ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. АЗ УҲДАДОРИИ ҚОНУНӢ ТО ИҶРОИ ҚАРЗИ ВИҶДОНӢ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. АЗ УҲДАДОРИИ ҚОНУНӢ ТО ИҶРОИ ҚАРЗИ ВИҶДОНӢ

27 апрел 2023, Панҷшанбе
69
0


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронӣ чунин изҳор доштанд: “Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам. Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбӣ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлат ҷавонмардона адо мекунанд”. 
Ин гуфтаҳои Сарвари давлат ҳар як ҷавони худогоҳу хештаншинос ва афсарону сарбозони далеру шуҷоъро водор месозад, ки воқеан сазовори боварӣ ва содиқ ба арзишҳои ватандорӣ бошанд. Хушбахтона, чунин ҳам ҳаст ва мо дар ҳар мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ новобаста аз баъзе мушкилоту печидагиҳо дар раванди ин маъракаи муҳим омилҳои мусбат, аз ҷумла афзоиши теъдоди ихтиёриён ба хидмати ҳарбиро мушоҳида мекунем. Дар ин замина иддае аз ҷавонон бо хоҳиши худ, бо машварати дӯстону наздикон ва бо тавсияи бузургсолон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд ва худро вориди мактаби обутоби зиндагӣ ва камолоти ҷавонмардӣ месозанд. Теъдоде низ ҳастанд, ки бидуни далел аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд. Албатта, ин тоифа мунтаҳо дар назди қонун ҷавобгар хоҳанд буд, зеро хизмат ба Ватан – Модар уҳдадории қонунӣ ва қарзи имониву виҷдонӣ аст.
Барои бартараф намудани ин муш-кил зарур аст, ки корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон боз ҳам тақвият дода шуда, ин асл ба онҳо таблиғ шавад, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби тарбия низ, ҳаст. Чун хизмати ҳарбӣ ба ҳар нафар мушкилписандӣ, таҳаммулпазирӣ, ҷавонмардию вафо-дорӣ ва ватандӯстиро меомӯзад. Ин дар ҳолест, ки моҳияти ватандӯстӣ дар ҳама давру замон мавзуи калидии ватандорон буду ҳаст. Чун бидуни Ватан оромиши фикриву руҳӣ вуҷуд дошта наметавонад. 
Ҳоло бо дастгириву ғамхориҳои Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити хуби маишӣ, машқу тамрини сарбозон муҳайё гардида, дигар мушкилоти қаблӣ дар ин самт ба хотираи таърих рафтааст. Иқтидори кунунии неруҳои низомии мо низ хеле тақвият ёфта, дар заминаи машқу тамринҳои низомии муштарак борҳо аз ҷониби соҳибназарон баҳои баланд гирифтааст. Аз ин рӯ, барои тавсеи қудрати минбаъдаи дифоии кишвар моро зарур аст, ки хизмат ба Ватанро дар авлавияти кору зиндагии ҳуд қарор диҳем ва онро қарзи шаҳрвандии худ шиносем. Вобаста ба хизмати ҳарбӣ дар зеҳни наврасон андешаҳои солимро ҷой диҳем, тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстиро дар остонаи мактаб тавсеа бахшем. Зеро ин кору иқдомотест, ки мо барои осудагии худ ва таъмину таҳкими сулҳу соботи Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол анҷом медиҳем. 

Умед ПУДИНАЕВ, 
ходими илмии шуъбаи иттилоот, 
робитаҳои илмӣ ва омӯзиши 
тамаддуни Шарқи 
маркази мероси хаттии АМИТ

Санаи нашр: 27.04.2023 №: 87
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив