ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШИ САБУК

ВАРЗИШИ САБУК

05 июн 2024, Чоршанбе
12
0
Муваффақияти варзишгарони тоҷик дар чемпионати Ӯзбекистон
Варзишгарони тоҷик дар чемпионати кушоди Ӯзбекистон оид ба варзиши сабук 5 медал – 2 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ гирифтанд. 
Мусобиқа бо иштироки 355 варзишгар аз минтақаҳои Ӯзбекистон, инчунин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Украина доир гашт. Ба ҳайати тими Тоҷикистон 13 нафар шомил буд.
Фаворис Музрапов дар дав ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 10,48 сония медали тилло ва дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 21,27 сония медали нуқра ба даст овард. Муҳаммадризо Мирзозода дар дав ба масофаи 400 метр бо монеаҳо (53,27 сония) ҷойи аввалро гирифта, меъёри устоди варзишро иҷро кард. Медали дигари нуқраро Леонид Пронженко дар дав ба масофаи 110 метр бо монеаҳо (14,94 сония) сазовор шуд. Кристина Пронженко бошад, дар дав ба масофаи 400 метр (1:03,48) медали биринҷиро соҳиб гашт.
 
 
 
ФУТБОЛ
Қуръакашии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 баргузор шуд
4-уми июн дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и пойтахт маросими қуръакашии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 баргузор гардид. 
Дар ин давр 12 дастаи лигаи олӣ ва 4 дастаи лигаи якум, ки аз марҳалаи муқаддамотӣ гузаштанд, рақобат мекунанд. Тибқи низомнома, дастаҳо бо ҳам ду бозӣ – хонагӣ ва дар сафар анҷом дода, аз ҳисоби натиҷаи умумӣ ба даври 1/4-ниҳоӣ роҳ меёбанд. 
Дар натиҷаи қуръакашӣ 8 ҷуфт ба таври зайл муайян шуд: «Истиқлол» - “Эсхата”, “Душанбе” - “Истаравшан”, “Сардор” - “Шодмон”, “Барқчӣ” - “Регар-ТадАЗ”, “Куктош” - «Вахш», «Файзканд» - «Хуҷанд», “Ҳосилот” - КМВА, “Панҷшер” - “Равшан”.
Вохӯриҳои аввал рӯзҳои 27-29-уми июл баргузор мегарданд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.06.2024 №: 106
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив