ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

14 апрел 2023, Ҷумъа
92
0

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

МУАММОИ «ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН»
Муаммо ба 145 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст
1. Андози давраи амирӣ. 2. Адиби тоҷик. 3. Шеъри устод С. Айнӣ. 4. Зодгоҳи С. Айнӣ. 5. *** и танбӯр, қаҳрамони романи устод. 6. Повести адиб. 7. Шеъри пасазинқилобии шоир. 8. Шоири адабиёти классикӣ, ки доир ба эҷодиёти ӯ С. Айнӣ монография навиштааст. 9. Духтари С. Айнӣ. 10. Повести устод. 11. Котиб, хушнавис. 12. Шеъре, ки ба муносибати  нашри рӯзномаи «Овози тоҷик (соли 1924) иншо шудааст. 13. Мадрасае, ки устод Айнӣ дар он хондааст. 14. Бадеҳаи С. Айнӣ. 15. *** Ҳошим, шогирди устод С. Айнӣ. 16. Чопхонае, ки асарҳои устодро нашр  кардааст.17. *** Ниёзӣ, яке аз ҳаммаслакони адиб.18. Шеъри С. Айнӣ. 19. Шеъри устод, ки соли 1935 дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият»)  нашр шудааст. 20. Истилоҳи илми адабиётшиносӣ.   21. Шоири асрҳои  IX – X, ки С. Айнӣ ба эҷодиёти ӯ таваҷҷуҳи хос дошт. 22. Нашриёт. 23. Қаҳрамони асари С. Айнӣ. 24. Повести машҳури устод. 25. Сурх, сафед. 26. Қаҳрамони памфлети  С. Айнӣ – «Чингизи асри XX». 27. Навъи санъат. 28. Адиби шинохта, муаллифи  мақолаи «Сафаре бо устод». 29. Макони таълим ва тарбия. 30. Асари устод С. Айнӣ бо забони русӣ. 31. Ноҳия дар Тоҷикистон. 32. Исми мардонаи тоҷикӣ. 33. Дарае, ки адиб дар романаш онро тасвир кардааст. 34. Шакли эҷоди  адабӣ. 35. Муродифи нома. 36. Тимсоли устод дар романи «Дунё ба умед»-и Ю. Акобиров. 37. Манораи таърихӣ дар Бухоро. 38. Як навъ ҳабсхона дар Бухорои  амирӣ. 39. Нашриёт дар Тоҷикистон. 40. Асари Шайх Саъдӣ, ки С. Айнӣ оид ба он тадқиқот бурдааст. 41. Макони чопи асарҳо. 42. Яке аз шогирдонаш. 43. Муродифи «булбул». 44. Паранда. 45. Шоир, ҳамақидаи устод. 46. Адиб, шогирди С. Айнӣ. 47. Шоири адабиёти классикии ӯзбек, ки адиб дар бораи фаъолияти эҷодии ӯ рисола навиштааст. 48. Як навъ хайрот, ки дар повести «Марги судхӯр» дар бораи он маълумот ҳаст. 49. *** Шаҳриёр, адиби эронӣ. 50. Унсури адабӣ. 51. Ҳаммаънои мактуб. 52. Ситораро гӯянд. 53. Пйесаи С. Улуғзода. 54. Тарзи навишти дурусти калимаҳоро мефаҳмонад. 55. Достоне, ки устод дар ҳаммуаллифӣ бо М. Турсунзода, А. Деҳотӣ ва Ҳ. Юсуфӣ эҷод кардааст. 56. Миллат.  

Мураттиб  Ҳотами ҲОМИД, рӯзноманигор

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru



ТОҶИКИСТОН
МАЪМУЛТАРИН  САМТИ  САЙЁҲӢ

Коршиносон маъмултарин самтҳои парвозҳо аз Маскавро дар семоҳаи аввали соли 2023 номбар карданд. Тоҷикистон дар феҳристи маъмултарин самти интихоби сайёҳон қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарони "Туту" ва "Сберстрахование", русҳо дар миёни кишварҳои ҳамсоя бештар Тоҷикистонро интихоб кардаанд.  Гуфта мешавад, ки аз ҳама бештар чиптаҳои фурӯхташуда марбут ба шаҳрҳои Тоҷикистон буданд. Ҳамчунин, Ӯзбекистон дар зинаи дуюм,  Арманистон дар зинаи сеюм қарор доранд. 
Таҳияи Лола РИЗОӢ



ОМӮЗГОР
Дар нимаи соли таҳсил омӯзгори яке аз синфҳои поёнӣ рухсатӣ гирифт ва ба ҷои ӯ каси дигар ба кор омад. Омӯзгори нав дарсро шуруъ карда, як-як аз бачаҳо мавзуъҳои гузаштаро пурсид. Вақте навбат ба яке аз талабаҳо расид ва ӯ посухи нодуруст дод, ҳамсабақонаш хандиданду ӯро масхара карданд. Омӯзгор пай бурд, ки ӯ аз дониш ва ҳуши нисбатан камтаре бархурдор асту пайваста мавриди тамасхури ҳамсабақонаш қарор мегирад. 
Ҳангоме дарс ба охир расид ва бачаҳо синфро тарк карданд, омӯзгор ӯро наздаш хонду ба дасташ варақе дод. Дар он байте навишта буду хост, ки то фардо онро аз ёд кунад, фақат дар ин бора ба касе чизе нагӯяд. Рӯзи дигар омӯзгор он байтро дар тахтаи синф навишт ва баъди чанд лаҳза онро пок намуду аз бачаҳо хоҳиш кард, ки ҳар кӣ байтро аз ёд карда бошад, даст бардорад. Ҳеҷ яке аз онҳо натавонист байтро аз ёд бигӯяд. Танҳо касе, ки дасти худро боло бурд ва байтро қироат намуд, ҳамон талаба буд. Ҳамсабақонаш аз ин ки ӯ тавонист байтро аз ёд кунад, моту мабҳут шуданд. Омӯзгор ӯро таҳсину офарин гуфт ва аз ҳамсабақонаш хоҳиш кард, ки барои ӯ каф бикӯбанд. 
Тули як моҳ омӯзгори ҷадид ҳар рӯз ин корро мекард ва аз шогирдонаш мехост, ки он ҳамсабақи худро ташвиқ кунанд.  Кам-кам нигоҳи талабаҳо нисбат ба ҳамсабақашон тағйир ёфт.  Донишомӯз низ, ба худ боварӣ пайдо кард, ӯ дигар он бачае набуд, ки ҳамвора омӯзгори собиқаш бесаводаш мехонд. 
Таҳсилро бо баҳои хуб ба анҷом расонду вориди донишгоҳ шуд ва унвони докторӣ гирифт. Ҳамакнун табиб, беҳтарин мутахассиси пайванди ҷигар дар ҷаҳон аст. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ЗИМИСТОНИ АФСОНАВӢ
6. СЛОВЕНИЯ 
КӮҲИ ТРИГЛАВ ВА БАҲРИ БЛЕД
Манзараҳои асосии намои Словения – баландтарин нуқтаи Алп  – Юлиан ва ҷазирачае бо маъбади зебоманзараи “Фарзияи Марями муқаддас” дар байни баҳри Блед мебошад. Дар фасли зимистон ин манзараҳои зебои Словения боз ҳам ҷолибтар мегарданд. Гӯё рассоме бо истифода аз рангҳои сафеду обӣ дар деворе наққошӣ карда бошад. 
Дар ҳавои тоза аз сармо маъбад хеле ҳам равшану зебо ба назар менамояд. Дар оби баҳр бошад, ҳавои софу беғубор акс андохтааст. Дар пасманзараи ҳамаи ин зебоиҳо қуллаҳои барфпӯши кӯҳҳои Алп. 

Таҳияи Кароматулло АТО



АЗ КӮТОҲТАРИН АЛИФБО  ТО ҚАДИМТАРИН АРТИШИ ҶАҲОН
1. Кӯтоҳтарин алифбо дар ҷаҳон алфавити забони туземсӣ аст, ки дар ҷазираҳои Бугенвил воқеъ буда, аз 11 ҳарф иборат аст. Дар ҷойи дуюм алифбои забони гавайӣ меистад, он 12 ҳарф дорад.
2. Балхаш ягона кӯле мебошад, ки дар таркибаш ҳам оби ширин (дар қисмати ғарбияш) ва ҳам оби шӯр (дар қисмати шарқияш) дорад.  Кӯл дар Қазоқистон ҷойгир аст. Ҷолибияташ дар он аст, ки ин обҳо ҳангоми ба ҳам расидан омезиш намеёбанд ва хатте байни онҳо пайдо мешавад.
3. Бино ба фармудаи Абуалӣ ибни Сино хокаи ҷалғӯзаи арчаро бо асал омехта карда, ба захмҳои фасоддор бимоланд, шифо мебахшад. 
4. 10,5 грамм самараи арчаро кӯфта бихӯранд, тамоми кирмҳои меъдаро мекушад.
5. Гвардияи шветсарии Ватикан 100 нафар хидматчии ҳарбӣ дорад. Он қадимтарин артиши амалкунандаи ҷаҳон мебошад, ки 22 январи соли 1506 таъсис ёфтааст. Ҳамзамон, ягона артише мебошад, ки дар амалиёти ҷангӣ соли 1527 иштирок кардааст.

Таҳияи Кароматулло АТО



ЧӢ ХЕЛ ОВОРАГАРД   МИЛЛИОНДОР ШУД?
Ҳаққӣ Оқдениз аз хонаводаи курдҳои ҷанубу шарқии Туркия буда, дар оилаашон ба ҷуз ӯ боз 16 кӯдаки дигар ба воя мерасид. Ӯ ҳамагӣ то синфи се дар мактаб таълим гирифт ва замоне ки синнаш ба 21 расид, ба ИМА омад. Ба коре машғул шуд ва хост зиндагиашро беҳтар намояд, вале ба дасти қаллобон афтида, мубталои дурӯғ шуду дар кӯча монд. Чанд моҳ шабу рӯзро дар кӯчаву хиёбонҳо аз сар гузаронд.
Баъдан Ҳаққӣ машғули корҳои бениҳоят вазнин шуд, соатҳои зиёд кор мекард, кам мехобид. Аввал дар яке аз тарабхонаҳо косаву табақшӯй шуда кор кард ва шабҳо дар як гӯшаи анборхонаи он, ки барояш ҷой дода буданд, мехуфт.
Ӯ дар оғоз ба омӯзиши забон машғул шуд ва сипас, пухтупазро ёд гирифт. Баъдан дар марказгармии тарабхона ба кори фаррошӣ машғул шуд. Рӯиҳамрафта кораш самар меовард ва ошпаз ҳам гардид. Барои роҳандозии кораш маблағ саришта менамуд...
Пас аз гузашти 20 сол дар Ню–Йорк якчандто нуқтаҳои питсапазӣ ба Оқдениз тааллуқ доранд ва худи ӯ бошад, миллиондор шудааст. Вале, Ҳаққӣ ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои сахти аз сар гузарондаашро фаромӯш намекунад. Дар як ҳуҷраи начандон калон зиндагии хоксорона дорад ва ҳамеша мекӯшад, ки ба бехонаҳо ёрӣ расонда, ҳаёти онҳоро сабук намояд. Ӯ бесарпаноҳонро ба кор мегирад ва ройгон хӯроки питса медиҳад ва ҷойи хобашонро ҳам муҳайё менамояд. 

Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ



НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
КАЛИ ҶИНГИЛАМӮЙ
- Ало, милиса, як нафар аз девонахона гурехтааст.
- Кай?
- Як соат пеш.
- Афташ чӣ хел?
- Тамоман соқ нест.
- Аломатҳояшро гӯед, охир.
- Қадаш паст, кали ҷингиламӯй.
- Ё тавба, чӣ хел кал ҷингиламӯй мешавад?
- Гуфтам ку, соқ нест! 

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


МУЪҶИЗАҲОИ МУҲАНДИСӢ
ПУЛИ БАЛАНДТАРИН  ДАР ҶАҲОН
Дар Фаронса пули аҷиби Виадук Мийо мавҷуд аст. Сутунҳои бетонии ҳалқамонанди он аз ҳама баландтарин дар ҷаҳон мебошанд. Он аз манораи Эйфел ҳам баландтар аст. Аз болои абрҳо гузашта, шумо аз дарозтарин пул дар ҷаҳон мегузаред, ки ду канори жарфтарини дараи Аврупоро ба ҳам мепайвандад. Ин муъҷизаи муҳандисӣ ба шамолҳои шиддатнок ва ҳарорати баланд, ки дар ин минтақа тоқатнопазир ҳисобида мешаванд, истодагарӣ мекунад. 
Виадук Мийо дар қаторкӯҳҳои ҷануби Фаронса ҷойгир мебошад. 
30 сол боз масири автомобилие, ки Парижро бо соҳилҳои баҳри Миёназамин мепайвандад, аз деҳаҳои ҷануб гузашта ба водии Тран мерасад. Бари он 2,5 километр ва баландиаш 250 метрро ташкил медиҳад. 

Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН



ПОЛИГЛОТ
Горалд Уилямс, журналисти бритониёӣ, бо донистани 58 забон беҳтарин полиглот дар дунё ҳисобида мешавад. Журналист ҳангоми будубош дар Сербия тавонист забони маҳаллии онро дар муддати ду рӯз аз худ кунад. Ӯ пас аз чанд муддат намояндаи  Созмони Милали Муттаҳидро бо ҳарф задан бо забони модариаш ба ҳайрат гузошт.
Таҳияи Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА


АЗ ОЛАМИ МУД
“LOUIS VUITTON”
Луи Виттон 4 августи соли 1821 дар Анчеси Фаронса таваллуд шудааст. Падари ӯ Ксавиер Виттон деҳқон буд ва модараш Корин Гейлард, ки дар 10-солагии ӯ фавтидааст, дар осиёб кор мекард. Виттон дар як мағозаи Париж ҳамчун шогирд ранҷ мебурд. Баъдан дар ҳамон ҷо мағозаи шахсии худро кушод. 
Соли 1867 Виттон дар Париж дар чорабинии байналмилалӣ бо медали биринҷӣ қадр шуд, ки ин маъруфияти кори ӯро боз ҳам, афзун гардонд. Ӯ то дами марг корашро идома дод. Баъдан ширкатро ба писараш Ҷорҷ Виттон супурд. Аввалин моделҳои сумкаҳои дастӣ, ки ҳоло ҳам маъмуланд, дар оғози асри гузашта пайдо шудаанд, ки маҳсули коргоҳи ӯ мебошанд. Бузургтарин мағозаи сайёҳӣ дар ҷаҳон, соли 1914 дар “Champs Elysees” кушода шуд, ки ба ин ширкат тааллуқ дошт. То ҳол хонаҳои мӯди “Louis Vuitton” дар 53 кишвари ҷаҳон мағозаҳои брендии худро доранд.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


НИМШӮХИВУ   НИМҶИДДӢ
ТАСОДДУФ
 - Табрик, рафиқ бемор, ҷарроҳӣ хеле хуб гузашт, шумо ҳам ниҳоят ба худ омада ором шудед. Ҳарчанд пеш аз ҷарроҳӣ ду пойро дар як мӯза андохта, саркашӣ кардед, рафиқатон бошад, тамоман девона барин роҳравҳои беморхонаро ба сар бардошт.
- Духтурҷон, шумо ҳам моро фаҳмед охир, мо ягон дард надоштем, аз раёсати хоҷагӣ шанбегӣ гуфта тирезашӯӣ омада будем.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ



АЗ «МАҚОЛОТИ ШАМС»
Беинсофӣ аз ҳасад хезад.
* * * 
Ҳар эътиқод, ки туро гарм кард, онро нигоҳ дор ва ҳар эътиқод, ки туро сард кард, аз он дур бош.
* * * 
Ҳама фидои одамиянд ва одамӣ фидои хеш.
* * * 
Тавонгарӣ дар хурсандист.
Гирдоваранда А. РАҲИМ



ПОРТРЕТ ХУШБАХТӢ ОВАРД
Дар яке аз музофоти Итолиё Карбон ном шахсе зиндагӣ мекард. Ӯ ҳамсараш Луизаро  хеле дӯст медошт. Солҳои дароз бо ҳам буданд, аммо бо вуҷуди талошҳои зиёд фарзандор нашуданд.  
Соли 1897 Карбон дар кӯча мусаввиреро дид, ки дар даст портрети лӯлидухтар дошт. Расм ба мард  писанд омаду онро харида, ба ҳамсараш ҳадия намуд. Луиза ҳадияро гирифта, хурсанд шуд. Мусаввараро бо худ гирифта, ба беморхона барои муоина рафт. Дар он ҷо ба Карбон гуфтанд, ки Луиза  ҳомила аст. Баъди чанде онҳо соҳиби ду тифли зебо шуданд. Карбон аз хурсандӣ ба оилаашон хушбахтӣ овардани ин тоблуро ба ҳама нақл мекард. 

Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА,  коромӯзи “Ҷумҳурият”



4 СОҲИЛИ ЗЕБОТАРИНИ САЙЁРА
3. МАЛДИВИ -COCOA ISLAND

Малдиви - Cocoa Island  сеюмин соҳили зебо дар ҷаҳон шинохта шудааст. Масоҳати он гарчанде хурд бошад ҳам, бисёр ҷолибу тамошобоб мебошад. 
Аҷибаш дар он аст, ки тамоми атрофи  соҳилро баҳр иҳота кардааст. Ба ин ҷо аз тамоми кишварҳои ҷаҳон сайёҳон барои тамошо меоянд. Ҳамаи гардишгарон орзуи боре аз ин ҷо дидан намуданро дар дил мепарваранд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 


PELICAN.  БУЗУРГТАРИН ҲАВОПАЙМОЕ, КИ 
БО 3000 ОДАМ БА ФАЗО ХОҲАД РАФТ

Ҳавопаймои Pelican (Пеликан), ки тарҳи истеҳсоли он аз ҷониби Ширкати Boeing рӯи даст гирифта шудааст, метавонад бузургтарин ҳавопаймоӣ ҷаҳон бошад. Паҳноии болҳои ҳавопаймо 153 метр буда, қодир аст, бо 3000 одам ва 7,5 ҳазор тонна бор то 96 соат парвоз анҷом диҳад. Тарҳи истеҳсоли чунин ҳавопаймо бо дархости артиши ИМА соли 2000 аз ҷониби Boeing Phantom Works оғоз ёфт...

Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН



СУХАНОНИ КӮТОҲ
Агар сухан вазн надорад, чӣ гуна камари одамро мешиканад.
* * * 
Агар ром бишавӣ, боре шери ром бишав, на муши ром.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ


АМАЛҲОИ ҲАЙРАТОВАР ДАР ВАРЗИШ
ДАР 92-СОЛАГӢ 200 МЕТРРО ДАР 38,81 СОНИЯ ДАВИДАН ШӮХӢ НЕСТ!
Дар Чемпионати ҷаҳон байни устодони варзиш (Лаҳистон, моҳи марти соли 2023) Хиру Танакаи ҷопонӣ дар масофаи 200 метр рекорди ҷаҳонӣ гузошта, ҳамаро ба ҳайрат овард. Пирамарди 92-сола ин масофаро дар 38,81 сония давид, ки дар ин синну сол кори шӯхӣ нест!
Гузашта аз ин, Танака масофаи 60 метрро дар зарфи 10,95 сония тай карда, натиҷаи беҳтарини мавсимро нишон дод. Ҳамагӣ 0,4 сония нарасид, ки рекорди Витторио Колои итолиёвиро шиканад. Вале, бояд гуфт, ки Витторио ҳангоми рекорд гузоштан аз Хиру ду сол хурд буд. 
Бо давидани 100 метр дар 16,69 сония Танака аз соли 2021 миёни мардони аз 90-сола боло (M90+) рекордсмен мебошад. 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН


ЯК УСУЛИ ТИҶОРАТИ НАВ

Барномасоз аз Шведсия Роберт Элиасон барои смартфонҳо замимаеро роҳандозӣ намуд, ки фурӯшгоҳҳоро аз хизмати хазинадору муҳофизон озод месозад. 
Нуқтаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввали шаҳри Викен, ки 24 соат дар як шабонарӯз ва 7 рӯз дар ҳафта кор мекунад, на хазинадор дораду на муҳофиз. Системаи огоҳонӣ ва 6 видеокамераи насбшуда молҳоро аз дуздӣ нигоҳ медоранд. 
Харидорон дар сомонаи он аз қайд мегузаранду дар сматрфонашон замимаи махсусро насб месозанд. Пасон, маҳсулоти табъи дилашонро интихоб карда, рамзашро ба сомона мефиристанд. Аз он ҷо варақи харид ва чек меояд. Пардохти маблағ тариқи электронӣ сурат гирифта, харидор метавонад онро дар муддати то 60 рӯз амалӣ намояд.
Таҳияи 
Барноз РАҲМОНШОЕВА                


БЕҲТАРИН ҲАДИЯ КИТОБ АСТ 
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Вираҷ Сингҳ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 1690 адад китоб туҳфа намуд, ки, асосан, ба забони русианд. Дар ин бораи сомонаи КМТ хабар медиҳад. 
Китобҳо ба адибони бузурги олам, ба монанди Мигел де Сервантес, Робиндронат Такур, Ҷек Лондон, Ҳенрих Ҳейне, Оноре де Балзак, Карел Чапек, Александр Дюма, Арасту, Гюстав Флобер ва дигарон мутааллиқанд. Онҳо барои иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар бахши адабиёти ҷаҳон барои мутолиа тавсия шудаанд. Ҳамчунин, хонандагон метавонанд аз осори Алфонс Доде, Анатол Франс, Ҷон Стейнбек, Гогол, Тургенев, Николай Островский, Маргарет Митчел, Лев Толстой, Ги де Мопассан, Проспер Мериме, Ҷорҷ Санд, Михаил Шолохов, Чапигин ва дигар нависандаҳои шинохтаи ҷаҳонӣ, ки дар Китобхонаи миллӣ мавҷуданд, истифода баранд.
Таҳияи Латифабону РУСТАМЗОДА 

Санаи нашр: 14.04.2023 №: 78
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив