ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

10 июн 2024, Душанбе
15
0
ҚАЗОВАТ КУНЕД!
Ҳангоми аз сомонаҳои интернетӣ гирифтани далелу арқом бояд эҳтиёт кард, зеро дар баъзеи онҳо дурӯғ низ ҷой дорад. Аз ҷумла, баҳри омода намудани матлабе барои саҳифаи «Шоми шанбе» вориди сомонаи стофактов.рф шуда, дарҳол ба дурӯғи ишон дучор гаштам. 
Худ қазоват кунед, дар бахши «16 факти аҷиб дар бораи забонҳо» гуфта мешавад, ки фаронсавӣ тули шаш аср забони расмии Британияи Кабир буд. Аммо ҳамин маънӣ дар бахши «33 факти аҷиб дар бораи Британияи Кабир» муддати он се аср зикр гардидааст. Ба гумонам, аз ин дида факти аҷибтаре нест, ҳамин тавр не?
 
Таҳияи Ш. ШОКИР
 
 
 
 
ИНСОНГАРОӢ ВА ИНСОНШИНОСӢ
Ҷавоне вориди автобус шуда, дар ҷойи холӣ нишаст. Автобус зуд аз одам пур шуду сафи занону пиронсолон афзудан гирифт. Ин вақт зани солхӯрдае  бо ишора ба ҷавоне, ки бепарво нишаста буд, мегӯяд:
– Ҳангоми ҷавон будан, мо ба калонсолҳо ҷой медодем, то роҳат бошанд.
Ҷавон, ки мусиқӣ гӯш мекард, гапи занро нашунид.
Ҳамин вақт марде оҳиста ба китфи ҷавон зада, гуфт: 
–  Эй беинсоф, ақли ба калонсолон ҷой доданро надорӣ?
Ҷавон чун аз асли воқеа огоҳ гашт, хам шуда, аз зери курсӣ асобағалашро гирифт. Ҳоли ӯро дида, автобуси пурғалоғула якбора хомӯш шуд. Ҷавон бе он ки чизе гӯяд, барои худ ҷойи мувофиқе ёфта, ба асобағал такя намуда, рост истод. Автобус то истгоҳи охирон пур аз одам буд, вале касе дар он ҷои холӣ майли нишастан накард. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ДОНИСТАН ХУБ АСТ!
 
Олимони Донишгоҳи Калифорния муайян карданд, ки Моҳ, тахминан, 4,51 миллиард сол қабл пайдо шудааст. Онҳо ба ин хулоса пас аз таҳлили намунаҳое, ки дар таркиби худ сиркон доштанду соли 1971 аз тарафи кайҳоннавардони киштии кайҳонии “Аполлон-14” оварда шудаанд, расиданд.
Ба андешаи профессор Кевин Маккиган, дар таркиби сиркон «соати табиӣ» мавҷуд мебошад, ки бо ёрии ин минерал метавон таърихи ҷирмҳои осмониро ошкор кард. 
Мувофиқи таҳқиқоти охирин, Моҳ на пас аз 100-200 миллион соли пайдоиши системаи офтобӣ, балки баъди 60 миллион соли зуҳури он  ба вуҷуд омадааст.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
ЮЙ ЮЖАН.  САРВАТМАНДИ  КӮЧАРӮБ
 
Баъзе сарватмандон хислатҳои аҷиб доранд. Масалан, хонум Юй Южан  бо дороии ҳангуфти худ метавонад дар ягон ҷой кор накунад, аммо сарфи назар аз ин, вай ҳар рӯз то баромадани Офтоб тамоми кӯчаҳои Уханяро, ки дар он зиндагӣ мекунад, мерӯбад.
Сарват барои Юй Южан муфт ба даст наомадааст. Ӯ фирефтаи пулу бойигарӣ ҳам нест. Бо кори вазнини ферма вай ҳамроҳи шавҳараш аввал хонаи сеошёна сохтанд ва ҳуҷраҳои алоҳидаи онро ба иҷора доданд. Ин амал барои хонавода фоидаи хубе овард. Ин бор онҳо тасмим гирифтанд боз ду бинои дигар бунёд намоянд. Ҳоло онҳо соҳиби 17 бинои истиқоматианд, ки маблағашон 1,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Пул хосияти дигар кардани инсонҳоро дорад. Одамони доро мағруру мутакаббир мешаванд, вале Юй Южан заррае тағйир наёфтааст.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Соли 1992 Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъсис ёфт ва Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз соли 1996 дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунад ва то имрӯз 4 медал: тилло, нуқра ва ду биринҷӣ дорад. 
Медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров соли 2016 дар Рио-де-Жанейро, медали нуқраро гӯштигир Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Пекин, медалҳои биринҷиро ҷудокор Расул Боқиев соли 2008 дар Пекин ва муштзан Мавзуна Чориева соли 2012 дар Лондон ба даст овардаанд.
Умуман, аз соли 1996 то 2021-ум 49 варзишгари тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кардаанд, ки 11 нафараш бонувон мебошанд. Аз ҳама бештар дар чор олимпиада (2004, 2008, 2012, 2016) Дилшод Назаров Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст. 
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
 
 
 
Насиҳати зиндагисоз аз Шекспир
Аз Шекспир нақл аст, ки мегӯяд: «Ҳамаи проблемаҳо дар ҳаёти инсон маъно ва аҳамият доранд. Дар баробари ҳар мушкилӣ қавӣ бошед, зеро пас аз ҳар торикӣ рӯшание дар пеш аст. Ҳамеша шоду хандон бошед ва агар хоҳед, ки хушбахт шавед, хушбахтона зиндагӣ кунед. Пеш аз он ки сухан гуфтед, ба ҳарфи дигарон низ гӯш диҳед. Қабл аз навиштан фикр кунед. Ба одамони хуб диққат диҳед, зеро шумо яке аз онҳо ҳастед!».
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
СУХАНИ КӮТОҲ
Модаре мегуфт: Ман даҳ фарзандамро дар як хонаи хурдам бузург кардаам, аммо ҳоло онҳо дар даҳ манзили бузургашон ҷое барои ман надоранд.
* * *
Бахшидан, яъне зиндагӣ кардан. Агар даст аз тамоил барои бахшидан бардоред, дигар чизе барои зиндагӣ кардан намемонад.
 
* * *
Бо мурур, ки синнатон болотар меравад, ба ин дарк хоҳад расид, ки ду даст доред: яке барои ёрӣ ба худатон, яке барои ёрӣ ба дигарон.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
АВРААМ ЛИНКОЛН 
Як далели хоксории Президенти 16-уми ИМА 
Авраам Линколн писари кафшдӯзе буд. Вақте ки Президенти ИМА интихоб шуд, ашрофзодаҳо ба ғазаб омаданд. Дар аввалин рӯзи роҳбарӣ, чун ба минбар баромад, ашрофзодае аз ҷой хеста гуфт:
– Оғои Линколн! Ҳарчанд мақоми президентиро гирифтед, фаромуш накунед, ки фарзанди кашфдӯзед. Дар ин ҷо аксари сенаторҳо кафшҳое ба по доранд, ки сохти дасти падари шумост. Бинобар ин, ҳеҷ гоҳ асли худро аз ёд набароред!
 Ӯ фикр кард, ки бо ин кораш Президентро таҳқир мекунад. Аммо ғайричашмдошт Авараам Линколн оромона посух дод:
– Ман миннатдорам, ки пеш аз ироаи нутқ падарамро ба ёд овардед. Ӯ ҳунарманде буд асил. Ман намедонам, дар ин мансаб то куҷо ба пояи падар мерасам. Барои ҳамин, ба шумо ашрофзодаҳо хотирнишон менамоям: агар кафшҳои сохтаи падарам пойҳоятонро озор диҳад, ба ман хабар диҳед, то худам ба манзилатон барои таъмири онҳо биравам. 
Таҳияи З. РАҶАБ
 
 
 
 
АФИНА МАТТЕЙ.  НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН
                                       
Афина Маттей муҷассамаи қадимии санъати румӣ буда, он дар осорхонаи Луври шаҳри Париж маҳфуз аст. Онро дар асри IV пеш аз милод рассом ва ҳайкалтароши Юнони Қадим Евфранор меофарад. 
Ҳайкал аз металли биринҷӣ сохта шуда, соли 1959 дар шаҳри Пирейи Юнон кашф мешавад.  То соли 1626 он дар коллексияи Маттей буд,  аз ин рӯ, номи худро аз он мегирад. То соли  1814 муҷассама дар хонаҳои ашрофиён нигоҳ дашта мешуду соли 1814 ба дасти шоҳи Фаронса Людовики XVIII мегузарад ва ӯ онро ба осорхонаи Лувр тақдим мекунад.                                                                           
Таҳияи Судоба ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
ХУБУ НЕКУКОР БОШЕД!
Аз ҳакиме пурсиданд:
– Барои хуб будан, кадом рӯз беҳтар аст?
Гуфт:
– Як рӯз қабл аз марг.
Гуфтанд:
– Охир, касе рӯзи маргашро намедонад.
Ҳаким фармуд: 
– Пас, ҳар рӯзи зиндагиро рӯзи охирин фикр кунед ва хубу некукор бошед. 
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
ПАРЧАМИ ДУ КИШВАР БО РАНГИ АРҒУВОНӢ
Танҳо  ду кишвар ранги арғувониро дар Парчами миллии худ истифода бурдаанд. Дар Парчами Ҷумҳурии Никарагуа рангинкамони марказӣ ва дар Парчами Доминика тӯтии сиссеру. 
Ин усулҳое, ки дар парчамашон бо ранги арғувонӣ тасвир кардаанд, ду давлати ягона дар ҷаҳон муаррифӣ мешаванд.
Таҳияи Мафтуна Бахтибекова
 
 
 
 
КАЛОНТАРИН КИТОБИ ҶАҲОН
27-уми феврали соли 2012 гурӯҳи «Mshahed International» (Амороти Муттаҳидаи Араб) дар шаҳри Дубай маҷмуаи «Паёмбар Муҳаммад»-ро муаррифӣ намуд, ки ҳамчун калонтарин китоби ҷаҳон эътироф гардида, ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» ворид шуд. 
Ҳаҷми китоби мазкур 5 метр ба 8,06 метр буда, қариб 1,5 тонна вазн дорад ва аз 429 саҳфа иборат мебошад. Тавре гуфта мешавад, дар эҷоди ин шоҳкорӣ беш аз 50 нафар заҳмат кашидааст.
Дар асар оид ба муваффақияту музаффариятҳои бадастовардаи Паёмбари ислом (с) тули ҳаёташ сухан рафта, ҳамзамон, таъсири неке, ки дини ислом дар арсаи байналмилалӣ мегузорад, тавсиф мегардад.  
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
 
 
 
БОВАР НОКАРДАНИСТ АММО...
ШАРЛИЗ ТЕРОН
Ҳунарманди амрикоӣ ва продюсери муваффақ Шарлиз Теронро ҳаводорони кино хуб мешиносанд. Аксарият шояд медонанд, ки ӯ дар баробари ҷоизадори «Оскар» ва «Глобуси тиллоӣ» буданаш, ҳамчунин, аз ҷониби Академияи бритонии кино ва санъати телевизионӣ (BAFTA) «Беҳтарин актрисаи нақши занона» эътироф шудааст. Баъзеҳо, ҳатто, медонанд, ки кӯдакии Терон дар ферма (Африқои Ҷанубӣ) гузаштааст. Вале шояд касе намедонад, ки барои ҳимояи Терони кӯчак модар шавҳари худро ба қатл расондааст. 
То ба наздикӣ ҳунарманд ҳамеша мегуфт, ки падараш дар садама фавтидааст, аммо соли 2019 иқрор шуд: ӯро, ки бадмаст буд, модараш  Герда парондааст.
Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки ҳангоми 15-сола буданаш, Терон шоҳиди марги падар мешавад. Тавре худи ӯ нақл мекунад, модари бечорааш чун мебинад, ки падар маст омадаву дар даст милтиқ дорад, духтарашро гирифта, дар ҳуҷрае пинҳон мешаванд. Шавҳари ҳайвонсурат чанд тир зада, дарро кушодан мехоҳад, ки дар ҳамин лаҳза модари Терон низ сӯи ӯ тир холӣ мекунад. 
Хушбахтона, Терон осеб намебинад, модари ӯро низ кӯдакро ҳимоя кардааст гуфта, ба ҷавобгарӣ намекашанд.
 
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АЗ ТОЛОРИ СУД:
 
– Чӣ хел виҷдонатон бардошт, ки як сохтори бонуфузи қудратиро ба бозори порадиҳиву порахӯрӣ табдил додед? Аз фаррош то роҳбарият ҳама дар чоҳи нафс фурӯ рафтаед.
– Ман касеро маҷбур кор нафармудам.
– Чаро нашнохта вазифа додед, набошад?
– Касе худашро фурӯхт ман харидам, рафиқ судя, гуноҳи ман ҳамин.
 
Аз русӣ тарҷимаи 
Ф. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МУКОФОТПУЛӢ 
Аз суҳбати ду тоҷир:
– Хабари навро шунидӣ? Аз ин пас, ҳар касе, ки барои дастгир кардани порахӯрон ихтиёран ёрӣ мерасонад, мукофотпулӣ мегирад.
– Чӣ хел?
– Бисёр одӣ. Фарз кардем барои «хизмат» мансабдоре аз шумо як миллион рубл талаб мекунад. Шумо соату вақти порадиҳиро ба мақомот пешакӣ ошкор мекунед.
– Баъд чӣ?
– Ҳамин ки як миллион рублро аз ҷои ҳодиса тасарруф карданд, 250 ҳазорашро гардонда ба шумо медиҳанд. 25 фоиз пули кам не ҷӯраҷон. 
Аз русӣ тарҷимаи
Ҳ. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
 
 
МУВАФФАҚИЯТ
Се шиносномаи пурқудраттарин дар ҷаҳон мавҷуд аст. Шиносномаи Олмон бо дастрасӣ ба 191 кишвари ҷаҳон дар ҷойи сеюм меистад. Он мавқеи мустаҳкамро дар ҷаҳон соҳиб буда,  пешрафти иқтисодӣ, таҳсилоти босифат ва муносибатҳои дипломатии Олмон қудрати ин шиносномаро афзун кардааст. 
Дар ҷойи дуюм Сингапур аст. Шиносномаи Сингапур имкон медиҳад, ки шаҳрванд бидуни раводид ба 192 кишвари дунё биравад. 
Дар ҷойи аввал Ҷопон меистад. Шиносномаи Ҷопон дастрасӣ ба 193 кишвари ҷаҳонро бидуни раводид кафолат медиҳад. Ҷопон дорои иқтисодиёти пурқувват ва равобити ҳасанаи байналмилалӣ мебошад. 
Таҳияи О. ГУЛБЕРДИЕВА
 
 
 
 
ДАР БОРАИ КИТОБ
 
Барои аз байн бурдани фарҳанги миллате зарур нест, ки китобҳоро бисӯзонед. Фақат коре кунед, ки мардум онҳоро нахонанд. 
Рэй БРЭДБЕРИ, 
нависанда-фантасти амрикоӣ
 
Хушбахт касест, ки ба ду чиз дастрасӣ дорад: ба китобҳои хуб ва дӯстоне, ки аҳли китоб бошанд. 
Виктор ҲУГО, 
нависандаи фаронсавӣ
 
Қабл аз суҳбат кардан, фикр кунед ва қабл аз фикр кардан, мутолаа.  
Хонум Фрэн ЛЕБОВИТС, 
мунаққид ва нависандаи амрикоӣ  
 
Фароҳамсоз Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
 
ХАТАРНОКТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
АНАК КРАКАТОА, ИНДОНЕЗИЯ
Ин номи ҷазираи вулқонии беодам дар уқёнуси Ором аст, ки ба Индонезия тааллуқ дорад. Соли 1883 дар ин ҷо вулқони Кракатоа ба амал омад, ки яке аз марговартарин дар таърихи муосир аст. Мавҷи сунамии бо баландии 37 метрро ба бор овард, ки бар асари он беш аз 30 000 нафар ҳалок шуд. 
Аз рӯзи пайдоишаш, пайваста афзоиш меёбад (тақрибан 7 метр дар як сол). Ҳоло баландии он беш аз 800 метр буда, яке аз ҷойҳои хатарноки ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Давоми мавҷудият 5 таркиши бузурги харобиоварро ба амал овардааст. Аммо бо ин ҳама сайёҳонро аз тамошои Анак Кракатоа наметавон боздошт. Дар ҳолатҳои оромии он, ҷаҳонгардон бо  киштӣ ба тамошо баромада, дар соҳили реги сиёҳ ва майдонҳояш сайр мекунанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
 
 
АЗ ҲАР ГӮША
 
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳри беҳтар хондани талабагон омӯзгорон ба онҳо иҷозат медиҳанд, ки ҳангоми дарс 20 дақиқа хоб раванд.
 
* * *
Дар натиҷаи таҳқиқоти бисёрсола, олимон ба хулоса омаданд, ки, агар занбӯрҳо аз олам несту нобуд шаванд, себ, бодиринг, қулфинай, харбуза, каду, бодом, қаҳва ва маҳсулоти ширӣ низ аз байн мераванд. 
 
                                        * * *             
Боксёри амрикоӣ Эвандер Ҳолифилд дар таърихи бокси ҳирфавӣ миёни гаронвазнҳо алҳол ягона шахсе мебошад, ки чор бор чемпиони ҷаҳон шудааст. 
 
Фароҳамовар Ш. ШАФОАТУЛЛО
 
 
 
 
 
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ПИРЯХИ СИАЧЕН
Сиачен калонтарин пирях дар кӯҳҳои Қароқурум буда, дарозиаш 76 километр ва масоҳаташ 750 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Аз се ду ҳиссаи ҳаҷми пирях дар ҳудуди Ҳиндустон ҷойгир аст.  Дарёи Нубра маҳз аз ҳамин пирях сарчашма мегирад, зеро пирях шохаҳои сершумор дорад. 
Сиахен соли 1848 кашф шуда, то соли 1909 масоҳати он зиёд шуд. Азбаски як қисми пирях дар ҳудуди  Покистон мебошад, дар он як даргири мусаллаҳона миёни Покистон ва Ҳиндустон сурат гирифт. Муноқишаи маъмули Сиачен маҳз аз ин ҷо сарчашма мегирад, ки дар баландии 6705,6 метр аз сатҳи баҳр ба амал омад. Аз ин рӯ,  баландтарин майдони ҷанг дар ҷаҳон майдони Сиачен ҳисобида мешавад, ки ҳарорат дар он метавонад то -600 паст шавад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
 
 
МАҒЗИ САР
Марғзи сари инсон ба ду нимкура тақсим шудааст, ки ҳар яки он вазифаҳои хоси худро дорад. Тарафи чап барои мантиқ, рақамҳо ва тафаккури таҳлилӣ ва тарафи рост бошад, барои эҳсосот, эҷодкорӣ ва тасаввурот “масъул”-анд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
Санаи нашр: 07.06.2024 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив