ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУҲАББАТИ МОДАР

МУҲАББАТИ МОДАР

20 сентябр 2024, Ҷумъа
0
0


Ҷое хонда будам: «Тилло дар оташу зан дар зиндагӣ» маълум мешаванд. Гумон мекунам, мантиқан ин панде, ки овардем, симои оҳарину нозанин ва покизагии модаронро он соне, ки ҳастанд, бозгӯ мекунад, зеро, қабл аз ҳама, модар отифаи ботаровату зебо ва офаранда аст. Ба таъбири Пешдодиён, ҳеҷ каси дигар дар зиндагӣ наметавонад муҳаббати аниқтар, бепироятар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ биёбад. 

Мани эҷодкор низ ба андешаи тулонӣ рафта, хостам, ки аз меҳру садоқат, самимияти беандоза бузурги модар, аз хушрӯию заҳмати бетакрори ин чеҳраи нуроние, ки мо, фарзандонро ба олами ҳастӣ овардаву чун ватанпарвари асил тарбия намудааст, дурри лолою дилчасп, суханони ноберо мисли шаддаи марҷон ҳамел намояму онро рамзан бар гардани ин олиҳаи ҳусни латиф, нарму нозанин, зебову фаттон ва аз гуҳар ҳам болотар овезаму лаҳзае ҳам бошад, назди руҳаш сари суҷуд оварам. 
Бузургон бисёр гуфтаанд, ки модари хуб аз сад устод ва омӯзгор бартарӣ дораду ҳар ҳарф ва ҳиҷои модар муқаддасу гиромист барои фарзанди накухисол. Оре, оре ҳамин тавр ҳам ҳаст, зеро ин олиҳа офаридгору бахшоянда низ мебошад. Ба ибораи дигар, дар оини аҳду вафо ва сидқу сафо аз модар дида, вафодору бахшояндатар дигар касе нест ва буда ҳам наметавонад! 
Салоҳ медонам, ки ин ҷо пораеро аз суханрониҳои барҳаққи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар, аз 6-уми марти соли 2009, оварам: «Дар замони истиқлолияти давлатиамон моро лозим омад, ки ҷашни миллии аз хотираҳо рафтаи худ – Иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё кунем, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми зан-модарро пос медорад. 
Эҳтимол дар таърих кам мардуме вуҷуд дошта бошад, ки соҳиби чунин фарҳанги қадимаи иззати занон бошад. Аз ин лиҳоз, мо чунин суннату таомулҳои миллиамонро хеле бузургу боарзиш медонем ва бовар дорем, ки эҳё кардани ин ҷашн ба манфиати маънавии миллатамон хоҳад буд. Чунон ки аз гуфтаҳои донишманди бузург Абурайҳони Берунӣ бармеояд, иди занон дар сарзамини аҷдодии мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд ва ин моҳ имрӯз дар тақвими баъзе аз халқиятҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали моҳи март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд…». 
Модарон сазовори ин ҷашнанд. Падари бузургворам Шамсиддин Раҳимов, ки иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буданд, аз ҷароҳати вазнини бадан соли 1952 тарки олам менамоянд. Минбаъд тарбия ва камолоти мо – чор тан хоҳару бародарон: Исломшоҳу Гулнисо, Мирзошоҳ ва мани Мирзосафарро модари ба сол ҷавонамон Зайнурамоҳ Гулова бо душвориҳои басо гарону миёншикан уҳда мекарданд. Солҳои душвори баъди ҷанг чигина мекашид, хирманкӯб буду боз говрона дар даст замин меронд, гандум мекошт. Худ нахӯрд, напӯшид ва ҳамаро ба мо бахшиду ба камол расонд.
Сокинони деҳаи Дуоби ноҳияи Муъминободро соли 1952 ба хоҷагии ба номи Комбриг Томин (имрӯз хоҷагии деҳқонии «Хоҷамуъмин»)-и ноҳияи Восеъ кӯчонданд. Деҳаи «Боғи нав»-ро бунёд намуданд. Соли 1960 бо тавсияву розигии модарам амакам Абдуғаффор Давлатов маро ба Мактаб-парваришгоҳи рақами 2-и ба номи Абдусалом Деҳотии шаҳри Кӯлоб ба хондан ва зистан оварданд. Бо дуои модар аз рӯзҳои нахуст ба қатори аълохонон роҳ ёфтам ва парваришгоҳро бо баҳои аъло хатм намудам. Рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»), «Комсомоли Тоҷикистон»  («Ҷавонони Тоҷикистон»),  «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»), моҳномаҳои «Садои Шарқ» ва «Машъал»-ро пайваста мехондам. 
Орзуи ягонаам ҳамин буд, ки таътил шаваду ба назди модар биравам. Модари дилфигору хоҳарам Гулнисоро ёд мекардаму лаҳзае дастони шахшӯл, вале меҳрбори онҳоро дар сару рӯям, ки бо меҳр сила менамуданд, то ба имрӯз эҳсос менамоям.
Қалбам ба хотири мубаррои модари азизу хушрӯям Зайнурамоҳ Гулова ба фарёд меояд, ки чаҳор нафари моро ҳалолу покиза ва беҷурм ба мурод расонданд. Аз оромгоҳашон хабар мегирам. Ӯ дар «хоби роҳат» асту асолаташро чун модар ҳалолу покиза ба сомон расонд. Ашк резонда, симои нурониашонро ба хотир меоварам. Оби дидагонро пок карда, ба андеша меравам.
Хушбахтона, рӯзномаи «Ҷумҳурият», минбари писандидаи ману ҳазорҳои дигар, озмуни «Дуои модар»-ро бори дуюм эълон намуд, то ки тавассути он ба руҳи модар арҷ гузорем, дили худ бо рондани қалам ором бисозем. Аз маводҳои ҷолиби ин озмун руҳу илҳом мегирам. Матлаби Адибаи Хуҷандиро бо самимият мутолаа намудам, ба пешниҳоди ин бонуи эҷодкор ман низ мувофиқ ҳастам, ки нигоштааст: «Агар дар бораи модар Майрам Шарифова китобҳои ҳуҷҷативу бадеӣ навишта шаванд, як роҳи тарбияи покӣ, меҳнатдӯстӣ, озодагиву дурандешӣ ва чандин хислати дигар барои духтарони ҷавон мебуд. Ҳар кас дар зиндагӣ идеал дорад ва бибӣ Майрам идеали садоқат ба оила метавонад бошад».  Пешниҳод шоистаи дастгирист. Воқеан ҳам, бибӣ Майрам идеали ҳама модарон аст! Зеро ба шарофати тарбияи ин бонуи соҳибдил мо сазовори чунин Роҳбари оқилу доно, сиёсатмадори нодири арсаи ҷаҳонӣ гардидем.
… Шомгоҳон фаро мерасаду аз рӯйи одати дерини рӯзноманигорӣ боз ба коргоҳи худ мешитобам. Дар хилваткадаи шаб ҳамин акси зебои модарро рӯ ба рӯ гузошта, ба навиштани хотимаи «Қомуснома»-и дуҷилдаи варзиши миллат қалам ба даст мегирам…

Мирзосафар ШАМСИДДИНОВ, 
Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ 
ва варзишии Тоҷикистон, рӯзноманигор

Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив