ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

03 июн 2024, Душанбе
10
0
«ЧӢ ҲОЛ ДОРӢ, МАЪЮБ?»
Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мақолаи «Чӣ ҳол дорӣ, маъюб?»-ро, ки 2-юми марти соли 2023 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
 
Вобаста ба мавзуи мазкур иттилоъ медиҳем, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми декабри соли 2022, № 596, «Дар бораи пардохт намудани кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ», соли 2023 ба 68 835 оилаи камбизоат, аз ҷумла оилаҳои камбизоате, ки  маъюб доранд, 41 миллиону 301 ҳазор  сомонӣ (ба ҳар оила 600-сомонигӣ) пардохт шуд.
Соли гузашта, тибқи дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, 37 нафар маъюбон бо роҳхатҳои табобатии санаторию курортӣ ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ (Ромит, Дӯстӣ, Харангон ва Биби Фотимаи Заҳро) фиристода шуданд.
Соли 2023 аз ҷониби шуъба ба 63 нафар, Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон» ба 13 нафар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ба 21 нафар, дар умум 97 нафар маъюбони эҳтиёҷманд, аробача тақдим гашт. Ҳамзамон, аз ҷониби филиали Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе» дар шаҳри Хуҷанд 67  нафар бо асо, 35 нафар бо асобағал, 5 нафар бо роҳгардак, 3 нафар бо асои оринҷӣ, 12 нафар бо асои нобиноӣ, 2 нафар  бо дастгоҳи шунавоӣ, 178 нафар бо протез таъмин гардида, 233 протези пою даст таъмир шуда, дар маҷмуъ, 1136 нафар маъюбон аз хизматрасонӣ баҳра бурданд.
Ҳамчунин, мувофиқи қарори раиси вилоят ба 1250 нафар маъюби гурӯҳҳои I ва II, кӯдакони маъюб аз оилаҳои камбизоат ва ятимони кулли имконияташон маҳдуд, ки андозаи нафақаи асосии онҳо аз ҳаҷми ҳадди ақалли нафақа паст мебошад, ба ҳар яке 300-сомонигӣ кумаки моддии яквақта  (дар умум, 375 000 (сесаду ҳафтоду панҷ ҳазор) сомонӣ) ҷудо ва тавассути «Амонатбонк» ба маъюбон расонда шуд. Ҳамагӣ барои таҷлили Рӯзи маъюбон дар вилоят 586 ҳазору 786 сомонӣ харҷ гардид, ки аз ин маблағҳо 375 ҳазор сомонӣ аз буҷети вилоятӣ буда, 211 ҳазору 786 сомонӣ аз буҷети шаҳру ноҳияҳо ва аз ҳисоби соҳибкорону саховатмандон мебошад.
Инчунин, бо мақсади ҳифзи иҷтимоиёти нобиноён, ҳамасола 15-уми октябр дар вилоят рӯзи «Асои сафед» доир мегардад, ки ба ин муносибат соли гузашта бо қарори раиси вилоят ба 1729 нафар маъюби гурӯҳи I аз рӯи нобиноӣ 518 ҳазору 700 сомонӣ (ба ҳар як нафар 300-сомонигӣ) тақдим гашт.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба 944 нафар ( барои 297 оилае, ки се ва зиёда аз он маъюб доранд) кумаки молиявӣ ба маблағи умумии 94 ҳазору 400 сомонӣ (100-сомонигӣ ба ҳар нафар) дода шуд.
Ҳамасола ба муносибати идҳо ва рӯзҳои таърихӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактабҳо барои бачаҳои ятим ва маъюб, хонаҳои кӯдакон, оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ёриҳои моддиву молиявӣ расонда мешаванд. Дар маҷмуъ, тайи соли гузашта дар арафаи рӯзҳои таърихӣ ва идҳо ба эҳтиёҷмандон 28 миллиону 502 ҳазор 562 сомонӣ кумакҳои моддиву молиявӣ расонда шуданд. 
Чун ҳамеша, соли 2024 тибқи дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шуъба ҷиҳати дастгирии маъюбон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ корбарӣ менамояд.
 
Абдуазиз ЗУҲУРОВ, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД вилояти Суғд
Санаи нашр: 03.06.2024 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив