ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ЧИН. БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ БИСЁРҶОНИБА ДАР ТОШКЕНТ

ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ЧИН. БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ БИСЁРҶОНИБА ДАР ТОШКЕНТ

10 июн 2024, Душанбе
22
0


4-уми июн дар Тошкент дар мавзуи “Ҳамкории мутақобилан судманд дар роҳи пешрафти муштарак ва рушди устувор” Форуми IV марказҳои таҳлилии “Осиёи Марказӣ – Чин” баргузор гашт. Чорабинӣ аз ҷониби Институти стратегӣ ва тадқиқоти байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Фарҳангистони илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил шуд.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 40 нафар роҳбарон ва мутахассисони тақрибан 20 маркази тадқиқотиву таҳлилӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ширкат варзиданд. Тоҷикистонро Рашид Олимов – профессори Академияи идоракунии давлатӣ, Хайриддин Усмонзода – директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Абдуҷаббор Раҳмонзода – сафири  фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон намояндагӣ карданд. Дар Форум баррасии вазъи кунунии ҳамкориҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи ҳамкориҳои саноатӣ, рақамисозӣ, “иқтисоди сабз”, инчунин, равобит дар бахшҳои нақлиёт, логистика ва инноватсия сурат гирифт.
Дар бахши аввали Форум директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода дар мавзуи «Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин баҳри субот ва рушди Осиёи Марказӣ» маъруза намуд. Вай гуфт, ки дӯстии самимӣ ва таваҷҷуҳ ба густариши ҳамкориҳои байни мардуми Тоҷикистон ва Чин дар суннатҳои таърихию тамаддунии мо, ки имрӯзҳо боз ҳам ривоҷ ёфта, симои тоза ва мазмуни амиқ пайдо кардааст, натиҷаҳои пурсамар ба бор меоваранд.
– Осори чунин мулоқот ва бою ғанӣ гардондани таҷрибаи пурсамари тамаддун, тули ҳазорсолаҳо ба тору пуди иртиботот ва муколамаи халқҳои мо ворид гардида, ба шуури мардумони мо ғизои маънавӣ медиҳанд ва  ҷаҳонбинии халқҳоямонро васеъ менамоянд. Имрӯз дар пасманзари афзоиши тамоюлҳои харобиовар дар ҷаҳон, Тоҷикистон ва Чин бо пайравӣ ба суннатҳои қадимаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ҷиҳати таҳкими иртибототи муштарак ва равобити устувор саъю талош меварзанд,- изҳор намуд Хайриддин Усмонзода.
Мавсуф, ҳамчунин,  зикр намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобила ба истиқлолият, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои бунёдии ҳамдигар бунёд ёфтаанд. Вай гуфт, муносибати гарму самимӣ ва дӯстонаи ин ду халқ барои ҳамкории бисёрҷонибаи ҳар ду мамлакат бештар аз ҳамин принсипҳо сарчашма мегирад.   “Бо такя ба ин, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкими равобити устувор, дӯстона ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Чин авлавият дода мешавад”, - тазаккур дод Х. Усмонзода.
Дар асоси натиҷагириҳои масъалаҳое, ки дар Форум баррасӣ гардиданд, ҷонибҳо нуқтаҳои нави тамоси манофеи Чин ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар самтҳои кунунии ҳамкориҳо муайян намуданд. Ҳамзамон, бо мақсади мустаҳкам кардани ҳамкории бисёртарафа, иштирокчиёни Форум пешниҳоди мушаххасро ба миён гузоштанд, ки дар оянда ба нафъи давлатҳои ҳамкор хидмат хоҳад кард.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.06.2024 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив