ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Лоиҳаи якчанд қонун дар Маҷлиси намояндагон матраҳ шуд

Лоиҳаи якчанд қонун дар Маҷлиси намояндагон матраҳ шуд

13 июн 2024, Панҷшанбе
39
0
12-уми июн таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати шашум баргузор гашт.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи чанд қонуни дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
Мулоқоти Сарвазир бо ноиби президенти Ангола 
12-уми июн Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  бо ноиби президенти Ҷумҳурии Ангола Сперанса Мария Эдуарду Франсишку да Кошта вохӯрӣ дошт.
Ҷонибҳо зимни суҳбат аз сатҳи робитаҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ҳавасмандӣ зоҳир намуда, равнақ бахшидани ҳамгироиро дар оянда зарур шумурданд.
 
 
Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷан Мин 
12-уми июн вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СҲШ Ҷан Мин вохӯрд.  
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо  масоили муҳими рӯзномаи СҲШ-ро бо таваҷҷуҳ ба омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои аъзо, ки 3-4-уми июл дар Остона баргузор мешавад, баррасӣ карданд.
 
 
Хонум Одри Азуле дар Осорхонаи миллӣ 
Дирӯз мудири кулли ЮНЕСКО, хонум Одри Азуле дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик шинос гардид.
Дар Осорхона ба мо тавзеҳ доданд, ки меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишӣ бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд. Одри Азуле аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ» сабт кард. 
 
 
Шиносоии президенти гурӯҳи БИР бо сохтмони НБО «Роғун» 
11-уми июн президенти гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассер бо сохтмони НБО «Роғун» шинос гашт.
Хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ додааст, ки  доктор Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассер баъд аз шиносоӣ бо Неругоҳ ба сохтмони он баҳои баланд дод.
 
 
Ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи миллии сиёсати хориҷии Амрико тавсеа меёбад
12-уми июн вохӯрии вазири адлия Музаффар Ашуриён бо мудири иҷроияи Кумитаи миллии сиёсати хориҷии ИМА, хонум Сюзан М. Эллиотт баргузор шуд.
«Зимни он ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиётро мавриди баррасӣ қарор доданд», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 
 
 
Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Институти ҷаҳонии «рушди сабз» 
11-уми июн мулоқоти вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо мудири кулли Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) Фрэнк Рейсберман  доир гашт. 
Дафтари матбуотии Вазорати молия хабар медиҳад, ки ҷонибҳо атрофи мавзуъҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Институти ҷаҳонии «рушди сабз» мубодилаи афкор намуданд.
 
 
ТОҶИКИСТОН ВА ОЗАРБОЙҶОН. БУНЁДИ «БОҒИ ДӮСТИИ ЗАРДОЛУ» 
Тоҷикистон нақша дорад, ки дар Озарбойҷон «Боғи дӯстии зардолу»  бунёд намояд. 
Ин матлаб зимни вохӯрии вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода бо ҳамтои худ аз Озарбойҷон Маҷнун Мамедов баён гардид. Ҳамчунин, аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки Озарбойҷон дар Тоҷикистон  «Боғи дӯстии анор» бунёд менамояд.
Санаи нашр: 13.06.2024 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив