ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН

АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН

24 май 2024, Ҷумъа
6
0
23-юми май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23-юми май ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Зимни сафари давлатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии ин кишвар мулоқот карда, аз рӯйи натиҷаҳои музокирот 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Рӯйдоди муҳими таърихии ин сафар аз ҷониби сарварони давлатҳо ба имзо расидани Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев  меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Озарбойҷон самимона гусел намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 23-юми май Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Боку ба Ватан баргаштанд. 
Санаи нашр: 24.05.2024 №: 97
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив