ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПИРЯХҲО. МАНБАЪҲОИ ОБИ ОШОМИДАНӢ БОЯД ҲИФЗ ШАВАНД!

ПИРЯХҲО. МАНБАЪҲОИ ОБИ ОШОМИДАНӢ БОЯД ҲИФЗ ШАВАНД!

14 май 2024, Сешанбе
25
0
Маҳз натиҷаи саъю кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории  иҷлосияи 77-уми худ бо қабули қатъномаи махсус  соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард. 
 
Ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни баргузории нахустин ҷаласаи пешвоёни эътилофи обу иқлим Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтавои худ зикр карда буданд, ки айни замон обшавии босуръати пиряхҳо, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ марбут аст, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои мушаххаси амалӣ роҳандозӣ кардааст. Чунончи, баҳри ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳои кишварамон то имрӯз як барномаи давлатӣ ва ду стратегия қабул шуда, амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, яке аз чунин санадҳо Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 ба ҳисоб меравад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми майи соли 2010 тасдиқ шудааст.  
Ҳар яки мо бояд аз мадди назар дур насозем, ки масъалаҳои экологӣ, хусусан таъмини ҳифзи пиряхҳо, метавонад ба суботи экологии  наслҳои ояндаи аҳолии Тоҷикистон ва минтақа созгор бошад. Бинобар ин, масоили равобити берунӣ оид ба беҳсозии вазъи мавҷудаи захоири пиряхҳои ҳудуди кишварамон, омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муҳофизати онҳо бояд боз ҳам ҷоннок карда шавад. 
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки дар замони   бархурди тамаддунҳо ҳифзи муҳити зист тимсоли заминае мебошад, ки ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро таъмин менамояд. Дар радифи ин мушкилоти экологӣ, яке аз тамоюлҳои  муосир масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби ошомиданӣ маҳсуб меёбад.  Суръати баланди афзоиши аҳолӣ дар минтақа ва  тағйирёбии иқлим, ки ба раванди обшавии пиряхҳо таъсири манфӣ мерасонад, сол ба сол боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳон мегардад. Мутобиқи арзёбии таҳлилҳои мавҷуда, то соли 2030 таъминот бо оби ошомиданӣ ба ҳар сари аҳолии кураи Замин ба ҳадди ниҳоиву хатарноки худ – камтар аз 1,7 ҳазор метри мукааб дар як сол мерасад. Дар муқоиса бояд гуфт, ки ин нишондиҳанда дар солҳои 60-уми асри гузашта тақрибан ба 6 ҳазор метри мукааб барои як одам дар як сол баробар буд.
Хулласи калом, ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли қазияи об дар ҷаҳон аз соли 1999 вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гардида, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз тариқи минбарҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ даъват кардаанд, ки ба қадри оби пок расед ва, ҳамзамон, пиряхҳоро, ки аз захираҳои асосии об маҳсуб меёбанд, ҳифз намоед.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикороти  сатҳи байналмилалии худ тавонистанд, ки миллату халқиятҳои гуногун, давлатҳову кулли ниҳодҳои минтақавию байналмилалиро баҳри ҳалли рафъи мушкилоти мавҷудаи сайёра, хусусан  масоили ҳифзи обу иқлим ва пиряхҳо, муттаҳид намоянд.
Тавре Доналд Туск, президенти Шурои Аврупо дар давраи солҳои  2014-2019 гуфта буд: “Имрӯзҳо на танҳо дар кишварҳои минтақа, балки дар ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосӣ дар ҳалли масъалаи норасоии оби ошомиданӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ дониста мешавад”.
Боиси хушнудист, ки ташаб-бусҳои наҷиби Сарвари давлати Тоҷикистон кафолати зиндагии шоистаи сокинони олам мебошад.
 
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ, 
рӯзноманигор, сармутахассиси шуъбаи табъу нашри Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Санаи нашр: 14.05.2024 №: 89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив