ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

31 май 2024, Ҷумъа
9
0
Сохтакории хизматӣ ду мансабдорро ба толори суд бурд
Директори Муассисаи давлатии “Дезинфексияи профилактикии ноҳияи Деваштич” М. Отаҷонов ва директори ҶДММ “Садафи Ғончӣ”-и ноҳияи Деваштич Д. Ҷӯраев бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ (245, 323) ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. 
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, зимни гузарондани санҷиши молиявӣ - хоҷагидорӣ дар фаъолияти Муассисаи давлатии «Дезинфексияи профилактикии ноҳияи Деваштич» муайян шудааст, ки  М. Отаҷонов дар давраи фаъолияти хизматиаш моҳҳои феврал-апрели соли 2023 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо директори ҶДММ “Садафи Ғончӣ”  Д. Ҷӯраев амал намуда, ба воситаи ҷамъияти мазкур дар 5 ҳолат бо роҳи сохтакории борхатҳои хароҷотӣ 203 102 сомонии барои харидории маводи безараргардонӣ ҷудошударо нақдӣ ва аз он 152 248 сомониашро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ азхуд карданд.
Дар ин робита нисбат ба М. Отаҷонов ва Д. Ҷӯраев бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» (азхудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 323 (сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.
 
 
 
 
Тафтишоти ҳодисае, ки бо марг анҷом шуд, идома дорад 
Кормандони мақомоти милитсия як сокини 38-солаи шаҳри Ваҳдатро,  бо гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбаршаванда бо ҳамсараш, ки якҷо дар манзили истиқоматии сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба таъмири хона машғул буданд, муноқиша карда, аз сабаби рашк ӯро мавриди лату кӯб қарор додааст. 
Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯи манзили истиқоматиашон ба ҳалокат расидааст.
Ҳоло аз рӯи ҳодиса тафтишот идома дорад.
 
 
 
Ду ноболиғ марди калонсолро ғорат карда, ба дасти милитсия афтоданд 
Ду ноболиғ дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 67-соларо лату кӯб карда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 950 сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони милитсия дар асоси муроҷиати марди ҷабрдида ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ гумонбарони ҳодисаро муайян карданд, ки ҳар ду ноболиғ сокинони  15 ва 16-солаи ҳамин ноҳия мебошанд.
Дар ин бора сомонаи ВКД хабар дод.  
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи  “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 30.05.2024 №: 101-102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив