ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 30 августи соли 2024, № 488, ш. Душанбе 

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 30 августи соли 2024, № 488, ш. Душанбе 

16 сентябр 2024, Душанбе
386
0
Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   
 
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи дархости пешниҳоднамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба расондани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ҳамасола дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи заруриро барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ пешбинӣ намояд.
3. Барои пардохти хароҷоти маъмурӣ ва пешбурди коргузории механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ,  инчунин музди меҳнати нозирон-коргузорон ва кормандони иҷтимоии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи на зиёда аз 3 дарсади ҳаҷми умумии маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд, иҷозат дода шавад.
4. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бокортаъминкунӣ ва мусоидат ба шуғли аъзои қобили меҳнати оилаҳои камбизоат чораҳои зарурӣ андешад.
5. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Тартиби мазкур тадбирҳо андешида, оид ба корҳои анҷомдодашуда ҳар сол то 1 феврал ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
6. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалисозии Тартиби мазкур ҳар сол то            1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
 
 
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 августи соли 2024, № 488 тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ 
таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва 
шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) тартиби баррасии муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо), муайян намудани камбизоатии онҳо, инчунин шартҳои таъин, маблағгузорӣ ва андозаи пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта, тибқи баҳодиҳии вазъи моддию маишӣ ва сатҳи некуаҳволии онҳо камбизоат эътироф гардидаанд, таъин карда мешавад.
3. Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои ҷуброн намудани хароҷоти истифодаи неруи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, инчунин мусоидат ба таъмини  дастрасии кӯдакони чунин оилаҳо ба ғизои солим, таҳсилот ва касбомӯзӣ пешбинӣ шудааст.
 
2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ РАСОНДАНИ КУМАКПУЛИИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
4. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- сиёсати давлатиро дар самти расондани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ амалӣ менамояд; 
- шакл ва намуди ҳуҷҷатҳои заруриро барои таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;
- барномаи электронии низоми иттилоотии кумакпулии унвонии иҷтимоӣ (минбаъд - портали ягонаи иттилоотии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ)-ро ташкил карда, онро дар тамоми расонаҳо ҷойгир менамояд;
- усулҳои муайян намудани камбизоатии оилаҳо ва шаҳрвандонро барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, инчунин индикаторҳои муайянкунандаи вазъи некуаҳволии аҳолӣ барои таъин кардани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ва формулаи арзёбии ғайримустақими эҳтиёҷмандиро муайян менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки Тартиб ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пешбинӣ менамоянд, анҷом медиҳад.
5. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Агентӣ):
- махзани ягонаи маълумотро дар бораи оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ташаккул медиҳад;
- механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоиро ба шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат амалӣ карда, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардидаро таъмин менамояд; 
- фаъолияти мақомоти дахлдори ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вобаста ба муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҳамоҳанг менамояд;
- ҳар семоҳа бо истифодаи махзани ягонаи электронии маълумот рӯйхати аъзои қобили меҳнати оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоатро (дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо), ки расман кор намекунанд, тартиб дода, онро ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- рӯйхати оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоатро, ки дар сатҳи пасти камбизоатӣ қарор дошта, индекси сатҳи некуаҳволӣ (меъёри эҳтиёҷот)-и онҳо аз нисфи холҳои муқарраргардидаи гузариш камтар мебошад, тартиб дода, барои дастгирии минбаъдаи иҷтимоӣ ва расондани кумаки моддӣ ба онҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод менамояд;
- барои ҳамгироии портали ягонаи иттилоотии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо портали хизматрасониҳои давлатӣ чораҷӯйӣ менамояд.
6. Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
 - якҷо бо воҳидҳои сохтории худ тибқи рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои қобили меҳнати оилаҳои камбизоатро (бе пардохти кумакпулии бекорӣ) ба ҳисоб гирифта, дар доираи консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои соҳавӣ ва дар муҳлати муқаррарнамудаи Тартиби мазкур барои бокортаъминкунии онҳо чораҷӯйӣ менамояд;
- фаъолияти дигари марбут ба бокортаъминкунии аъзои қобили меҳнати оилаҳои камбизоат, аз ҷумла тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ амалӣ менамояд.
7. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- бо мақсади амалисозии механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, комиссияҳои маҳаллиро таъсис медиҳанд;
- фаъолияти муназзами бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро вобаста ба амалӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ташкил менамоянд;
- кумаки моддӣ ё хайриявиеро, ки дар арафаи ҷашну идҳои миллию  давлатӣ аз ҷониби сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони эҳсонкор расонда мешавад, ба оилаҳои камбизоате, ки дар ҳайати худ маъюби гурӯҳҳои I ва II ё ду ва зиёда шахси маъюб доранд ва оилаҳои дигари камбизоате, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд, пешниҳод менамоянд; 
- бо мақсади баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо) барои гирифтани кумаки унвонии иҷтимоӣ, санҷидани дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва маълумоти дар онҳо дарҷгардида, инчунин ташкили кори иҷтимоӣ бо аҳолӣ, дар назди мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти хароҷоти маъмурӣ ва пешбурди коргузории механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ пешбинигардида як корманди иҷтимоиро бе додани мақоми хизматчии давлатӣ ба кор қабул менамоянд;
- раисони кумитаҳои маҳалла, шуроҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои дигари ғайрибуҷетии маҳаллӣ барои ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таъмини шаффофияти таъини кумаки унвонии иҷтимоӣ ҷалб менамоянд.
 
3. МУАЙЯН НАМУДАНИ ШАҲРВАНДОН (ОИЛАҲО)-И КАМБИЗОАТ
8. Барои муайян намудани камбизоатии шаҳрвандон (оилаҳо) ва ҳуқуқи гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ маълумоти зерини индикаторҳои некуаҳволии шаҳрванд (оила) ба инобат гирифта мешаванд: 
- ҳайати оила, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маълумотнокии сардори оила, теъдоди маъюбон, ноболиғон, пиронсолони аз 80-сола боло ва дигар аъзои ғайриқобили меҳнат дар оила, даромади пулию молиявии шаҳрвандон (оилаҳо), молу мулки шаҳрвандон (оилаҳо), ҳолати манзили истиқоматӣ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои дигари дар ихтиёри оила қарордошта, шумора ва намудҳои чорвои шаҳрвандон (оилаҳо);
- индикаторҳои дигаре, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ барои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат заруранд.
 
4. ТАРТИБИ БАРРАСИИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ВА ТАЪИН НАМУДАНИ КУМАКПУЛИИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
9. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд ва имконияти мустақилона аз ин ҳолат баромаданро надоранд, барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ мустақиман тавассути шуъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ё портали ягонаи иттилоотии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат мекунанд. 
10. Ба шаҳрвандоне, ки барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд, аз ҷониби шахсони масъули мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла бланкҳои «Ариза дар бораи таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ», «Маълумотнома дар бораи ҳайати оила» ва «Маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила» ба таври ройгон дода мешаванд. Ҳангоми пешниҳод намудани муроҷиати электронӣ дар сурати зарурат аз ҷониби шахси масъули мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба шаҳрванд кумаки ройгон расонда мешавад. 
11. Аз номи ҳамаи аъзои оила пур намудани ҳуҷҷатҳои зарурии дар банди 10 Тартиби мазкур зикргардида ваколати сардори оила буда, дар сурати ба таври электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, метавонад шахси дорои дониши иттилоотию технологиро ҷалб намояд. Ҳангоми бо сабабҳои узрнок дар муҳлати зиёда аз шаш моҳ набудани сардори оила, яке аз аъзои ба балоғатрасидаи ҳамин оила ҳуқуқи муроҷиат барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоиро дорад.
12. Дар ариза розигии аризадиҳанда ва ҳамаи аъзои оилаи ӯ оид ба гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи оила, молу мулк ва даромадҳои он, инчунин барои санҷиши маълумоти пешниҳодшуда бо мақсади қабул намудани қарори одилона роҷеъ ба таъин кардани (ё рад намудани) кумакпулии унвонии иҷтимоӣ инъикос карда мешавад.
13. Сардори оила дар аризаи худ шахси боваринокро зикр менамояд, ки ҳангоми набудани ӯ ваколатҳояшро барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ иҷро мекунад. Ваколатнома бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дода шуда, бо муҳр тасдиқ карда мешавад. 
14. Ариза бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар китоби бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар бораи таъини кумаки унвонии иҷтимоӣ, ки дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пеш бурда мешавад, ба қайд гирифта мешавад.
15. Ариза дар бораи таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила пас аз санҷиши дурустии маълумоти пешниҳодгардида бо имзои раиси ҷамоати шаҳрак ё деҳот, ё мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда мешаванд.
16. Кормандони масъул (кормандони иҷтимоӣ)-и мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аризаҳои шаҳрвандонро бо замимаҳо қабул менамоянд. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аризаҳои шаҳрвандонро бо замимаҳо дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ ба бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ месупоранд. Ба ҳар як оила ва шаҳрванди камбизоате, ки барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ муроҷиат менамояд, парвандаи иҷтимоии инфиродӣ кушода шуда, дар он ҳамаи ҳуҷҷатҳо дӯхта мешаванд.
17. Кормандони масъул (нозирон-коргузорон)-и бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некуаҳволии шаҳрванд (оила) дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ ариза, маълумотнома дар бораи ҳайати оила, маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила ва маълумоти шиносномаи аризадиҳандаро ба махзани ягонаи иттилоотии кумакҳои унвонии иҷтимоии мақоми ваколатдори давлатӣ (минбаъд - махзани иттилоотии кумакпулии унвонии иҷтимоӣ) ворид менамоянд.
18. Ба шаҳрвандони яккаву танҳои пиронсол, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор дошта, дар ҳудуди ҷумҳурӣ шахси парастор надоранд, кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба тариқи истисно таъин ва пардохт карда мешавад. 
19. Ба оилаҳое, ки дар ҳайати худ маъюби гурӯҳҳои I ва II ё ду ва зиёда шахси маъюб доранд, инчунин кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, ҳангоми муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи зиндагии оила бартарӣ дода мешавад.
20. Ба оилаҳои камбизоате, ки дар ҳайати худ ду ва зиёда шахси қобили меҳнат доранд, кумакпулии унвонии иҷтимоӣ шартан ба муҳлати 6 моҳ таъин карда шуда, рӯйхати чунин оилаҳо барои корбарии минбаъда ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолате, ки агар дар давоми муҳлати муайяншуда шахсони қобили меҳнат ба кори музднок машғул нашаванд, чунин оилаҳо минбаъд барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ муроҷиат карда наметавонанд. 
21. Натиҷаи коркарди маълумот дар бораи таъин ё рад намудани таъини кумакпулии унвонии иҷтимоӣ то санаи 10 моҳи оянда ба махзани иттилоотии кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ворид карда шуда, дар ин хусус мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар муддати 10 рӯзи корӣ ба аризадиҳанда тавассути мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот огоҳиномаи хаттӣ ва ё электронӣ (паёмаки электронӣ) ирсол менамояд.
22. Дар мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ парвандаҳои иҷтимоии инфиродии оилаҳо ва шаҳрвандони муроҷиаткарда ба муддати се сол нигоҳ дошта, пас аз анҷоми муҳлати мазкур ба бойгонӣ супорида мешаванд.
 
5.  МУАЙЯН НАМУДАНИ АНДОЗА, МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
23. Андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат, бо дарназардошти кӯдакони то 16-сола, ки дар маълумотнома оид ба ҳайати оила дарҷ карда шудаанд, бо тартиби зерин таъин ва пардохт карда мешавад: 
- аз 1 январи соли 2024 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат барои дувоздаҳ моҳ дар ҳаҷми 10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан 1 (як) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як кӯдак ташкил дода, ҳар семоҳа ба андозаи 25 дарсади андозаи муқарраршуда пардохт карда мешавад;
- иловатан аз 1 сентябри соли 2024 барои ҳар як кӯдак 1 (як) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои як оилаи камбизоат, ки ду ва зиёда шахси маъюб дошта, дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ё мактаб-интернат фаро гирифта нашудаанд, 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар семоҳа ба андозаи 25 дарсади андозаи муқарраршуда пардохт карда мешавад. 
 24. Аз 1 январи соли 2025 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат барои дувоздаҳ моҳ ба андозаи 11 (ёздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан: 
- 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як кӯдаки то 16-сола; 
- 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ ду ва зиёда шахси маъюб дошта, дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ё мактаб-интернатҳо фаро гирифта нашудаанд; 
- 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои пиронсолони аз 80-сола болои аъзои оилаи камбизоат, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд ва дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта нашудаанд, ташкил дода, ҳар семоҳа ба андозаи 25 дарсади андозаи муқарраршуда пардохт карда мешавад.
25. Маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба корти пардохтии бонкӣ ва ё ба суратҳисоби амонатӣ (депозитӣ)-и сардори оила ва шаҳрванди камбизоат ва ё шахси бовариноки онҳо тавассути марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар маҳали истиқомати аризадиҳанда интиқол дода мешавад. 
26. Пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоии таъингардида дар ҳолатҳои зерин аз санаи якуми моҳи навбатӣ қатъ карда мешавад: 
- аз ҷониби шаҳрванд (оила)-и камбизоат рад кардани кумаки унвонии иҷтимоӣ;
- аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ошкор гардидани далели нодурустии маълумоти пешниҳодшуда дар бораи даромадҳо, молу мулк, ҳайати оила ва маълумоти дигаре, ки барои пешниҳод намудани кумаки унвонии иҷтимоӣ зарур мебошад;
- аз ҷониби гирандаи кумаки унвонии иҷтимоӣ (дорои таҳсилоти касбӣ) рад намудани бокортаъминкунӣ (кор)-и муайяне, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи меҳнат тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод шудааст; 
- ба хориҷи кишвар барои зиндагии доимӣ кӯчидани оила ё шаҳрванди камбизоат;
- вафоти шахси танҳои гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;
- дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
27. Дар ҳолати ошкор гардидани ҳолатҳои дар банди 28 Тартиб зикргардида, шахсе, ки кумакпулии унвонии иҷтимоӣ гирифтааст, маблағи ғайриқонунӣ гирифтаашро ба хазинаи филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бармегардонад. Дар сурати аз ҷониби оила ва шаҳрвандон ихтиёран барнагардонидани маблағҳои ғайриқонунӣ гирифтаи худ, баргардондани маблағ бо муроҷиати Агентӣ ба мақомоти судӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.
28. Дар раванди таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бо мақсади муайян намудани дурустии маълумоти пешниҳоднамудаи муроҷиаткунанда дар бораи ҳайати оила, даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила аз ҷониби бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Агентӣ санҷиши эътимоднокӣ гузаронда мешавад. 
29. Қоидаҳои умумӣ ва шартҳои махсуси пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ байни мақомоти ваколатдор дар асоси дастурамал, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таҳия ва тасдиқ карда мешавад, муайян карда мешаванд.
30. Маблағгузории кумакпулии унвонии иҷтимоӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тақсимбандии семоҳаи маблағҳо сурат мегирад.
31. Агентӣ дар асоси маълумоти аз мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастрасгардида то санаи 10 моҳи минбаъда барои маблағгузории кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дархостро бо супоришномаи пардохтӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Шакли супоришномаи пардохтӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
32. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супоришномаи пардохтӣ маблағро ба суратҳисоби дахлдори Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  мегузаронад. Интиқоли минбаъдаи маблағҳо, кушодани суратҳисоб, бастани суратҳисоб ва бозпас гирифтани маблағҳои истифоданашуда бо тартиби муқаррарнамудаи банди 31 Тартиб ба танзим дароварда мешаванд. Асос барои иҷрои ин амалҳо мактуб, феҳрист ва ҳуҷҷатҳои электронии аз ҷониби Агентӣ пешниҳодшуда мебошанд. 
33. Ҳаққи хизматрасонии бонкии Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба андозаи 0,5 дарсад аз маблағи умумии рӯйхати гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад. Ҳаққи хизматрасонии бонкӣ дар баробари гузарондани маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ мутобиқи супоришномаи пардохтӣ ба суратҳисоби Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  пардохт мегардад.  
 
6. БАНАҚШАГИРИИ ХАРОҶОТ БАРОИ ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ  
34. Банақшагирии хароҷоти маблағҳо барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ва хароҷоти дигар, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ ба ин мақсад пешбинӣ гардидаанд, аз ҷониби Агентӣ дар асоси дархостҳои расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба фарогирӣ ва рӯйхати оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат амалӣ карда мешавад.
35. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Агентӣ ҷиҳати банақшагирии маблағи зарурӣ барои соли навбатии молиявӣ ҷиҳати пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд. 
 
7. НАЗОРАТИ ТАЪИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ
36. Назорати риояи муқаррароти Тартиб, аз ҷумла дурустии маълумот аз рӯйи шакли «Маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила» ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ равона карда шудаанд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд. 
37. Оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила маълумоти бардурӯғ пешниҳод намуда, беасос кумакпулии унвонии иҷтимоӣ гирифтаанд, маблағҳои ғайриқонунӣ гирифтаи худро дар давоми як моҳ пурра ба суратҳисоби филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бармегардонанд ва Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  онро ба суратҳисоби дахлдори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳад. Чунин оилаҳо ва шаҳрвандон аз ҳуқуқи гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар давоми 36 моҳ аз рӯзи қатъ гардидани кумакпулӣ маҳрум мегарданд.  
 
8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
38. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд нисбат ба қарор дар бораи таъин ё рад кардани додани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ва амали (ё беамалии) кормандони масъул ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти суд муроҷиат намоянд. 
39. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани муқаррароти Тартиб бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Санаи нашр: 12.09.2024 №: 176
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив