ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. ТАҲРИРИ НАВИ ҚОНУН МАСЪУЛИЯТРО МЕАФЗОЯД

ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. ТАҲРИРИ НАВИ ҚОНУН МАСЪУЛИЯТРО МЕАФЗОЯД

20 сентябр 2024, Ҷумъа
1
0


Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар  таҳрири нав қабул гардида, аз он калимаи “анъана” гирифта шуд. Сабаби такмил ва дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни мазкур инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди ҷомеа ва давлат, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравӣ, худнамоӣ, тақлиди бемаврид, баланд бардоштани маънавиёт ва фарҳанги зиндагӣ, оиладорӣ, сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар ба шумор меравад. 
Қонуни қаблӣ аз 5 боб, 16 модда ва Қонуни дар таҳрири нав қабулгардида аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад.
Дар Қонуни нав дар моддаи алоҳида (моддаи 6) ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ба монанди: иштирок дар амалигардонии сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим, андешидани чораҳо ҷиҳати амалигардонии Қонун, таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, инчунин, иштирок дар тарғиби адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими ҷашну маросим  муқаррар   шудааст, ки он низ падидаи нав мебошад.
Моддаи 7 бевосита ба комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим бахшида шудааст, ки мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур, ҷиҳати амалигардонии Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода мешавад. Дар  Қонуни нав ваколатҳои комиссияҳои доимӣ ба таври зайл илова шудаанд: додани тавсияҳо ҷиҳати дуруст сафарбар кардани корҳои хайриявӣ, эҳсонкорӣ, пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ, андешидани чораҳо ҷиҳати аз байн бурдани хурофоту таассуб ва пешгирии ақди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ.  
Дар Қонун комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим барои татбиқи Қонун дар вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю муассисаҳо саҳми назаррас дошта, дар сохторҳое, ки на кам аз 30 корманд доранд, ташкил карда мешаванд.  
Дар асоси қисми 2 моддаи 9 Қонун, дар рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шудааст. Дар моддаи мазкур калимаҳои “тақдими шириниҳо”, “туҳфаҳои дигар” ва “идгардак”, ки дар қонуни қаблӣ дида намешуд, ҳамроҳ шудааст. Қонуни мазкур, дар баробари маросими ҳаҷ, ҳаҷҷи умраро низ ба танзим даровардааст. Дар номи моддаи 13 дар баробари ҳаҷ, умра ҳамроҳ гардида, ба хоҷиён ва умракунандагон тавсия дода шудааст, ки ба ҷои маъракаҳои серхарҷи манъгардида метавонанд ба корҳои хайриявию эҳсонкорӣ машғул гарданд.  
Яке аз хусусиятҳои хоси Қонуни нав дар он зоҳир мегардад, ки субъектони назорат ва татбиқкунандаи муқаррароти қонунро мушаххас намуда, дар баробари мақомоти давлатӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ, инчунин, сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро уҳдадор намудааст, ки риояи талаботи Қонунро дар ҳудуди деҳаю маҳали истиқомат ва ё фаъолият назорат намоянд. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ низ уҳдадор гардиданд, ки рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз қабили забони давлатӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Инчунин, минбаъд воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ мебошанд.
Боби 6 “Муқаррароти хотимавӣ” номида шуда аз 3 модда иборат аст ва дар он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонун баён карда шудааст. Инчунин, дар баробари қабули ин Қонуни ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои вайрон намудани муқаррароти Қонуни мазкур муқаррар менамояд, тағйиру иловаҳо ворид шуда, ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҷашну маросими гуногун дар алоҳидагӣ муқаррар карда шуд. Ба моддаи мазкур панҷ банди нав ҳамроҳ гардида, айни ҳол он аз 8 банд иборат мебошад. 
Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав моддаи 3342 – Вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим илова гардид. 
Истифодаи самаранок ва оқилонаи буҷети оилаи тоҷик назар ба давлатҳои мутараққӣ тафовути зиёд дорад. Сарвари кишвар таҷрибаи бузурги роҳбарӣ дошта, дар тули собиқаи хизматиашон ба миллати тоҷик ба мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон  сафар карда, таҷрибаи давлатҳои пешқадамро омӯхтаанд, ки барои аҳли кишвар таҷриба ва мактаби Пешвои миллат худ дастурамал барои расидан ба зиндагии шоиста мебошад.     

И.Р. ҶАББОРЗОДА, 
декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
С.А. ЭРКАЕВ, 
дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив