоянд. Дар маҷмуъ, Лахш бо иқлим ва табиати зебо, олами набототу ҳайвоноти нодиру нотакрор ва қуллаҳои барфпӯш барои рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ имкониятҳои хеле васеъ дорад.
– Дороии аз ҳама бебаҳои ин диёри ҳамешабаҳор мардуми бо ҳам дӯсту бародар ва қадрдони якдигар – тоҷикону қирғизонанд, ки дар натиҷаи зиндагонии якҷоя асрҳо бо ҳам хешу табор гаштаанд ва урфу одату фарҳанги зиндагиашон сахт омезиш ёфтааст, – гуфт раиси ноҳия ва афзуд, ки расму ойинҳои миллӣ дар байни ду халқи бародар чунон омехта шудааст, ки онҳо дар бисёр ҳолатҳо фарқ намекунанд, ки ин анъанаҳо ба кадомашон тааллуқ дорад.  Дар шодию  сурур ва ғаму дард шарики якдигаранд. Паҳлу ба паҳлу барои ободии сарзамини аҷдодӣ заҳмат мекашанд... 
Бояд гуфт, соҳибкорони ватандӯсти ноҳия, ки худро пайрави Пешвои муаззами миллат медонанд, маблағҳои ҷамънамудаашонро дар корҳои ободонию созандагӣ, аз қабили бунёди пулу таъмири роҳҳо, сохтмони китобхонаҳою бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳо ва синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф, инчунин, дастгирии оилаҳои ниёзманд сарф намоянд. 
Соҳаи кишоварзӣ шуғли асосии мардуми маҳал ба ҳисоб меравад. Кишоварзони ноҳия соли гузашта тамоми нақшаҳои пешбинишударо иҷро намуда, дар фаровонии бозорҳои кишвар саҳми босазо гузоштанд. Низоми мураттаби кори кишоварзон имконият фароҳам меорад, ки қисми зиёди аҳолӣ бо ҷойи кор таъмин гардад.
Имсол кишоварзони ноҳия ният доранд, ки  масоҳати киштзори картошкаро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида зиёд намоянд. 
Тибқи дурнамо, барои ҳосили соли 2024 хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ноҳия дар майдони 6278 гектар кишти зироатҳои кишоварзиро пешбинӣ намудаанд, ки  3300 гектари он картошка мебошад.
То имрӯз боғпарварони ноҳия дар майдони 16,2 гектар боғи нав бунёд карданд. 
Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. Дар доираи он, бунёд ва таъмиру таҷдиди 124 иншооти гуногун пешбинӣ шудааст. Айни ҳол 37 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ду иншооти дигар барои ба истифода додан, омода гардида истодааст ва дар 85 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд...
–  Ҳамин тавр, сокинони ноҳияи Лахш дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди фарҳангу маънавиёт ва ободу зебо гардондани диёри худ сарҷамъона саъю талош доранд. Умед ҳаст, ки мардум дар муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои аз ин ҳам назаррастар ноил хоҳанд шуд, – гуфт дар анҷоми суҳбат раиси ноҳия.

Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.05.2024 №: 83
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив