ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Дипломати чинӣ: “СҲШ самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Чин аст”

Дипломати чинӣ: “СҲШ самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Чин аст”

25 май 2023, Панҷшанбе
17
0
Газета.ру. Ҳамоҳангсози миллии Чин дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), сафир Чжан Хайчжоу дар як чорабинӣ барои хабарнигорони кишварҳои узви СҲШ, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Чин баргузор шуд, изҳор дошт: "СҲШ самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Чин аст, бинобар ин, Пекин барои рушди он фаъолона саъй мекунад". 
Дипломат таъкид дошт, ки Пекин ба ҳадафҳои аслии СҲШ содиқ боқӣ мемонад ва аз ин рӯ, ният дорад рушди ҳамкориҳои аъзои онро дар тамоми соҳаҳо идома диҳад, ба «дахолати беруна ва гегемонизм» муқобилат кунад ва иқдомоте биандешад, ки ба рушди тартиботи ҷаҳонӣ дар роҳи одилонатар ва оқилонатар ёрӣ расонад.
 
 
СММ: «Офатҳои табиӣ дар 50 соли охир 2 миллион нафарро ба ҳалокат расондаанд»
CentralAsia (CA). Бино ба иттилои Хадамоти ҷаҳонии метеорологии Созмони Милали Муттаҳид, офатҳои табиӣ   аз соли 1970 то 2021 боиси марги 2 миллион нафар шуданд. Дар ин муддат 11,7 ҳазор офати табиӣ рух дода, ба маблағи 4,3 триллион доллари амрикоӣ хисорот расондааст. Дар баробари ин, дар ҳар даҳсола сатҳи миёнаи солонаи марг дар натиҷаи офатҳои табиӣ коҳиш меёбад, аммо талафоти иқтисодӣ, баръакс, меафзояд – аксари онҳо бо оқибатҳои тӯфон алоқаманданд.
Аксари фавтҳо (47 дарсад) бар асари офатҳои табиӣ, асосан, дар натиҷаи тӯфонҳои тропикӣ дар Осиё рух медиҳанд. Соли 2008 тӯфони Нарнис 138 000 нафарро нобуд сохтааст. Бар асари офатҳои табиӣ дар Бангладеш бештари одамон мемиранд: 281 фалокат боиси ҳалокати 520 ҳазор нафар гардид. Тибқи маълумоти СММ, беш аз 90 дарсади фавти ба қайд гирифташуда бар асари офатҳои табиӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ рух додааст. Зимнан, 60 дарсади талафоти иқтисодӣ дар натиҷаи офатҳо дар кишварҳои дорои иқтисоди пешрафта ба қайд гирифта шудаанд. Танҳо дар ИМА офатҳои табиӣ 1,7 триллион доллар хисорот ба бор овардаанд, ки ин  39 дарсади талафоти иқтисодии ҷаҳон дар 51 сол аст.
 
 
Тавсеаи ҳамкориҳои Чину Россия
ТАСС. Сарвари  Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян форуми тиҷоратии Россияву Чинро як платформаи хубе барои таҳкими ҳамкориҳои ҳар ду кишвар медонад. Дар ин бора ӯ рӯзи сешанбе дар паёми худ ба ширкаткунандагони форум хабар дод.
"Чин омода аст, ки табодули иқтисодиву тиҷоратӣ бо Россияро боз ҳам густариш диҳад  ва ҳамкориҳоро ҳам аз лиҳози сифатӣ ва ҳам миқдорӣ тавсеа бахшад. Ин ҳамоиш барои доираҳои тиҷоратии ду кишвар заминаи хубе ҷиҳати таҳкими табодули маҳсулот ва ҳамкориҳо фароҳам месозад", – иқтибос овардааст суханони  Ли Сянро телевизиони марказии Чин.  
 
 
СММ баррасии созишномаи ғалларо бо Россия ва Украина идома медиҳад
ТАСС. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар ҷаласаи Шурои амнияти ин Созмони ҷаҳонӣ сухан карда, гуфт, ки СММ музокиротро бо Россия, Украина ва Туркия дар бораи мушкилоти боқимондаи созишномаи ғалла идома медиҳад ва умедвор аст, ки ғизо ва нуриҳои минералии Россия, аз ҷумла аммиак, метавонад ба бозори ҷаҳонӣ бирасад.   
"Ташаббуси интиқоли ғалла тавассути баҳри Сиёҳ ва Ёддошти тафоҳум барои таъмини дастрасии маводи ғизоӣ ва нуриҳои минералии Россия ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба эътидол омадани нархи маводи бозорҳо ва коҳиш додани таъсири буҳрони озуқаворӣ мусоидат карданд. Украина тавонист беш аз 30 миллион тонна маҳсулоти озуқаворӣ содир намояд", – гуфт Гутерриш.
Санаи нашр: 24.05.2023 №: 109
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив