ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАҚОМОТИ СУДӢ. ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ АЗ БУДУ НАБУДИ СОМОНАҲО

МАҚОМОТИ СУДӢ. ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ АЗ БУДУ НАБУДИ СОМОНАҲО

27 апрел 2023, Панҷшанбе
149
0

 

Дар замони муосир бо пешрафти бесобиқаи технология фаъолияти ҳеҷ як мақомот ва идораву ташкилотҳо бидуни интернет, таъсиси сомонаҳо ва саҳифаҳои вижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро, феълан аксари мардум ба интернет рӯ оварда, бештари иттилоъро аз тариқи он дастрас менамоянд. Вазорату кумита, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идораву ташкилотҳои зиёдеро мисол овардан мумкин аст, ки тавассути сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз фаъолияти худ маълумот нашр  мекунанд. Мутаассифона, дар ин миён боз мақомоте низ ҳаст, ки ба ном сомона кушода, солҳо боз онро ба ҳоли худ гузоштаанд, ки мақоли “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам!”-ро мемонад.

ЧАРО СОМОНА ДОШТАН ЗАРУР АСТ?
Ҳадаф аз ташкил ва мунтазам фаъол будани сомона ё саҳифаҳои интернетӣ сари вақт огоҳ сохтани мардум аз фаъолияти ин ё он ниҳод, бо маълумоти саҳеҳ пур кардани фазои иттилоотӣ, дастрасии шаҳрвандон ба иттилои зарурӣ ва роҳ надодан ба маълумоти бардурӯғ аз ҷониби шахсону сомонаҳои ғаразпеша дар фазои маҷозӣ мебошад.
Бо ин мақсад, аз ҷумла моҳи июни соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар шабакаи интернет тасдиқ ва барои иҷро ба вазорату идораҳо ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ, ирсол шуд. 
Ҳадаф аз таҳия ва тасдиқи қоидаҳои мазкур ташаккул ва рушди ҳукумати электронӣ, таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот” мебошад. Бо гузашти 6 сол аз қабули қарори болозикр аз тарафи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ корҳои муайян сомон дода шуд, вале дар ин самт камбудиҳо ҳамоно ҷой доранд.
Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шудааст, ки мақсад аз он амалисозии Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин робита тасмим гирифтем, сомонаҳои мақомоти судии мамлакатро, ки бархе ба ном вуҷуд доранд, таҳлил намоем. Зеро дар сомонаҳои мақомоти судӣ низ сари вақт гузоштани рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда ва баъзе иттилооти зарурӣ хеле муҳим мебошад. 
Тавре мушоҳида нишон дод, баъзе судҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ном сомона кушода, то 25 апрели соли ҷорӣ дар онҳо ягон матлаб ҷой накардаанд. Тамоми сомонаҳои судҳои шаҳру ноҳияҳо ба як тарҳ сохта шуда, корбарӣ дар онҳо низ якранг аст – бознашри хабару гузоришҳо ё мақолаҳое, ки дар сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мегарданд. Бархеи он бо вуҷуди рушди бесобиқаи технология то ҳол сомона надоранд. Ҳарчанд дар ин миён ҳастанд сомонаҳое, ки дар ҳақиқат фаъолияти хеле хуб дошта, аз масъулияти баланд ва огоҳӣ доштани роҳбарони онҳо аз технологияи муосир дарак медиҳад. 
Тибқи мушоҳида сомонаҳои судҳои шаҳру навоҳии мамлакат аз соли 2018 фаъол гашта, мутаассифона, баъзеи онҳо аз санаи таъсисёбӣ то ҳол бекор хобидаанд.
Як таҷрибаро мехоҳам ёдрас шавам, ки 3 сол пеш мо як гурӯҳ бо шумули намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воситаҳои ахбори омма ва мақомоти судӣ дар Ҷумҳурии Литва қарор доштем. Вақте аз мақомоти судии ин кишвар дидан кардем, дар даромадгоҳи бинои судҳо терминали махсус гузошта шудааст, ки дар он шаҳрвандон метавонанд санаи мурофиаҳои судӣ, судяи раисикунанда ва дигар маълумоти заруриро дастрас намоянд. Ин дар бисёр кишварҳо имрӯзҳо роиҷ аст. Бояд чунин таҷриба ва технологияи нав дар мо низ, мавриди истифода қарор гирад.  

 

ВАҚТЕ СОМОНАИ СУДИ ОЛӢ НАМУНА НЕСТ... 
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори охир дар сомонааш 13 марти соли ҷорӣ аз ҷаласаи 18-уми раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мавод нашр кардааст. Тибқи мушоҳида фаъолияти сомонаи Суди Олӣ аз аввали соли ҷорӣ бо сабабҳои номаълум фаъолияти суст дорад. Ҳарчанд дар гузашта нисбатан беҳтар буд. Рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда низ, комилан холист.
Сомонаи мазкур бо забони русӣ аз аввали сол то ҳол танҳо як мавод нашр кардааст, ки он ҳам аз нишасти матбуотии раиси Суди Олӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти соли 2022 мебошад. Забони англисии сомона бошад, умуман, фаъол нест.

СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА НОҲИЯҲОИ ОН БОЯД НАМУНА БОШАНД
Сомонаи суди шаҳри Душанбе соли 2018 сохта шуда, аз рӯи мушоҳида фаъолияти намунавӣ дорад. Рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда, маводи иттилоотӣ аз фаъолияти суд, мақолаҳои судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд сари вақт дар сомона ҷой дода шудаанд. Ягона камбудии сомона ҳамин, ки дар соли 2023 бо гузашти се моҳ то имрӯз ягон мавод бо забони русӣ надорад.  
Аз суди чор ноҳияи шаҳри Душанбе бошад, сомонаи судҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино фаъолияти чашмрас доранд. Суди ноҳияи Шоҳмансур бори охир 4 феврали соли ҷорӣ мавод нашр кардааст. Суди ноҳияи Фирдавсӣ бошад, дар сомонааш 8 сентябри соли 2020 мавод дар бораи Истиқлоли давлатӣ ба нашр расондааст. Аз сомонаҳои судҳои чор ноҳияҳои пойтахт танҳо Сино ва Исмоили Сомонӣ дар самти гузоштани рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда ва матолиби дигар пешсафанд.  
Сомонаи суди ҳарбии гарнизони Душанбе бошад, бори охир 16 марти имсол табрикоти раиси судро ба муносибати Ҷашни Наврӯз нашр кардаасту тамом. Он ҳарчанд бо забони тоҷикӣ фаъолияти нисбатан беҳтар дошта бошад ҳам,  бо забони русӣ тайи беш аз ду соли охир мавод надорад.  

СОМОНАҲОИ НИСБАТАН ФАЪОЛ ҲАМ ҲАСТАНД
Аз 13 суди шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ танҳо сомонаи судҳои шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Сангвор фаъолияти хуб доранд, ки аз масъулияти баланди раисони суд шаҳодат медиҳад. Дар ин судҳо аз фаъолияти ҳаррӯза ва парвандаҳои дар чанд рӯзи оянда баррасишаванда дар сомона мунтазам хабар дода мешавад. Ҳарчанд бо забон русӣ тақрибан мавод нашр накардаанд.
Сомонаҳои суди шаҳри Турсунзода ба ҳолати моҳи декабри соли 2022, Ҳисор ноябри соли 2020, Роғун танҳо ду матлаб дар соли ҷорӣ, Варзоб июли соли 2018, Файзобод ду мавод аз аввали имсол, Рашт чор мавод аз аввали сол, Тоҷикобод як мавод дар соли ҷорӣ ва он ҳам аз фаъолияти худи суд нест, Нуробод 2 декабри соли 2021, Лахш октябри соли 2022 мавод нашр кардаанд.

ЧАРО СУДИ ШАҲРИ ХОРУҒ СОМОНА НАДОРАД?
Аз судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо суди Вилоят, суди ноҳияи Дарвоз ва суди ҳарбии гарнизони Хоруғ сомона доранд. Шаҳру ноҳияҳои боқимонда бо сабабҳои ба мо номаълум то ҳол сомона накушодаанд. Суди ВМКБ фаъол буда, парвандаҳои баррасишаванда ва дигар матолиб сари вақт гузошта шудаанд. 

Дар сомонаи суди ноҳияи Дарвоз бошад, бори охир 30 июли соли 2018 матлаб нашр шудааст, ки он ҳам аз фаъолияти худи суд набуда, бознашри матлабҳо аз Суди Олӣ мебошад.
Раиси суди ноҳияи Дарвоз Амриддин Мирзохонзода ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки сабаби ин ҳолат норасоии мавҷи дурусти интернет ва корманди масъул мебошад. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди чанд воҳиди кории холӣ доштан, ба корманд ниёз доранд.
Суди шаҳри Хоруғ – маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад то ҳол сомона надорад. Рустам Ҷумъахонзода, раиси суд, дар суҳбати телефонӣ ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки чанд моҳ пеш ба ин вазифа таъин шудааст ва нақша дорад акнун сомонаи судро таъсис диҳад. 
Дар суди ҳарбии гарнизони Хоруғ низ, бори охир соли 2018 ва он ҳам 2 матлаб дар як сол нашр шудааст, ки он ҳам аз фаъолияти худи суд нест. 

БАЪЗЕ НОҲИЯҲОИ ХАТЛОН СОМОНА НАДОРАНД
Аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мо сомонаи судҳои ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон, Ховалинг, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳинро дар интернет ё ин ки феҳристи сомонаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо накардем. 
Сомонаи суди вилояти Хатлон бо забони тоҷикӣ фаъолияти хубу ҳамарӯза дорад. Дар он бо забони русӣ бори охир соли 2021 мавод нашр гардидааст. Дар сомонаи суди Бохтар бошад, рӯйхати парвандаҳо ва маводҳо ҷой дода шуда, бо забони русӣ, умуман, мавод нест. 
Дар суди шаҳри Кӯлоб бошад, соли ҷорӣ танҳо 2 мавод нашр шудааст. Суди шаҳри Норак бори охир дар сомонааш 28 октябри 2021 оид ба парвандаҳои баррасишаванда эълон мондааст. Суди шаҳри Левакант бошад, бори охир аз чорабинии Рӯзи Модар дар соли 2022 мавод нашр кардааст ва ин ҳам ягона мавод дар ин сол мебошад. 
Сомонаи суди ноҳияи Ёвон фаъолияти намунавӣ дошта, мунтазам мавод нашр мекунад. Инчунин, роҳбарияти суд бо матбуот ва дигар ВАО ҳамкории зич дошта, матолиби сомонаро дар шакабаҳои иҷтимоӣ низ, манзури хонанда мегардонад. 

 
Раиси суд Ҷамолиддин Абдуллозода дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки масъулияти маъмурии сомонаи судро ӯ худаш ба уҳда гирифтааст. Баъд аз соати корӣ ва гоҳо дар рӯзҳои истироҳат вақт ҷудо карда, мавод ва рӯйхати парвандаҳои баррасишавандаро дар сомона мегузорад.
Суди ноҳияи Хуросон низ, рӯйхати парвандаҳои баррасишавандаро сари вақт дар сомона ҷой додааст, ки намунаи ибрат аст. 
Суди ноҳияи Қубодиён дар сомонааш 5 марти соли 2022 бо нашри як паём модаронро бо рӯзи идашон табрик кардааст. Тибқи мушоҳида сомонаи суди мазкур солҳои 2021 – 2022 фаъолияти хуб нишон дода, аз моҳи марти соли гузашта фаъол нест.
Сомонаи суди ноҳияи Шаҳритус бори охир аз тамошои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ 24 декабри соли 2022 мавод нашр кардаасту халос. 
Дар сомонаҳои суди ноҳияи Панҷ моҳи июни соли 2021, Вахш феврали 2023, Кӯшониён июли 2018, Ҷалолиддини Балхӣ ноябри 2021, Дӯстӣ июли 2018, Ҷайҳун июли 2018, Абдураҳмони Ҷомӣ январи 2023, Носири Хусрав июли 2018, Данғара январи 2022, Фархор июли 2018, Темурмалик июли 2018 ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон бошад, бори охир 8 феврали 2023 мавод нашр кардаанд.
Дар аксар судҳо роҳбарон ҳозир нашуданд, ки далели чунин муносибатро шарҳ диҳанд. Аз ҷумла, раиси суди ноҳияи Кӯшониён баъди чанд сонияи суҳбати телефонӣ ба огоҳ шудан аз мақсади мо, бо баҳонаи хуб набудани алоқа гӯшии телефонро гузошт ва дигар ба занг ҷавоб надод.

СУҒД.  ҲАМА СОМОНА ДОРАНД, АММО...
Ҳамаи судҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд, хушбахтона, сомона кушодаанд. Аммо тавре таҳлилҳо нишон доданд, баъзе судҳо аз санаи таъсисёбӣ дар сомонаҳо – соли 2018 ҳамагӣ чанд мавод гузошта, онро ба ҳоли худ гузоштаанд.
Мушоҳида нишон дод, ки суди вилоят давоми соли ҷорӣ дар сомона якчанд мақола нашр карда бошад ҳам, аз рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда дар ду – се соли охир дараке нест. Суди шаҳри Хуҷанд соли сипаришуда фаъолияти беҳтар нишон дода, матолиб ва рӯйхати парвандаҳоро сари вақт дар сомона ҷой додааст. Соли ҷорӣ дар сомонаи суди мазкур танҳо 3 мавод ҷойгир карда, мутаассифона, рӯйхати парвандаҳои баррасишаванда ва матолиби дигар нест.
Суди шаҳри Конибодом моҳи декабри соли 2022, Исфара ноябри 2022, Истаравшан июни 2021, Гулистон июли 2018, Истиқлол майи 2022, Ашт декабри 2022, Шаҳристон майи 2021, Деваштич июли 2018, Айнӣ июли 2018, Ҷаббор Расулов апрели 2021, Зафаробод декабри 2021, Кӯҳистони Мастчоҳ июни соли 2022 ва суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд феврали соли 2022 бори охир дар сомонаҳояшон мавод нашр кардаанд. Ба сомонаи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров умуман ворид шуда намешавад. 
Ду матлабе, ки соли 2018 дар сомонаи суди шаҳри Гулистон монда шудааст, яке гузоштани санги асоси бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигаре низ, як хабари ҷаласаест, ки аз фаъолияти худи суд нест. Дар суди ноҳияи Деваштич ва чанде дигар низ, ба ҳамин тартиб ҳолати сомонадорӣ мушоҳида шуд.
Дар миёни шаҳру навоҳии вилояти Суғд сомонаи судҳои шаҳрҳои Панҷакенту Бӯстон ва навоҳии Спитамену Мастчоҳ дар масъалаи эълони парвандаҳои баррасишаванда ва матолиб аз фаъолияти суд нисбатан фаъолияти хуб доранд. 

АЗ КАМИИ ВОҲИДИ КОРӢ ТО САРБОРӢ
Таҳлилҳо собит намуданд, ки сабаби асосии фаъол набудани сомонаҳои расмӣ дар аксарияти судҳо набудани воҳиди алоҳидаи кории масъули сомона ва интернет мебошад. Дар тамоми судҳо ин сарборӣ ба уҳдаи котибони маҷлиси судӣ вогузор шудааст. 
Бо чунин шеваи корбарӣ дар фазои интернет наметавон шаҳрвандонро ба иттилои зарурӣ аз фаъолияти мақомоти судӣ огоҳ сохт. Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ВАО назари нек ва ҳамкории хуб дорад, бовар дорем баъди нашри матлаб дар самти бештар намудани воҳидҳои кории судҳои шаҳру навоҳӣ ва, ба ин васила, кам кардани сарбории кормандони худ тадбирҳои иловагӣ рӯи даст мегирад. Ин иқдом ба баррасии саривақтии парвандаҳо ва фаъол гаштани сомонаҳои судҳо низ, замина хоҳад гузошт. Зеро аксари роҳбарони судҳо аз кам будани воҳиди корӣ ва сарборӣ гила доранд.

Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.04.2023 №: 87
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив