ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШИ САБУК

ВАРЗИШИ САБУК

04 июн 2024, Сешанбе
13
0
Илдар Аҳмадиев дар Боку ду медал гирифт
Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон 27-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Афган Сафаров доир гашт. 
Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони мизбон намояндагони Гурҷистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Уммон ширкат доштанд.
Ҷумҳурии моро Илдар Аҳмадиев намояндагӣ карда, дар ду сабқат ба гирифтани ду медали тилло мушарраф шуд. Ӯ дар дав ба масофаҳои 100 метр бо натиҷаи 10.86 сония ва 200 метр бо натиҷаи 21.78 сония ҷои аввалро гирифт.
 
 
 
ГӮШТИИ ОЗОД
Виктор Рассадин қадр шуд
Узви дастаи мунтахаби гӯштии тарзи озоди Тоҷикистон Виктор Рассадин, ки чанде пеш дар Истанбул роҳхати Бозиҳои олимпии Парижро ба даст овард, аз ҷониби Федератсияи гӯштии Тоҷикистон қадр шуд.
Виктор Рассадин сокини Ҷумҳурии Сахаи Федератсияи Россия соли гузашта шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифт ва имкони иштирок дар мусобиқаҳоро аз номи кишвари мо пайдо кард. Ӯ имсол дар Чемпионати Осиё, ки моҳи апрел дар Бишкек (Қирғизистон) доир гашт, дар вазни 74 кг медали нуқра ва дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Истанбул роҳхати Бозиҳои олимпиро сазовор шуд. 
Раиси Федератсияи гӯштии Тоҷикистон Ҷамшед Машрабзода ба Виктор Рассадин барои ин дастовард 10 000 доллари ИМА тақдим кард. Ҳамчунин, аз номи намояндаи ҷамъияти тоҷикони Уфа Фурқат Икромов ба гӯштигир 5000 доллари ИМА супурда шуд.
 
 
 
ФУТБОЛ
Мунтахабҳои ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ва Беларус ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20), дар доираи омодагӣ ба марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич бо тими ҷавонони Беларус ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Бозии санҷишии якум 7-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода ва бозии дуюм 10-уми июн дар майдони Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Варзоб сурат мегиранд.
Марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 21 то 29-уми сентябр баргузор мешавад. Рақибони дастаи ҷавонони мо дар марҳалаи интихобӣ 13-уми июн муайян мегарданд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.06.2024 №: 105
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив