ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ БОЯД ФАРОМӮШ НАШАВАД

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ БОЯД ФАРОМӮШ НАШАВАД

07 май 2024, Сешанбе
23
0
Дар як деҳаи он замон хурди Кафтархонаи ноҳияи Восеъ беш аз даҳ нафар иштирокчиии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мезист. Ҳар кадом соҳиби ордену медалҳо буданд. Онҳоро ба соле як бор дар пеши барашон меовехтанд ва ифтихор мекарданд, ки дар моҳи май ид доранд. Мо - хурдсолон, медидему мешунидем, ки чӣ гуна бо самимияту шодмонӣ ҳамдигарро ба Иди Ғалаба бар фашизми олмонӣ табрик менамуданд. Гоҳҳо бо ҳамдигар низ аз он солҳои даҳшатбори ҷангеро, ки таърих дар ёд надошт, ёдоварӣ мекарданд, аз корномаҳояшон дар ин набард мегуфтанд. Хайриддин Сафаров, Исмонқул Қодиров, Икром Ҳасанов аз ин зумра маҳсуб мешуданд. 
Хайриддин Сафаров аз бародари бе ному нишон гумшудааш дар ин ҷанг қисса мекард ва барояш ашк мерехт. Баъдҳо ҳолати онҳоро бештар дармеёфтему эҳсос мекардем. Бо нақли онҳо пеши рӯ меовардем, ки чӣ сон волидонашон, аҳли деҳа гуселашон карда ва бо баргаштанашон аз майдони набард бо ғалаба пешвозашон гирифта буданд. Бархе рафтанду дигар зинда барнагаштанд. Зумрае бе ному нишон шуданд. Дар кадом сарзамин захм хӯрданду ба ҳалокат расиданд, намедонистанд. 
Ин иштирокчиёни ҷанг дар кор ҳам масъулияти зиёд эҳсос менамуданд. Аз ҷумла, Хайриддин Сафаров баъдҳо дар ин деҳа бригадири пахта ва хошоки чорвои хоҷагии Сартез (он замон ба номи Карл Маркс) буд. Ҳосили баланди пахта ва хошок барои чорво мерӯёнд. Борҳо дар борааш лавҳаву очеркҳоро хабарнигорон навиштаву дар матбуоти даврӣ ба табъ расондаанд. Исмонқул Қодиров ва Икром Ҳасанов дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ин деҳа ҳаёти минбаъдаашонро ба тарбияи насли наврас бахшида буданд. 
Дӯст медоштанд, ки насли наврас аз онҳо дар бораи корномаашон бипурсанд, то зимни посух таъкид бидоранд, ки ба қадри замони осоиштагӣ, сулҳу салоҳ бирасанд. Ба ояндаи неку дурахшони миллату кишвар бовар доштанд. Дар андешаи истифодаи тамоми имтиёзҳои барояшон муқарраргардида набуданд ва барои дастрасии онҳо талош ҳам намекарданд. Хоксору шикастнафс буданд. 
Батадриҷ ва бо навбат ҳар яке дунёро падруд гуфтанд. Имрӯз аз ин афрод ҳеҷ кас зинда нест. Ҷойи таассуф он аст, ки корномаи ҷангии онҳо нонавишта монд. Инсоният бояд ин ҷангро ҳаргиз фаромӯш накунад. Аз ёд бурдани он сабаби сар задани ҷангҳои нав, хосса ҷанги ҷаҳонии сеюм мешавад.
Фикр мекунам, ки қариб ҳар деҳаи дар он замонҳо мавҷудбуда чунин қаҳрамонҳо ё худ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро дошт. Мебоист, ки дар он давр аз забони худи иштирокчиён корномаи онҳо навишта мешуд.  Дар баъзе аз шаҳру ноҳия, агарчи номукаммал ҳастанд, то ҷое ба ин иқдом рӯ оварданд. Иҷрои ин амал имрӯзҳо дигар номумкин аст. Бо вуҷуди ин, метавон, ки барои осорхонаҳо он медалу орденҳо, ифтихорномаҳоро ба василаи фарзандону наберагонашон  дастрас кард. Дар ин маврид агар боз ба фориғболӣ дода шавем, пас аз чанд сол он нишонҳоро аз даст додан мумкин аст. Ба ҷуз ин, зарур аст, ки ҳамасола ақаллан ба соле як бор, яъне дар Рӯзи Ғалаба аз онҳо ёд биёварем. Онҳо, охир барои осоиштагии имрӯзи мо бо фашизм ҷангиданд. 
 
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 07.05.2024 №: 85-86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив