ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДОҚАТ БА РӮЗНОМА

САДОҚАТ БА РӮЗНОМА

20 сентябр 2024, Ҷумъа
0
0


Матбуоти тоҷик, хоссатан, рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  шахсонеро ба ёд дорад, ки солҳои тулонӣ баҳри пешрафти соҳа қалам фарсудаанд. Яке аз ин гуна ашхос устоди зиндаёд Аловиддин Давлатов ба шумор меравад, ки тамоми умри бобаракаташро ба рӯзноманигорӣ бахшидааст.
Бо устод соли 1982, вақте ки аз «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») ба «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») ба кор  омадам, шинос шудам, вале имзои ӯ: Аловиддин Давлатов, мухбири махсуси «Тоҷикистони советӣ» дар вилояти Кӯлоб, барои ҳамаи рӯзноманигорон маълуму машҳур буд ва ҷавонони эҷодкор ба дил орзу мепарварданд, ки чун вай журналисти шинохта, нотарс, ҳақгӯю ҳақталаб, муборизи роҳи адолат шаванд. Мо дар шуъбаи кишоварзӣ паҳлуи ҳам ба эҷоди хабару мақолаҳо машғул будем, аз тарафи дасти рости ӯ устод Шафқат Саид, дар рӯ ба рӯ Усмон Солеҳ, Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, сардори шуъба Турдиалӣ Бойбобоев, рассом М. Раҳмонов менишастанд. Аловиддин Давлатов на танҳо ҳамаи паҳлуҳои соҳаи кишоварзӣ, балки саноату сохтори давлатӣ, мактабу маориф, ҳаёти ҳизбиро ҳамчун мухбири махсуси собиқадор, ба таври аъло медонист ва корафтодаҳоеро, ки ба идораи нашрия баҳри ҳалли масъалае меомаданд, соатҳо гӯш мекард ва маслиҳатҳои судманд медод. Соли 2001 бо ордени Дӯстӣ мушарраф гашт, хеле шоду масрур буд, ки хизматҳояш дар матбуот аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр шуданд. 
Журналист Усмон Шокир дар китоби «Баҳр дар пиёла» зикр намудааст, ки Аловиддин Давлатов дар шонздаҳсолагиаш, моҳи феврали соли 1947 дар матбааи куҳнаи шаҳри Кӯлоб ҳамчун шогирди ҳуруфчин ба кор қабул мешавад ва баъди чор моҳ ба кори мустақилона роҳхат мегирад. Ӯ ҳам кор мекарду ҳам мехонд, таҷрибаи журналистӣ меандӯхт. Мақолаҳоро бо завқ мутолаа мекард ва ба дил меандешид, ки рӯзе мешавад дар зери матни чунин маводҳо имзои ӯ – Аловиддин Давлат низ ба чашм хоҳад расид. Соли 1951, моҳи июл, мусаҳҳеҳи рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» таъин мешавад, акнун ба кори нашрия наздиктар мегардад, нозукиҳои мавзуъ, ёфтану ҳалли онҳо, ба рӯйи коғаз овардани муҳтавои масъалаҳоро меомӯзад. Барои бештар дониш гирифтан соли 1952 ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб шомил мегардад. Баъди хатми он, соли 1954 ҳуҷҷати хабарнигори «Ҳақиқати Кӯлоб»-ро ба даст мегирад. 
Барои дар риштаи рӯзноманигорӣ муваффақ шудани ӯ саҳми устодон, сармуҳаррири вақти «Ҳақиқати Кӯлоб» Сафо Ашӯров, сармуҳаррири «Роҳи ленинӣ», рӯзномаи вилояти Кӯлоб Қувваталӣ Холов, хабарнигори махсус ва баъд сармуҳаррири «Тоҷикистони советӣ» Ашӯр Ҳалимов басо бузург аст. Аловиддин Давлатов аз онҳо ҳақиқатнигориро омӯхт. Давраи шукуфоии эҷодиёти журналистии Аловиддин Давлатов ба солҳои 1962-1993 рост меояд. Вай дар ин муддат дар рӯзномаҳои «Ҳаёти қишлоқ»-и КМ ҲК Тоҷикистон дар вазифаи муовини сармуҳаррир, дар  «Тоҷикистони советӣ» (минбаъда «Тоҷикистони шуравӣ» ва «Ҷумҳурият»), ба ҳайси хабарнигори махсус дар вилояти Кӯлоб, хабарнигори калон ва сардори шуъбаи агросаноатии «Ҷумҳурият» кор кард. Яке аз мавзуъҳои доимии ӯ вобаста ба сохтмони комплекси чорвопарварии Ховалинг буд. Дар ин ҷо бунгоҳи мухбирони «Тоҷикистони советӣ» амал мекард. Мақолаҳои «Оғози кори бузург», «Имрӯзу фардои Ховалинг», «Диёри навбунёд», «Эҳёи диёри куҳан» дар бораи ояндаи соҳаи чорвопарварӣ ва обод гаштани як гӯшаи Тоҷикистон – Ховалинг маълумот медоданд. Ҳамчунин, мақолаҳои зиёдаш дар масъалаҳои роҳсозӣ аз Душанбе то Лахшу Мурғоб, бунёд кардани сардхонаҳо дар кишвар барои нигоҳ доштани маҳсулоти боғдорӣ баҳс мекарданд, вале дар он солҳо ба ин корҳо муваффақ гаштан аз имкон берун буд. Хушбахтона, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҳиммату дастуру ташаббусҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуҳои чандасраи халқи тоҷик, аз ҷумла Аловиддин Давлатов, ҷомаи амал пӯшиданд. 
Устод Аловиддин Давлатов бо ҳамсараш Ҳарамгул Валиева даҳ фарзандро ба камол расондаанд ва ҳамаи онҳо дар ҳаёт роҳи худро ёфтаанд ва баҳри Ватану халқ хизмати арзанда доранд. Вақте ки хонанда бастаҳои рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ»-ро варақ мезанад, ба навиштаҳои Аловиддин Давлатов дар бораи қаҳрамонони арсаи заҳмат Миралӣ Маҳмадалиев, Худоёр Раҷабов, раиси вилояти Кӯлоб, Зайнура Мусоеваи вакили Шурои Олии СССР, Шариф Туробови пахтакор, Тӯрахон Тошеви қароқӯлпарвар, сарвари хоҷагии деҳқонӣ Туғак Дӯстов, Қурбоналӣ Раҷаби гӯруғулихон, Шодигул Файзоваи механизатор, Сайдаҳмад Каримови дорандаи ордени Суворов, Ҳаким Маҳмудови муғаннӣ, Саймуъмин Шамсов барин садҳо родмардон вар мехӯранд, ки зиндагиашон боиси омӯзиш ва пайравист.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар ёдномааш «Шамъи хотира» нигоштааст: «Аловиддин Давлатов то нафаси охирин ба кори рӯзноманигорӣ содиқ монд. Ёдаш ба хайр». 
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив