ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚБОЛИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН

ИСТИҚБОЛИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН

24 май 2024, Ҷумъа
5
0
 
23-юми май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Загулба баргузор шуд.
 
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани горди фахрӣ, гузориши фармондеҳи он, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди қатори сарбозон, арзи салом ба онҳо ва изҳори эҳтиром ба Парчами давлатии Озарбойҷон, ҳамчунин, шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Санаи нашр: 24.05.2024 №: 97
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив