ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ  ВА РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ  ВА РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ

05 июн 2024, Чоршанбе
32
0
 
Бо назари аҷр ва сипос нигаристан ба мақоми шахсият дар таърихи давлатдории инсоният назари нав набуда, масъалаест ҳамрадифи тақдири он насле, ки бо идрок ва эҳсоси амиқ ба гузашта ва имрӯзи Ватани маҳбуб бо чашми умед баҳри саодат ва хушбахтии миллат менигарад. Муҳтавои назар ва ибрози андешаи мо дар ин мавзуъ ба он равона гардидааст, ки мақом ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар рушди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то андозае нишон диҳем.
 
Таърихи навини тоҷикон гувоҳ аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи фалокат берун оварда, ҳазорон   ғурбатзадаро ба Ватан баргардонда, халқро сарҷамъу муттаҳид карданд. Бо иродаи Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳи таърих харобаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бартараф, иншооти азиму роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд гардида, робитаҳои дипломатӣ бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ васеъ ба роҳ монда шуданд.
Тавре маълум аст, пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, эълон дошт, ки фаъолияти он ҳамчун давлати комилҳуқуқ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда мешавад. Ин масъала дар Эъломияи истиқлол дарҷ гардидааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо шартномаҳои байналхалқӣ мебандад».
Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали фаъолияти сиёсиашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, мардуми оламро ба муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҳалли мушкилоти глобалии сайёра даъват намудаанд. 
Мо ифтихор аз он дорем, ки имрӯз аҳамияти иқдомҳои Президенти Тоҷикистонро дар саросари олам дарк менамоянд. Ин аст, ки то кунун 5 ташаббуси байналмилалии Сарвари давлати мо вобаста ба обу иқлим аз сӯи кишварҳои ҷаҳонӣ мақбул ва аз ҷониби СММ пазируфта шуданд. Ҳоло ташаббуси сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мавриди амал қарор дошта, то кунун пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мизбони конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баланд дар доираи ин Даҳсола гардидааст.  
Роҳи сиёсату давлатдорие, ки Эмомалӣ Раҳмон тай намуданд, роҳи садсоларо мемонад. Зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровари Президенти мамлакат, ташаббусҳои созандаву некбинонаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ нисбат ба ҳалли мушкилоти аҳли башар мардуми сайёра ба Тоҷикистон бо назари эътимод ва эҳтиромона менигаранд.
Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои кушода» ба он мусоидат намуд, ки Тоҷикистон узви шоистаи ҷомеаи байналмилалӣ гардад, равобити сиёсӣ ва ҳамкории  судмандро бо аксар давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монад. Аз пиёдасозии чунин дипломатия то имрӯз натиҷаҳои мусбату дилхоҳ ба даст омада, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар асоси принсипҳои байналмилалии баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми тарафайн бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Амрикову Аврупо, Осиёву Африқо робитаҳои мустақими дипломатӣ ба роҳ монд. Ҳоло Тоҷикистон бо 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, барои муаррифии боз ҳам бештари симои мусбати кишвар, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, доир ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаи консулии кишвари мо дар хориҷи мамлакат фаъолият доранд.
 
Ш. ҲОТАМЗОДА, судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 05.06.2024 №: 106
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив