ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САМАРҚАНД МИЗБОНИ ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ОСИЁ

САМАРҚАНД МИЗБОНИ ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ОСИЁ

20 май 2024, Душанбе
20
0
Таҳти унвони “Бархурди минтақавӣ ба масъалаҳои ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии занон ва тавсеаи имкониятҳо” дар шаҳри Самарқанд Ҳамоиши байналмилалии занони Осиё баргузор гашт, ки дар он беш аз 400 намояндаи парлумон, муовинони сарвазирон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, занони соҳибкор, сиёсатшинос, олимон, намояндагони бахши иқтисод аз 30 кишвар ширкат варзиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мавсума Муинзода дар ин чорабинӣ ширкат намуд. 
Раиси Сенати Ӯзбекистон Танзила Норбоева дар маросими ифтитоҳи Ҳамоиш гуфт, ки таъмини ҳузури фаъоли занон дар соҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ аҳамияти хеле муҳимро касб менамояд.
- Баргузории ин Ҳамоиш ҷиҳати таъмини баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон хидмат хоҳад кард, ки дар умури давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пурсамар меҳнат мекунанд, - зикр намуд Т.  Норбоева. 
Муовини Дабири кулли СММ ва мудири иҷроияи “СММ – Занҳо” Сима Сами Бакчус изҳор намуд, ки ҷаҳони имрӯза бо буҳронҳо рӯ ба рӯ аст ва занону духтарон дар сафи пеши оқибатҳои харобиовари ин ҳолат қарор доранд. Занон ва духтарон дар ҳама ҷо барои муноқишаҳое, ки оғоз накардаанд, сахт азият мекашанд. Дар натиҷаи тағйирёбии босуръати иқлим боз 158 миллион зану духтар ба фақр рӯ ба рӯ мешаванд.
- Мо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи баргузор намудани ҳамоиши занони Осиёро пурра дастгирӣ мекунем, ки дар иҷлосияи 78-уми ассамблеяи генералии СММ баён кард. Моҳи апрели соли равон, дар арафаи сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Пешбурди баробарии гендерӣ ҳамчун ҳадафи рушди устувор” мулоқоти занони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар боби пешбарии баробарии гендерӣ мо табодули таҷриба намудем, - гуфт ноиби раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ.
Дар ҳашт ҷаласаи алоҳида дар доираи Ҳамоиши байналмилалӣ масъалаҳои умдаву муҳими занони кишварҳои Осиё баррасӣ шуданд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, узви кумитаи қонун ва интизом, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосиё Айюбӣ дар иҷлосияҳо роҷеъ ба дастовардҳое суҳбат карданд, ки ба таъмини ҳуқуқҳои занони тоҷик дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ марбут мебошад.
Ҳамоиши байналмилалии занони Осиё дар Самарқанд бо қабули қатънома ба поён расид. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”,
шаҳри Самарқанд
Санаи нашр: 20.05.2024 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив