ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАРО ВОҲИДӢ  ДИГАР НАМЕОЯД?

ЧАРО ВОҲИДӢ  ДИГАР НАМЕОЯД?

04 июл 2024, Панҷшанбе
6
0
Ҳолиё дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ аз он нафароне, ки Абдулҳомид Воҳидовро аз наздик мешинохтанду тавсифаш мекарданд, шояд ангуштшумор монда бошанд. Номи ин хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» («Тоҷикистони советӣ»), чун замонҳои пешин, вирди забонҳо нест. Ҳеч кас аз ҷасораташ, маҳораташ намегӯяд. Махсусан, дар маъракаҳо, ҷашну маросимҳо дӯст медоштанд, ки дар борааш сухан бигӯянду бишунаванд. 
Ман аз ин тавсифҳо дарёфтам, ки марде боистеъдод, камгап, шикастанафс буд. Ҳар гоҳ ки меҳмонамон мешуд, шакароб, ширбиринҷ, нишоиста, шир мехост, на гӯштбирёну дигар хӯрокиҳои серғизо. Агар саволаш медоданд, ҷавоб мегуфт, дар дигар мавридҳо хомӯширо авло медонист. Бо вуҷуди ин, дар таҳқиқи мавзуъҳо, санҷиши факту санадҳо бисёр пурсуҷӯ мекард. Инчунин, дар бораи бо чи роҳ ба дастовардҳои ғайричашмдошт ноил шудани бригадирон, капитани «киштиҳои кабуд» дар ҷамъоварии «тиллои сафед» ва дигар соҳаҳои хоҷагидорӣ то қонеъ шудан ба хотири навиштани мақолае, очерке, гузорише мепурсид.
Аз омаданаш дар баробари шод шудан, гоҳе роҳбарони хоҷагӣ ба воҳима ҳам меафтоданд. Хабарро зуд паҳн мекарданд, ки Воҳидӣ аз «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»), рӯзномаи бонуфузи рақами яки кишвар омадааст. Дармеёфтанд, ки камбудиҳои мавсимии ҷойдошта бояд зуд ислоҳ гарданд, то мавриди танқид дар ин нашрия нашаванд.
Пас аз он, ки сафари хидматиаш дар ин хоҷагӣ, хоҷагии Хоҷа Сартез (он замон Карл Маркс), анҷом мепазируфт, ба «Тоҷикистони советӣ» таваҷҷуҳ бештар мешуд.
– Ҳамин рӯзнома фаъолияти меҳнатӣ, расму оинҳои моро бештару беҳтар инъикос менамояд, – мегуфт нафаре дар ҷамъомаде.
– Ҳамааш туфайли Воҳидӣ, – мегуфт бригадири пахта.
– Оре, дигар ягон корманди газета ин хел аз наздик ба кору рӯзгори мо мисли ӯ шинос нест, – мегуфт обмоне.
Хаткашон, ки номаву рӯзномаҳоро меовард, мегуфтанд: «Ку «Тоҷикистони советӣ»-ро аввал бубин, Воҳидӣ чӣ навиштааст!».
Мани мактабхон аз саҳифаҳои рӯзнома номи Абдулҳомид Воҳидовро меҷустам. Агар меёфтам, шод мешуданд ва бо хурсандӣ амрам медоданд: «Бихон, чи навиштааст». Мехондам ва онҳо бо диққат  гӯш мекарданд.
Барояшон бузургтарин, маҳбубтарин рӯзноманигор ҳамин Воҳидии худашон буд. Гоҳе мардуми деҳ, албатта, калонсолон, ба бригадирон мегуфтанд: «Шумо як умр хидмати Воҳидиро бикунед, кам аст. Кӣ шуморо дар республика машҳур кард? На ҳамин Воҳидӣ? Кӣ дастовардҳои шуморо ба мақомоти болоӣ расонд? На ҳамин Воҳидӣ? Мардуми кишвар шуморо туфайли Воҳидӣ шинохт. Рост намегӯем? Рост мегӯем».
Аз маргаш, ки 1-уми сентябри соли 1988 рух дод, ин дӯстонаш, мардуми деҳа бехабар монданд. Пеш аз ин беморияш ба дарозо кашид.
Як рӯз аз ман пурсиданд: «Ту, ки дар шаҳрӣ (Душанбе), ҳеҷ Воҳидиро мебинӣ? Фаромӯшамон кард-чӣ? На меояд, на аз дастовардҳои хоҷагиамон менависад».
Ман дар ин маврид ба пурсишашон посух надоштам, балки доштаму гуфтан намехостам. Намехостам бидонанд, ки хабарнигори дӯстдоштаашон дигар зинда нест. Намехостам бигӯям, ки ӯ то соли 1983 дар ин рӯзнома фаъолият дошт.
Бо ин ҳама онҳо интизорӣ мекашиданд, ки як рӯз Воҳидӣ ба хоҷагиашон ташриф меорад, меҳмони хонаҳояшон мешавад ва онҳо гилагузорӣ мекунанд, ки чаро фаромӯшашон кардааст.
 
P.S. Абдулҳомид Воҳидов, ки солҳои 1959-1983 дар «Тоҷикистони советӣ» фаъолияти пурсамару чашмрас дошт, бо матлабҳои хубу хонданӣ, таҳлилӣ, пешниҳодҳои ҷолиб мақоми шоистаеро касб карда буд. «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» рубрикаи дӯстдоштааш буд ва хонандагони зиёде дошт. Ба хонанда маърифати ахлоқӣ медод. Қаҳрамонҳояш, ҳам мусбат ва ҳам манфӣ, бофта набуданд, адрес доштанд. Хонандагонро дар руҳияи пок зистан, муносибати хуб доштан ба падару модар, ҳамсар ва аҳли ҷомеа тарбия мекард. Мани хонандаи мактаб ба яке аз чунин навиштаҳояш, ки қаҳрамони мусбаташ ҳамсояамон буд, ҳамовозӣ кардам. Дар рӯзнома навиштаам чоп шуд.
Абдулҳомид Воҳидов фаъолияти меҳнати-ашро пас аз хатми ДДОТ ба номи С. Айнӣ, яъне аз соли 1956 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») оғоз кардааст.
Ӯ асарҳои бадеӣ низ эҷод мекард. Шеър ҳам менавишт. Ҳикояҳояш дар маҷмуаҳои дастаҷамъӣ ба табъ расидаанд. «Шафақи субҳ», «Овози ҷавонон», «Умре дар роҳ» аз ин ҷумлаанд. Охирин асараш «Кӯзаи сари роҳ» буд, ки соли 1987, яъне соле пеш аз маргаш нашр шуд ва дастраси хонандагон гардид.
Мегуфт, бо ифтихор мегуфт, ки дар «Тоҷикистони советӣ» 24 сол фаъолият кардааст ва ин нашрия барояш ному нону шараф бахшидааст.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 04.07.2024 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив