ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АШТ. САМАРАНОКИИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ – ОМИЛИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

АШТ. САМАРАНОКИИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ – ОМИЛИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

25 апрел 2023, Сешанбе
15
0

 
Кишоварзони аштӣ бо оғози фасли баҳору киштукор  бесаброна  интизори иттилоъ оид ба омодагии пойгоҳҳои обкашӣ мешаванд. Ҳамин, ки  посухи мусбат расид, хурду калон бо умеди ҳосили фаровони зироату сабзавот ва боғдорӣ ба саҳро мебароянд. Ин ҳолат бе ваҷҳ нест, зеро Ашт дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷумлаи ноҳияҳоест, ки наздик сад дарсади майдонҳои кишти соҳаи кишоварзӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд. Яъне, метавон гуфт, ки иншоотҳои обкашӣ дар ноҳияи Ашт чун дар навоҳии Зафаробод, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, воқеан ҳам, аҳамияти муҳими калидиву стратегӣ доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз кори муътадилу самаранокии пойгоҳҳо – муҳаррикҳои обкашӣ омили асосии фаровонҳосилию  рушди кишоварзӣ мебошанд.
Ҷиҳати аз худ кардани даштҳои ташналаби асрҳои аср бекорхобидаи ноҳия  ҳанӯз  солҳои 70-уми асри гузашта,  лоиҳае бо номи “Ашти калон” тарҳрезӣ шуда буд. Тибқи он, мебоист то имрӯз 61,5 ҳазор гектар замин   обёрӣ мешуд,  боғҳо, 18 хоҷагии давлатӣ ва  даҳҳо коргоҳҳои коркарди маҳсулот бунёд меёфтанд. Чунин масоҳати васеи майдон бо  пешниҳоди мутахассисон танҳо тавассути пойгоҳҳои пуриқтидор бо кашидани оби дарёи Сир имконпазир буд. Ва ҳамин тариқ, дар  ҳудуди ноҳия чанд пойгоҳи обкашӣ бо иқтидори бузург бунёд ёфта,  майдони зиёди заминҳо шодоб ва ба гулистон табдил ёфтанд. Вале бо пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ лоиҳа пурра татбиқи худро наёфт.
Пойгоҳи обкашии АНС-1( Аштская насосная стансия-1)  аз лиҳози иқтидор дар кишвар беназир аст ва дорои ҳафт агрегат буда, обро аз дарёи Сир  ба майдонҳои кишт равона месозад. Оғози фаъолияти ин пойгоҳ бино ба иттилои собиқ сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ашт Иброҳимҷон Воҳидов ба 12-майи соли 1979 рост меояд. Ба шарофати  кори муътадили ҳамин пойгоҳҳост, ки кишоварзони аштӣ ҳамасола ҳосили фаровони зироату пахта, сабзавот мерӯёнанду иқтисодиёти ноҳияро пеш мебаранд. Масалан, дар мавсими соли гузашта заркорони ноҳия қариб 20 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда, ҳосилнокиро  ба 29,5 сентнер расонданд, ки баландтарин дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Солҳое шуд, ки боғдорон то 25 ҳазор тонна мева истеҳсол намуданд, ки  20 ҳазор тоннаашро зардолуи хушсифат ташкил медиҳад, баъдан содироти гелосу зардолуи Ашт ба хориҷи дур сол ба сол раванди тоза касб менамояд. Бо назардошти  муҳимияти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ,  солҳои охир майдони он васеъ, боғҳои нав бунёд мешаванд.  Феълан майдони боғот дар ноҳия ба 18 ҳазор гектар расидааст. Ин раванд идома дорад ва табиист, ки ҷиҳати парвариши хубу нашъунамои мутобиқ ба риояи технологии зироату меваҷот ва сабзавот бояд обёрӣ сари вақт анҷом дода шавад.  
Мавриди зикр аст, ки бо гузашти беш аз чор даҳсола фаъолияти пойгоҳҳо, аз ҷумла таҷҳизоту муҳаррикҳо,  куҳнаву фарсуда шуда,  таъмири ҳарсолааш хароҷоти зиёде талаб мекунад ва чун дар навоҳии Зафарободу Мастчоҳ ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, ба хотири омодагии саривақтии иншоотҳои обкашӣ ба мавсими  киштукору парвариши зироату боғҳо барои таъмири таҷҳизоту муҳаррикҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия маблағ ҷудо мешавад. Бо ҳамин мақсад, дар оғози соли равон  аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  700 ҳазор ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт 300 ҳазор сомонӣ  ҷудо шуда,  корҳои таъмирӣ як ҳафта пеш аз мавсим ба охир расида, ҳамаи муҳаррикҳои обкашӣ омодаи кор шуданд.
–  Аз ҷониби пойгоҳҳои обкашӣ дар мавсими имсола  зиёда аз 18 ҳазор гектар замини кишоварзии ноҳия обёрӣ мешавад, – мегӯяд Махфиралӣ Бобоалиев, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия. Мақсади асосии 250 нафар мутахассиси идораи беҳдошти замин ва обёрӣ  ин аст, ки кишоварзони ноҳия аз об танқисӣ накашанд. Дар ноҳия 15 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об амал мекунад. Боз 55 чоҳи амудӣ низ,  дар мавсим дар ихтиёри кишоварзони ноҳия қарор  дорад.
Дар суҳбат раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода иброз медорад, ки  дурнамои рушди ҳамаи самтҳои соҳаи кишоварзӣ: пахтакориву боғдорӣ, сабзавоту полизӣ ва ғаллакорӣ  комилан ба фаъолияти муътадилу самараноки пойгоҳҳои обкашӣ  вобастааст.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.04.2023 №: 85
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив