ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОБОИ ТАҒОЙБЕК. ЗАҲМАТПЕШАЕ, КИ ХАСТАГИРО НАМЕШИНОСАД

БОБОИ ТАҒОЙБЕК. ЗАҲМАТПЕШАЕ, КИ ХАСТАГИРО НАМЕШИНОСАД

13 май 2024, Душанбе
11
0
 
Садои печ хӯрдани симҳо аз дур ба гӯш мерасид. Аз он ки ҳоло вақти хӯроки нисфирӯзист, шунидани ин овоз дар саҳни сохтмон бароям тааҷҷубовар буд. Зеро коргарон, ҳамагӣ, дар сояи дарахте, сари дастархон менишастанд. Ба худ меандешидам, ки дар ҳоли танаффус садои кӣ ва ё чӣ дар фазои бинои навсохти мактаб мепечад? Ба давру бари сохтмон бодиққат менигаристам. Аз дур нигоҳам ба марде афтод, ки машғули кори худ аст. Ба наздаш рафтам…
Ангор, ба чашмонам бовар надоштам. Пеши назар марди солхӯрда, аммо тануманди шикастнопазир аён гашт, ки сари дастгоҳи худсохт бо дасту бозувони обутобёфтааш симҳоро бо усули ба худаш хос тоб медод (каҷ мекард). Ин манзара қавли Соибро ба хотирам овард, ки мегуфт: “Решаи нахли кӯҳансол аз ҷавон афзунтар аст...”. Воқеан, аҷиб аст, вақте мебини ҷавонон дар танаффус дами тоза мегиранд, вале куҳансоле пайи кор аст. Ҳисси кунҷкобӣ қарорам нагузошт ва пурсидам, ки чаро истироҳат намекунад. Оғози ҷавобаш бо табассуме буд, ки дар дарёи ҳуснаш мавҷ мезад. Зебо нимханд кард ва гуфт: “Агар имсол аз умрам 76 сол пур шавад ҳам, бе заҳмат, бе кор гаштан яктараф, ҳатто соате фориғ буда наметавонам. Ҳамин ки бекор бимонам, гумонам танам дард мекунад...”.
Ин мард яке аз куҳансолони деҳаи Булёни Поёни ноҳияи Данғара мебошад. Ӯ ботаҷрибатарин сохтмончии ин деҳ аст. Ҳамдеҳагон дар тавсифаш чунин мегӯянд: “Бобои Тағойбек солҳост, ки бо ҳунару қувваи бозувонаш ба мардуми русто хизмат мекунад”. Ҳини тамошои сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-и деҳаи Булёни Поён сохтмончиёну ҳамкоронаш аз масъулияту сахтгириҳояш мегуфтанд. Яке аз таҷрибаи зиёди андӯхтааш дар сохтмон мегуфт. Дигарӣ ростқавливу росткориашро ёд меовард. Сеюмӣ бошад, ӯро намоди олии инсони меҳнатдӯст медонист. 
Бобои Тағойбек дар сохтмони мазкур ба ҳайси бригадир кор мекунад. Дастае, ки ӯ роҳбариашро ба зимма дорад, кори асосиашон хишт чиндан аст. Яъне, бино кардани деворҳои мактаб масъулияти асосии гурӯҳи ӯст. Агарчи роҳбари бригада ҳаст, вале баробари зердастонаш кор мекунад. Аз инҷост, ки мардум ба ӯ эҳтиром доранд. Бо вуҷуди надоштани маълумоти олӣ дар корҳои сохтмонӣ, корашро хуб мефаҳмаду олӣ иҷро менамояд. Ӯ мегӯяд, ки ин ҳамаро худомӯзӣ кардааст. Аз дидаву шунидаҳо, аз таҷрибаҳои корӣ. 
Аслан, ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи касбии техникӣ аз рӯи ихтисоси ронандаи трактор буда, баъдан ба сохтмон майл мекунад. Ҳоло ба сохтмони кохи нур – мактаб набераҳояшро ҳам ҷалб кардааст. Мехоҳад дар ниҳоди онҳо ҳисси меҳнатдӯстӣ ва меҳр ба корро бедор кунад. Аз кор намеҳаросад. Кунҷе нишастану аз меҳнат дур шудан барояш ғам аст.             
Воқеан, кору пайкори Бобои Тағойбек сутуданист. Ӯро аз камтарин касоне дарёфтам, ки ба вуҷуди пиронсолӣ ҳамвора пайи кор аст, меҳнатро дӯст медорад. Нон хӯрданро аз меҳнати ҳалол дар зиндагӣ шиори худ қарор дода ва ифодаи зебои “Меҳнат шараф аст”-ро шиори зиндагии худ медонад. 
 
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”    
Санаи нашр: 10.05.2024 №: 87-88
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив