ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНОАТИ САБУК.  ЧӢ БОЯД КАРД, КИ ДАСТОВАРДҲО БЕШТАР ШАВАНД?

САНОАТИ САБУК.  ЧӢ БОЯД КАРД, КИ ДАСТОВАРДҲО БЕШТАР ШАВАНД?

10 июн 2024, Душанбе
91
0
 

Яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он нигаронда шудааст, ки ҳаҷми содироти тамоми номгӯйи маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бештар шавад. Дар ин замина, соли гузашта дар ҳаҷми наздики 300 миллион доллари ИМА ва чормоҳаи соли равон беш аз 115,4 миллион доллар маҳсулоти саноати сабук ба хориҷи кишвар фурӯхта шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 31,4 миллион доллар зиёд аст.


Акмал Шарипов, сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, ки дар натиҷаи имтиёзҳои фароҳамгардида, соли гузашта дар соҳа ба маблағи беш аз 5,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Корхонаҳои саноати сабук моҳҳои январ-апрели соли равон бо дар назар гирифтани корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 380 миллион сомонӣ бештар мебошад. Ҳиссаи соҳа дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ 10,5 дарсадро ташкил кард. 
Бо вуҷуди ин, тавре аз мушоҳидаҳо ва суҳбат бо масъулон бармеояд, дар баробари пешрафт, ҳанӯз ҳам дар соҳа монеаҳое ҷой доранд, ки барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ халал эҷод мекунанд. Проблемаҳои асосии корхонаҳои қолинбарорӣ ба таври ғайрирасмӣ ё бо роҳи қочоқ ворид шудани қолин ба бозорҳои Тоҷикистон мебошад, ки ин дар самти таъмини бозори дохилӣ бо қолинҳои истеҳсоли ватанӣ мушкилӣ ба бар овардааст. Миқдори зиёди қолинҳо ба воситаи ширкатҳои “Карго” ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, ки муайян кардани миқдори он ғайриимкон аст. Ин дар ҳолест, ки иқтидори истеҳсолии корхонаҳои қолинбарории ватанӣ барои таъмини пурраи бозорҳои дохилӣ имконпазир мебошад.
Инчунин, таҳлили коршиносони соҳа оид ба рушди соҳа монеаҳои зиёде бозгӯ менамоянд. Афзоиши нархи ашёи хом, буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, арзиши неруи барқ, меъёри баланди андозбандӣ, фоизҳои баланди қарзҳои бонкӣ, таъмини нокифояи бозори дохилӣ бо пойафзолҳои гуногуни истеҳсоли ватанӣ аз масоили ҳалталаб ё монеаҳои рушди соҳаи саноати сабук мебошанд. Баробари ин, ба таври зарурӣ истеҳсол ва коркард нашудани нахи пахта, пилла то маҳсулоти ниҳоӣ, набудани рақобатнокии навъҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда, ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ содирот гардидани захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ, норасоии маблағҳои гардон барои таъмини корхонаҳои соҳа бо ашёи хом ва дигар омилҳо то ба ҳол ҳамчун мушкилии соҳа боқӣ мемонанд. 
 
Ба гуфтаи таҳлилгарон, мушкили рақами як, ки садди пешрафти соҳа гаштааст, норасоии мутахассис, аз ҷумла муҳандис-технологҳои соҳаҳои ресандагию бофандагӣ, дӯзандагию кешбофӣ, тарроҳи матоъ, тарҳсоз-коструктор, муҳандис-механики дастгоҳи технологӣ, менеҷери идоракунии корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад. Аз омӯзиши мавзуъ бармеояд, ки барои омодасозии мутахассисони ихтисосманд мушкилиҳои зиёде ҷой доранд. Камбудии барномаҳои таълимӣ яке аз мушкилотест, ки солҳо боз омӯзгорону коршиносонро нигарон кардааст. Акмал Шарипов ин паҳлуи мавзуъро тасдиқ карда, изҳор дошт, ки ҳоло дар корхонаҳои соҳаи саноати сабук ба ҳисоби миёна 3450 мутахассис намерасад. Сатҳу сифати тайёр намудани кадрҳои соҳа ба талаботи бозор ҷавобгӯ набуда, беш аз 70 дарсади донишҷӯён пас аз хатми донишгоҳ ба кор намеоянд, ки аксари онҳо бонувонанд. Боқимондае, ки ба кор меоянд, мутаассифона, аз одитарин нозукиҳои соҳа бехабаранд. Ин ҳолат соҳаро ба қафо мекашад. Номбурда муайян кардани ниёзи соҳаро ба мутахассисони ҳирфаӣ зарур дониста, тибқи дархости корхонаҳо тайёр кардани онҳоро ба манфиати кор медонад. Баъдан, бояд мутахассисони ботаҷрибаро аз мамлакатҳои дигар даъват намоем, то ки таҷрибаи кишварҳои пешқадам омӯхта шавад. 
Баробари норасоии мутахассисон, масъалаи дигари ташвишовар он аст, ки на ҳама вақт пашму пӯсти чорво самаранок истифода мегардад. Ҳазорҳо детсиметри мураббаъ пӯсти чорвои забҳшудаи аҳолии кишвар бо арзиши паст ба мамолики дигар содир шуда, маҳсулоти дар хориҷ омодашуда боз бо нархи гарон ба мамлакати мо интиқол меёбад. Дар баъзе маврид аҳолӣ баъди забҳи чорво пӯсту пашми  онро ба партов мепартоянд. Сабаби самаранок истифода нашудани пӯсти чорворо дар ҷумҳурӣ собиқадорони саноати сабук, асосан, ба набудани технологияи коркарди пӯст ва мутахассисони замонавӣ дар ин самт рабт медиҳанд. 
Умедворем, ки масъулон баҳри иҷрои ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш саъю талош менамоянду дар ин замина вазъи саноати сабук беҳбуд меёбад.
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.06.2024 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив