ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СИНО, СУҲРОБ, ЭДИП, ДЕВОНА – ҲОШИМ ГАДО

СИНО, СУҲРОБ, ЭДИП, ДЕВОНА – ҲОШИМ ГАДО

07 май 2024, Сешанбе
26
0
 
Ҳунарманди асил ба дигарон ҳеҷ монандие надорад. Дар ҳар амали ӯ нақши усулу андешаронии фардияш рӯшан аён мегардад, ки бешубҳа, аз шахсияти бузург ва нотакрор буданаш дарак медиҳад. Ҳамин гуна фардияти нотакрор, ҳунарманди соҳибсалиқа Ҳошим Гадоев мебошад, ки ба баҳори мубораки 87 мерасад.
 
Соли 1961  ба  ҳайати Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ хатмкардагони студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва шомил гардиданд. Ҳунармандони ҷавон ба фазои театрии тоҷик насими тоза ворид намуданд. Хусусан, Ҳошим Гадоев, ки худро бо иҷрои нақши Тарталя дар намоиши дипломиаш «Шоҳ – Гавазн» аз рӯи асари адиби итолиёвӣ Карло Готси ҳамчун ҳунарманди ба таври таҳлилӣ созмондиҳандаи нақш нишон дода буд, ба дили бинандагон зуд роҳ ёфт.
Дар Театри Лоҳутӣ зина ба зина маҳорати ӯ сайқал ёфта, паҳлуҳои нави истеъдодаш ошкор гардиданд.
Таҳсил дар Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарский муҳаббати Ҳ. Гадоевро ба осори пурғановати классикаи ҷаҳонӣ, махсусан асарҳои безаволи Софокл, Шекспир ва Шиллеру Островский бедор кард. Нақши Порис аз рӯйи асари «Ромео ва Ҷулетта»-и Вилям Шекспир нишон дод, ки ҳунарманд метавонад дар нақшҳои дуюмдараҷа низ равиши мантиқии инкишофро дарёфта, бо маҳорати хеш, қаҳрамонашро аз рӯйи аҳамият бо қаҳрамонони асосӣ ҳампаҳлу гузорад.
Вақте ба Ҳошим Гадоев иҷрои нақши Фердинандро аз намоиши «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер пешниҳод намуданд, ӯ бо камоли майл розӣ шуд. Намоишро профессори санъатшиноси олмонӣ Алфред Курелла тамошо намуда, дар саҳифаи рӯзномаи «Маориф ва маданият» чунин ибрози ақида намуд: «Шиллер бо руҳи зинда ва меҳру муҳаббат ба ояндаи дурахшон зинда буд. Ӯ ба ҷамъияти он давра фикрҳои гумманистӣ ва инсондӯстии худро талқин мекард, ахлоқ  ва  одоби  инсони  хубро  ба макру фиреби ҷомеаи феодалӣ муқобил мегузошт. Ҳамаи ин хислатҳоро ҳунарпешагони тоҷик хуб дарк кардаанд. Онро чи басаҳнагузоранда ва чи ҳунарпешагон, хусусан артисти ҷавон Ҳошим Гадоев нағз фаҳмидаанд. Дар шахси ин ҳунарпешаи ҷавон театр соҳиби актёри боистеъдод мебошад, ки ояндаи дурахшон дорад».
Нақши Суҳроб аз намоиши «Рустам ва Суҳроб»-и Ғанӣ Абдулло, ки яке аз нақшҳои дӯстдоштаи ҳунарманд мебошад, дар асоси омӯзиши жарфи маводи таърихӣ офарида шудааст. Ба қатори муваффақиятҳои ҳунарманд метавон нақши шоҳи дигар Насрро низ аз намоиши «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода (басаҳнагузоранда Ефим Исаевич Мителман) дохил намуд. Мунаққидони санъати театрии Москва соли 1973 ба ин нақши ҳунарманд баҳои баланд дода, «мо симои ҳақиқии шоҳи шарқиро дидем», – гуфта буданд.
Дар намоиши “Шаби гирифтани моҳ”-и Мустай Карим достони ишқи Оқйигиту Забарҷад ҳамчун ривояти шӯрангезе офарида шудааст. Ҳошим Гадоев дар намоиши таҳиянамудаи  Ҳоҷиқул Раҳматуллоев  нақши Девонаро офарид. Ӯ «бо бозии аълои худ образи Девонаро ба яке аз симоҳои марказии спектакл табдил дод», - навишта буд санъатшинос Л. Винокурова.
Нақшҳои дигари офаридааш, аз қабили Дон Жуан (аз «Фоҷиаҳои хурд»-и А.С. Пушкин), Курт Шумахер («Кӯпрук»-и Фотеҳ Ниёзӣ), ҷосуси англис Ризо («Орзу»-и Меҳрубон Назаров) зинаҳое буданд, ки ӯро ба сӯи қуллаҳои баланди маҳорат бурданд. Яке аз комёбиҳои театри тоҷик намоиши «Табиби бузург»-и С. Улуғзода ва В. Виткович гардид. Онро соли 1980 бахшида ба 1100-солагии зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино Феликс  Тошмуҳаммедов дар саҳнаи Театри ба номи В. Маяковский таҳия намуд. Нақши Синои дар ин намоишнома офаридаи Ҳ. Гадоев бинандагонро тасхир намуд.
Нақши Эдипро дар иҷрои Ҳ. Гадоев мунаққидон намоёнтарин комёбии фалсафию фоҷиавии ҳунарманд номиданд. Эдипи офаридаи ӯ шахси хеле оқилу доно, ҷиддиву масъулиятшинос пеши назар ҷилвагар мегардад. Байни мардум сазовори боварӣ ва эҳтироми бепоён аст. Мисле ки ҳунарманд дар зиндагии воқеӣ дар ҷомеа шуҳрат дорад.
Ҳошим Гадоев барои иҷрои нақши  Суҳроб  дар  филми  «Рустам ва Суҳроб» сазовори Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва барои намоиши «Эдип» барандаи  Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шуравӣ гардидааст. Ӯ, ҳамчунин,  барандаи ҷоизаи  байналмилалӣ  дар  соҳаи  ҳунар  «Аноҳита» мебошад.  Барои  хизматҳои  шоёнаш   дар  рушди санъати тоҷик бо ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи III  мукофотонида шуда, унвонҳои олии Артисти халқии СССР ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро доро аст.  
 
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 07.05.2024 №: 85-86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив