ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. 62 ДЕҲА ДУРАХШОН ХОҲАД ШУД

ВМКБ. 62 ДЕҲА ДУРАХШОН ХОҲАД ШУД

20 сентябр 2024, Ҷумъа
3
0


  
Амалисозии лоиҳаи “Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон (TREP)” дар ҳудуди Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон бомаром идома дорад. 
Тавре аз ширкати “Помир Энерҷи”  хабар доданд, дар доираи лоиҳаи мазкур 62 деҳаи бебарқи минтақаҳои дурдасти вилоят бо барқ таъмин хоҳанд шуд. Аксарияти ин деҳаҳо дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҷойгир мебошанд. 
Корҳо дар доираи амалисозии ин лоиҳа 13-уми ноябри соли 2019 оғоз гардида, то моҳи декабри соли 2025 пурра бояд ба анҷом расанд. Лоиҳа аз ду марҳала иборат буда, марҳалаи якуми он соли 2021 ба итмом расид. Дар марҳалаи аввал 27 деҳаи бебарқ ва 1114 муштарӣ тавассути сохтмони  хатҳои интиқол ва тақсими қувваи барқи 10 ва 0,4кВ бо насби зеристгоҳҳои трансформатории хурд ва гузарондани ноқилҳои дарунӣ  ба қувваи барқ пайваст гардиданд. Дар марҳалаи дуюм, ки аз соли 2021 оғоз ёфт,  сохтмони шабакаҳои хурди автономӣ бо истифодаи панелҳои офтобӣ дар якҷоягӣ бо системаҳои батареявӣ ва як неругоҳи бодӣ дар назар аст. Дар ин марҳала 1928 сокини деҳоти дурдасти ноҳияҳои Мурғоб, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалъа бо қувваи барқ таъмин мегардад. Мутобиқи лоиҳа,  ширкати “Помир Энерҷи” дар ин давра  сохтмони 13 неругоҳи барқи обӣ, 30 неругоҳи офтобиро бо системаи батареяҳо ва неругоҳи барқии бодии 200кВт-ро ба нақша гирифтааст, ки иқтидори умумии онҳо 14мВт-ро ташкил хоҳад дод. “Помир Энерҷи” ният дорад, ки то охири соли 2024 боз 7 неругоҳи барқии офтобиро дар якҷоягӣ бо системаҳои батареявӣ бо иқтидори умумии 5,3 мВт дар деҳаҳои Аличор, Башгумбез, Булункӯл, Чечекде, Оқтал, Мамадзоири ноҳияи Мурғоб ва деҳаи Харгӯшии ноҳияи Ишкошим сохта ба истифода диҳад. 
Ноҳияи Мурғоб  минтақаи баландкӯҳ буда, деҳаҳои он аз ҳамдигар дар масофаи то 150-200 км дурӣ  ҷойгиранд. Аз ин хотир, сохтмони иншооти барқӣ, мисли кашидани хатҳои барқӣ ба ин деҳаҳо хароҷоти калонро талаб мекунад. Соли 2018 бо иштироки  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар  маркази ноҳия  Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” баъди навсозӣ ва таҷдид  мавриди баҳрабардорӣ қарор  гирифт, ки он маркази ноҳия ва  деҳоти атрофи онро бо барқи хушсифат таъмин намуд. Вале деҳоти дурдаст, ҳатто, наздиктарин нуқтаи  аҳолинишин ба  маркази ноҳия – деҳаи Мамадзоир ҳанӯз ба барқ дастрасӣ надошт. Барои ҳамин, бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва  ширкати “Помир Энерҷи” тасмим гирифтанд, ки дар минтақаҳои дурдаст барқкунонии алтернативӣ, яъне тариқи энергияи барқии офтобӣ ва бодӣ ба роҳ монда шавад. Таҷриба нишон дод, ки бунёд ва истифодаи ин навъи истгоҳҳои барқӣ дар шароити ноҳияҳои баландкӯҳ, ки ба қувваи об камтар дастрасӣ дошта, маҳалҳои зисташон аз ҳамдигар дар масофаҳои дур воқеанд, фоидаовартар мебошад. Марҳалаи дуюми амалигардонии лоиҳаи  мазкур то соли 2025 идома ёфта, тавоноии  стансияҳои барқии офтобӣ дар ин давра  аз 33 кВт-и соли 2021 то охири амалигардонии барнома  ба 2600 кВт мерасад. 
Усния  Раҷабзода, раиси ноҳияи Мурғоб  ҳангоми боздид аз иншооти сохташавандаи барқии ноҳия таъкид кард, ки ин ҳама пешравиҳо, бахусус дар самти  барқикунонии минтақаҳои дурдаст ва баландкӯҳи кишвар, ба истиқлолияти давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Агар истиқлолият ба даст намеомаду сулҳу ваҳдат дар кишвар барқарор намешуд, агар чунин  Сарвари дурандешу дилсӯз намедоштем, ягон минтақаи Тоҷикистон чунин пешравиҳо ба даст намеовард. Мурғоб барин минтақаҳои дурдасти кишвар боз чандин даҳсолаҳо ба барқи хушсифату саноати пешрафта ва мардумонашон ба зиндагии шоиста комёб намегардиданд. 

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив