ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲИИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ. ЧАРО ЧОРАҲОИ АНДЕШИДАШУДА КАМРАНГАНД?

САЙЁҲИИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ. ЧАРО ЧОРАҲОИ АНДЕШИДАШУДА КАМРАНГАНД?

21 май 2024, Сешанбе
24
0
Борҳо нигошта будем, ки сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ яке аз навъҳои маъруф ва оммавии сайёҳӣ  ба ҳисоб рафта, ҳамасола баҳри тамошои мероси ғании фарҳангу тамаддуни башар миллионҳо ҷаҳонгардон ба сафар мебароянд. Дар доираи он сайёҳон на танҳо аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, балки аз тарзи зист, урфу одат ва анъанаҳои хоси сокинони маҳаллӣ бохабар мешаванд. Ин як василаи хуби ҳам муаррифии таъриху фарҳанг ва ҳам ба даст овардани фоида ба хотири рушди минбаъда мебошад. Мутаассифона, гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихиву фарҳангӣ бошад ҳам, ёдгориҳои таърихиамон барои сайёҳони хориҷӣ то андозае камэътиборанд. Албатта, аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ҳамасола сайёҳони хориҷӣ дидан мекунанд, вале шумораашон қонеъкунанда нест. Миқдори онҳо метавонад зиёд бошад. 
 
Ба таври кофӣ пешрафт накардани сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ омилҳои гуногун дорад, ки баъзеи онҳоро номбар хоҳем кард. 
Пӯшида нест, ки рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии фарҳангӣ, аз сармоягузорӣ вобастагии зиёд дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар мамлакат маблағгузорӣ ба рушди сайёҳии фарҳангӣ ба андозаи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Албатта, ин сабаб дорад. Ба андешаи коршиносон, омили аслии ҷалб нагардидани сармоя ба рушди сайёҳии таърихӣ- фарҳангӣ дар набудани ҳамоҳангӣ байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иншооти сайёҳии фарҳангӣ мебошад.  
Бештари ёдгориҳо дар ноҳияҳо ҷойгиранд ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба онҳо таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир наменамоянд. Тибқи рӯйхат, 3413 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз беаҳамиятии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар харитаҳои заминсозии ноҳияҳо бархе ёдгориҳо ва мавзеъҳои муҳофизатии онҳо қайд нагардидаанд. 
Омили дигар, ин ба таври ҷолиб пешниҳод нашудани мероси ниёгон ба ҷаҳонгардон мебошад. Ин ҷо метавон ҳам тарғибу ташвиқ ҳам пешниҳоди хизматрасонии роҳбаладон ё гидҳоро ном бурд. Баръакси ҳол, роҳбаладони ҳамсоякишварҳо, ки дар асоси созишномаҳои тарафайн фаъолият мебаранд, дар бораи мавзеъҳои таърихӣ ва дигар ҷойҳои шоёни диққат маълумоти ҷолиби диққат пешниҳод карда метавонанд. Ғайр аз ин, дар сомонаҳои ширкатҳои сайёҳӣ маълумот нав намешавад. Иттилои мавҷуда қонеъкунанда набуда, баръакс дар сомонаҳои ширкатҳои хориҷӣ маълумоти муффасалу фарогир оид ба зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва, албатта, дигар кишварҳои минтақа ҷамъоварӣ шудаанд, ки яке аз онҳо «Central Asia Travel» мебошад.  
Бо мақсади таъмир ва ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои таърихӣ чанд маротиба Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки баъзе қалъаву шаҳрҳои бостонӣ ва дигар мероси моддию маънавӣ навсозӣ шаванд. Оё ин ба рушди сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ мусоидат кард? Гуфтан ба маврид аст, ки намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ аз таъмири ёдгориҳо изҳори норозигӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, баъди тармим ёдгориҳои бостонӣ баъзан  ҷолибияту асроромезии қаблии худро аз даст медиҳанд. Сайёҳон мехоҳанд боқимондаҳои аслии ёдгориҳоро бинанд, аммо баъзан аз шаҳомати қаблӣ чизе боқӣ намемонад, ки ба ин шаҳри асримиёнагии Ҳулбук ва қалъаи Ҳисор мисол шуда метавонанд. Бинобар ин, пешбарандагони сиёсати сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонӣ пешниҳод медоранд, ки ҳангоми тармими ёдгориҳо диққати асосӣ ба ҳифзи намои қаблии қадимаи биноҳо зоҳир шавад. 
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти дастовард ва дороиҳои бузурги таърихиву фарҳангӣ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба марҳалаи нави рушд ворид гардид. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Саразм яке аз ёдгориҳои қадимаи давраи неолит ва садсолаи аввали асри биринҷӣ, дар Осиёи Марказӣ беназир, ҳанӯз 31-уми июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гашт. Ёдгории табиию фарҳангии Боғи миллии Тоҷикистон соли 2013 ба Феҳристи асосии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҷашни Наврӯз аз ҷониби СММ мақоми байналмилалӣ гирифт. Шашмақом ҳамчун мероси фарҳанги башарӣ эътироф гашта, чакану атласу адрас чун арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик шинохта шуданд. Гузашта аз ин, соли 2023 СММ 15 ёдгории таърихиву фарҳангии Тоҷикистонро ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО пазируфт. Эътироф бояд кард, ки ҳамаи ин дастовардҳо ба фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ эътибори бештар бахшид, ҷолибияти Тоҷикистонро барои ҷаҳонгардон таъмин намуд, вале барои рушди сайёҳӣ боз каме саъй бояд кард. Дар ин роҳ  мақомоти дахлдорро кӯшишу талоши бештар мебояд, то дар хостаҳои давлату Ҳукумат саҳми муассир гирифта тавонад. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив