ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИЛВАИ ҶАМОЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР АШЪОРИ МАВЛОНО

ҶИЛВАИ ҶАМОЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР АШЪОРИ МАВЛОНО

10 июн 2024, Душанбе
12
0
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки бо гузашти садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо зиёву нур ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад ва барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони модарии мо барои имрӯзу фардо хидмат мекунад.
Худи Мавлоно низ бо камоли итминон сурудаҳои дилпазири худро дар пайкари забони модарии деринасоли мо оби ҷонбахш ва руҳи нав арзёбӣ кардааст, ки ҳақ ба ҷониби ӯст:
Оби ҳайвон хон, махон инро сухан,
Руҳи нав бин дар тани ҳарфи куҳан.
Ба назар чунин мерасад, ки муқаддасоти миллии мо, аз ҷумла забону фарҳанг, барои Мавлоно ҳамчунон азизу маҳбубанд ва ӯ ба забону фарҳанги миллии мо дилбастагӣ ва алоқамандии хос дорад. Лаззати табъи сурудани сухани баландро ӯ бегумон аз чашидани қанди забони биҳиштии модарӣ дарёфтааст:
Порсӣ гӯйем, яъне ин кашиш,
З-он тараф ояд, ки омад он чашиш.
Аз назари мухтасар ба забони баёни осори Мавлоно, асосан, ду ҷанбаи муҳими вожашинохтии ин осор ба мушоҳида мерасад: якум, истифодаи босамар аз ганҷинаи вожагону таркибҳои забони адабӣ ва забони зиндаи мардум, бахусус забони тоҷикони рӯзгори муаллиф, ки то ба имрӯз аксари ин вожаву таркибҳо дар забони мо мавриди истифодаву баҳрагирӣ қарор доранд; дувум, вожасозӣ ва таркиббандӣ, яъне сохтани вожа ва таркибу ибораҳои нави зебову хушандом.
Дар робита ба истифода аз ганҷинаи вожагону таркибҳои забони адабӣ ва забони зиндаи мардум метавон гуфт, ки осори Мавлоно дар ин замина беҳтарин ва боризтарин намуна ба ҳисоб меравад ва чунин тарзи корбасти босамар аз вожагони забони адабӣ ва калимаву ибораҳои мардумии тоҷикӣ дар осори бузургони дигари забону адаби мо камтар ба мушоҳида мерасад.
Ибораҳои зебову дилпазири барои мо – тоҷикон, аз кӯдакӣ ошно, чун «ёри меҳрбон», «реги Ому», «оби Ҷайҳун»…, ки дар шеъри маъруфи устод Рӯдакӣ “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд, ҳаме” истифода шудаанд, дар ашъори Мавлоно умри дубора ёфтаанд:
Бӯйи боғу гулситон ояд ҳаме,
Бӯйи ёри меҳрбон ояд ҳаме.
* * *
Рӯ ниҳод он ошиқи хунобарез,
Дил тапон, сӯйи Бухоро гарму тез.
Реги Омун пеши ӯ ҳамчун ҳарир,
Оби Ҷайҳун пеши ӯ чун обгир.
Чунонки мебинем, тавсифи Мавлоно дар бобати азми Бухоро кардани ошиқи маҳҷур бо ҳамон шеъри устод Рӯдакӣ ва аз Бодғис осемасар рӯй ба Бухоро ниҳодани амири фозили сомонӣ – Насри писари Аҳмад (914-943) на танҳо шабоҳати зоҳирӣ, балки пайванди амиқи ботинӣ дорад.
Бояд сареҳан таъкид кард, ки дар ашъори Мавлоно калимаву ибораҳои мардумии тоҷикӣ, аз қабили «базӯр», яъне бо азобу машаққат («То ту аз боло фуруд ойӣ базӯр»), «бемалол» («Мекунад такрори гуфтан бемалол), «гавора» - шакли гуфтугӯйии гоҳвора («Дар гавора шир бар тифлон фишонд»), «гоҷ», яъне аблаҳу нодон («Аждаҳо як луқма кард он гоҷро»), «даркор» («Хокпошии ду олам пеши мо даркор нест»), «дина», яъне дирӯз («Имрӯз беҳ аз дина, эй мӯниси дерина»), «додар» ба маънии бародари хурд («Додари он тоҷи шайхислом буд»), «калла», яъне сар («Аз ғубор ар пок дорӣ калларо»), «кампир», яъне пиразан («Рӯзи шаҳ дар ҷустуҷӯ бегоҳ шуд,/ Сӯйи он кампиру он хиргоҳ шуд»),  «санбӯса» («Зиҳӣ бӯса, зиҳӣ бӯса, зиҳӣ ҳалвову санбӯса»), «ширгарм» («Гуфт: Обаш деҳ, валекин ширгарм!») ва ғайра мавриди истифодаи густарда қарор гирифтаанд, ки имрӯз низ аксари онҳо бо ҳамон мазмуну маънӣ дар истеъмол қарор доранд.
Дар баробари ин, корбасти фаровон аз ибораҳои рехта ва зарбулмасалу мақол дар ашъори Мавлоно, чун «дам супурдан» ба маънии ҷон додан («Гуфт: Дамам чи медиҳӣ, дам ба ту ман супурдаам, Ман зи ту бехабар наям, дар дами дам супурдано!»), «чашм паридан» («Чашм паррад бар умеди сиҳҳатӣ?»), «бо думи шер бозӣ кардан» («Бо думи шере ту бозӣ мекунӣ»), «калларо бар девору дар кӯфтан» ба маънии пушаймон шудан («Калларо мекӯфт бар девору дар»), «кор аз кор хестан» («Гуфт: Маъшуқам ту будастӣ, на он,/ Лек кор аз кор хезад дар ҷаҳон!»), «корд ба устухон расидан» («Бозхар моро аз ин нафси палид, / Кордаш то устухони мо расид»), «на сих сӯзад, на кабоб» («То аз он на сих сӯзад, на кабоб!»), «ҳар чӣ мекорӣ, ҳамон медаравӣ» («Ба доси меҳр ҳамон бидравӣ, ки мекорӣ!»), «ҷӯянда - ёбанда» («Сояи Ҳақ бар сари банда бувад,/ Оқибат ҷӯянда ёбанда бувад!») ва ғайра барои маҳбубияти зиёд пайдо кардан ва мақбулу писанди хосу ом гардидани сурудаҳои ӯ бештар мусоидат кардаанд.
Чунонки гуфтем, ҷанбаи дигари муҳими вожашиносии осори Мавлоноро вожасозӣ ва ибораороиҳои зебову дилнишин ташкил медиҳад. Ба баёни дигар, дар сурудаҳои ӯ вожаву ибораҳои зиёди зебову шево мавҷуданд, ки ба андешаи мо, шояд бархе сохтаи завқи салими худи ӯ бошанд, зеро ин калимаву ибораҳо дар осори муаллифони пеш аз вай ба мушоҳида намерасанд. 
Дар ин радиф метавон аз вожаҳои  нағзрӯ:
Нағзрӯён сӯйи зиштон кай раванд,
Булбул андар гулбунон ояд ҳаме.
аввалбин, охирбин:
Ҳар кӣ аввалбин бувад, аъмо бувад,
Ҳар кӣ охирбин чи бомаъно бувад.
арзонбаҳо:
Аё ҳавои ту дар ҷонҳо, салом алайк!
Ғулом мехарӣ арзонбаҳо, салом алайк!  
ибораҳои чашми охирбин, чашми охурбин:
Чашми охирбин тавонад дид рост,
Чашми охурбин ғурурасту хатост.
ва монанди инҳо ёдовар шуд.
Яке аз вижагиҳои дигари вожагонии ашъори Мавлоно бо таваҷҷуҳ ва дар заминаи забони гуфтугӯйии тоҷикӣ кор бастани бархе исмҳои ҷамъ, ҷонишинҳои шахсии шумораи ҷамъ ва феълҳои шакли ҷамъ аст. Масалан, дар ашъори ӯ баъзе вожаҳои шакли ҷамъи арабӣ бо аломатҳои ҷамъи тоҷикӣ -ҳо, -он дубора ҷамъбандӣ шудаанд:
Султони салотинон - Шамсулҳақи Табрезӣ,
Эй аз ту машоми ҷон зебо шудаву гӯё.
Ҷонишинҳои шахсии шумораи ҷамъ -мо, -шумо ба гунаи -моҳо ва -шумоҳо низ корбаст шудаанд:
Солҳо дафъи балоҳо кардаем,
Ваҳм ҳайрон, з-он чи моҳо кардаем…
Гуфт султон: “Имтиҳон хоҳам дар ин,
К-аз шумоҳо кист дар даъво гузин?” 
Мавлоно баъзе вожаву истилоҳоти иқтибос аз забонҳои дигарро бо маъниву мазмуни наву тоза кор бастааст. Масалан, истилоҳи юнониасли «устурлоб», ки аслан ба маънии олати расад кардани ситорагон ва ҷирмҳои мунир аст, дар «Маснавӣ» ба маънии ойинаи таҷаллии асрори илоҳӣ истифода шудааст:
Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,
Ишқ устурлоби асрори Худост.
Ҳосили сухан, ҷилваи ҷамоли забони модарӣ бо ҳама шукӯҳу ҷалол ва ғояти камоли худ дар сурудаҳои дилангезу дилпазири Мавлоно ба дид меояд, ки аслан ниёз ба далелу бурҳон ва таърифу тавсиф надорад. Забони баёни ашъори Мавлоно далели равшани шевоию асолат ва қудрату азамати забони модарии мо барои ҳамаи давру замонҳост. Худи ӯ ба ин маънӣ чи бас неку фармудааст:
Офтоб омад далели Офтоб,
Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб.
 
Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ
Санаи нашр: 07.06.2024 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив