ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Суҳбати телефонии Пашинян бо Эрдоган

Суҳбати телефонии Пашинян бо Эрдоган

19 июн 2024, Чоршанбе
11
0
INTERFAX.RU. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва Роҳбари Туркия Реҷеп Тайип  Эрдоган   зимни  гуфтугӯи телефонӣ   иродаи сиёсии худро дар мавриди ба таври комил ҳаллу фасл намудани муносибатҳои Арманистону Туркия бидуни ҳеҷ шарте таъкид карданд.    Пашинян ва Эрдоган ба аҳамияти идомаи мулоқотҳои намояндагони вижаи ду кишвар таъкид ва тавофуқоти то кунун ҳосилшударо таъйид намуданд. Мусоҳибон аз муколамаи давомдори намояндагони воломақоми Арманистон ва Туркия қаноатмандӣ изҳор доштанд.
Дар суҳбат рӯйдодҳои ахири минтақа ва рӯзномаи байналмилалӣ низ баррасӣ шуданд.
 
Зиёда аз 120 намуди паранда аз байн рафт
 
Мир24. Орнитологҳо тахмин мекунанд, ки 126 намуди паранда нобуд шудааст. Ин маънои онро дорад, ки дар тули даҳсолаҳо ҳеҷ кас онҳоро дар табиати зинда надидааст. Аммо ин намудҳо то ҳол несту нобудшуда эълон нагаштаанд ва онҳоро аз минтақаҳои дастнорас пайдо кардан мумкин аст.
Умуман, дар сайёра 11849 намуди паранда маълум аст. Гурӯҳи олимон беш аз 42 миллион аксҳо, видеоҳо ва сабтҳои аудиоиро  таҳлил карданд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки тақрибан 1 дарсади тамоми намудҳои парандагон ба қайд гирифта нашудаанд. Дар тули 10 сол  аксу сабти садо ё видеои тасдиқшудаи онҳо пайдо нашудааст.
Аксари навъҳои парандаҳои нобудшуда дар кишварҳои тропикӣ, дар ҷазираҳои хурд ё дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекарданд. Дар ҳавзаи уқёнуси Ором 56 намуди гумшуда, Африқо 31, Осиё 27,  Амрикои Ҷанубӣ 19,  Амрикои Шимолӣ 13 ва дар Аврупо танҳо як намуд сабт шудааст.
Олимон ихтиёриёнро даъват карданд, ки мушоҳидаҳои парандагон гузаронанд ва парандаҳои ғайриодиро акс гиранд. Шояд, бо ин роҳ намояндагони намудҳои нодирро пайдо карда, барои ҳифзи онҳо тадбирҳо андешида шаванд, –  хабар медиҳад Frontiers in Ecology and Environment.
 
 
СММ 10 исми  нави "Чемпионҳои Замин"-ро эълон кард
 
Мир24. Дар Бонн дар Рӯзи байналмилалии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ номи барандагони ҷоизаи СММ «Чемпионҳои Замин» эълон шуд. Онҳо ҷавононе мебошанд, ки дар ҳалли проблемаҳои экологии ҷаҳон саҳм  мегузоранд.
Дар байни 10 нафар ғолиби озмун экологҳо, муҳандисон, кишоварзон ва соҳибкорон ҳастанд. Сидхеш Сакореи ҳиндӣ аз рӯйи ихтисос муҳандис аст, аммо панҷ сол муқаддам фермер шуд. Вай ширкатеро махсус барои кумак ба хоҷагиҳои хурд дар татбиқи моделҳои инноватсионии агроҷангал таъсис додааст.
 “Мо ба ҳар як майдон муносибати инфиродӣ дорем. Аввал ҳолати заминро месанҷем, баъд ниҳолҳои ба иқлим мувофиқ мешинонем  ва дар баробар ин, ғалладона ё шолӣ низ мекорем. Агар як ҳосил бимирад, дигаре ҳатман самар медиҳад”, – гуфт  Сидхеш Сакоре.   
СММ мекӯшад, ки ҷавононро ба ҳаракати наҷоти сайёра аз хушксолӣ ҷалб созад. Чоряки замини ҷаҳон дигар барои кишоварзӣ мувофиқ нест ва ин на танҳо ба кишварҳои ҷанубӣ дахл дорад. Ҳама давлатҳо бо ҳам алоқаманданд. Масалан, чангу намак аз қаъри баҳри хушкшудаи Арал, аллакай, ба Антарктида расидаанд.
 
 
 
ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР
CentralAsia (CA). Габриэл Люхингер, раиси департаменти амнияти байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария гуфт, ки нишасти нави сулҳ дар бораи Украина дар Аврупо баргузор нахоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимоли бештари макони баргузории нишаст Арабистони Саудӣ аст. Вай, ҳамчунин, зарурати ҷалби Русияро дар ин чорабинӣ таъкид кард.
 
Мир24. Ба Президенти Беларус Александр Лукашенко лоиҳаи фармон дар бораи арзёбии вазъи амнияти миллӣ пешниҳод шуд. Он меъёрҳои мушаххаси хавфро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт дар бар мегирад: аз даромади аҳолӣ, демографӣ то биотехнология.
Созандагони ин санад низ ба таҷрибаи Русия ва Қазоқистон такя кардаанд. Фармон як ҷузъи калидии Консепсияи амнияти миллии Беларус мегардад.  
 
URA. RU. Дар маросими ҳаҷ 577 нафар зоир фавтид. 323 нафари ҳалокшудагон мисрӣ буда, аз гармои сахт ҷон бохтаанд, ба ҷуз як нафаре, ки дар ҷараёни издиҳом ҷароҳатҳои марговар бардоштааст. Ба гузориши хабаргузории Франс Пресс, миёни ҳалокшудагон 60 шаҳрванди Урдун низ мебошад.
 
Синхуа. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин хостори вокуниши ҳамаҷониба ба офатҳои табиӣ, дуруст андешидани тадбирҳои мухталиф ҷиҳати омодагӣ ба мубориза бо обхезӣ ва хушксолӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо ва, ба ин васила, таъмини амнияти ҷону моликияти мардум, инчунин, суботи умумӣ дар ҷомеа шуд.
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив