РИСОЛАТИ ЯК РӮЗНОМА

24 апрел 2025, Панҷшанбе
31
Рӯзномаи «Иди тоҷик» аз шумораи дувуми худ сар карда, номи «Бедории тоҷик»-ро гирифт. Албатта, вазъи рӯзнома то соли 1929 ба таври бояду шояд хуб набуд. Нарасидани коғаз, рангубор, васоити техникӣ, ҳуруф ва, ҳатто, кадрҳои журналистӣ боис мешуд, ки паҳн намудани рӯзнома байни меҳнаткашон ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ гардад.
Бо сабаби нарасидани мавод ва мушкилоти зиёд, рӯзнома дар як ҳафта ё дар ду ҳафта як маротиба рӯи чоп меомад. Солҳои минбаъда, бахусус 1926-ум 56 шумора, 1927-ум 74 шумора чоп шудааст. Бо вуҷуди камбудиҳо, ҳайати таҳририя кӯшиши зиёд мекарданд, ки рӯзнома бо сифати баланд, мазмуни хуб, ороиши наҷиб ба дасти хонандагон расад. Аз тарафи дигар, рӯз ба рӯз мазмун ва мундариҷаи маводҳои рӯзнома, беҳтар гардида, рубрикаҳо, саҳифаҳои нав ба нав таъсис дода мешуд. Саҳифаҳо барои занон, ҷавонон, маҳви бесаводӣ, хоҷагии қишлоқ, бахусус саҳифаи адабии рӯзнома, ҷолиб буд. Шоирон ва нависандагон ягона манбаи чопи асарҳояшонро дар ин солҳои вазнин саҳифаи рӯзнома медонистанд. Маҳз тавассути рӯзнома онҳоро ба ҳаёти нав, зиндагии нав ошно мекарданд. Он солҳо муҳаррирӣ ва таҳрири рӯзнома ба зиммаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат Аббос Алиев, Алӣ Исмоилзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Саидбоғир Қосимов, Маҳдӣ Таҳмосов, Қосим Дайламӣ, Қулӣ Обдинов, И. Баҳромӣ, Муҳаммад Мӯсавӣ ва дигарон афтодааст.
Иштирок ва фаъолияти устод Абулқосим Лоҳутӣ дар рӯзномаи «Бедории тоҷик» хеле назаррас ва қобили андеша аст. Иштирок ва хизматҳои устод Абулқосим Лоҳутиро профессор И. Усмонов чунин иброз медорад: «Устод Абулқосим Лоҳутӣ, воқеан, ба «Бедории тоҷик» – «Тоҷикистони сурх» пайванди амиқе доштанд. Агар дар солҳои бистум таҳрири ин рӯзномаро ба дӯш дошта бошанд ва шеъру мақолаҳо менавишта бошанд, пас дар солҳои сиюм ҳар моҳ «Тоҷикистони сурх» аз ашъору мақолаҳои устод фаровон истифода мекард. Бахши адабии рӯзнома такя ба устод Абулқосим Лоҳутӣ дошт. Амалан устод на танҳо пешбарандаи адабиёт дар «Бедории тоҷик», балки роҳбалад ва роҳнамои ҳамаи онҳое буданд, ки ба ин рӯзнома ҳамкорӣ мекарданд ва ё ба ҳалқаи адабӣ фаро гирифта мешуданд».
Ҳамин тавр, таҳти роҳбарии устод Абулқосим Лоҳутӣ шоирону нависандагон ҷамъ омада, саҳифаҳои рӯзномаро бо ашъори худ рангин мегардонданд. Баъди фаъолияти се солу ҳафт моҳ рӯзномаи «Бедории тоҷик» тағйири ном карда, 8-уми октябри соли 1928 бо унвони «Тоҷикистони сурх» рӯи чоп омад. Сабаби асосии тағйири ном, аз як тараф, соҳиби номи давлатӣ шудани тоҷикон бошад, аз тарафи дигар, вазъи сиёсӣ ва ҳадафҳои муайяни идеологияи замон мебошад.
Баъди ба ҳайати Тоҷикистони мухтор ҳамроҳ кардани округи Хуҷанд ва дар ин замина таъсис ёфтани Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1929 ва ба ҳайати Иттифоқ ворид гардидани он дар ҳаёти халқи тоҷик воқеаи фараҳбахш буд. Баъди он ки Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 тасдиқ гардид, рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» мақоми нашрияи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Президиуми Шурои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистонро гирифт.
Ба ҳайси муҳаррир журналисти шинохта Қосим Дайламӣ пешниҳод ва тасдиқ гардидааст. Таъкид бояд кард, ки солҳои сиюм муҳарририи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх»-ро Дяков, Абдулов, Ғуломризо Ализода барин шахсиятҳо ба зимма доштанд.
Солҳои сиюм дар Тоҷикистон корҳои бузург оғоз ёфта, дар инъикоси ин воқеаҳо саҳми рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» калон аст. Сохтмонҳои зарбдор оғоз гардида буданд. Дар ин солҳо ба истифода додани комбинати шоҳибофии Хуҷанд, фабрикаи шоҳибофии Душанбе, НБО «Варзоб», заводи чарм, навсозии кони ангишти Шӯроб ва ғайра мавзуи асосии навиштаҳои рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» мебошанд. Мухбирону кормандони рӯзнома бо барномаҳои махсус ба сохтмонҳо мерафтанд ва аз фаъолияту кору қаҳрамонҳои арсаи меҳнат мақолаву хабар, репортажу нигоришҳо омода менамуданд. Онҳо зери рубрикаҳо, лавҳаҳои махсус «Меҳнатро ба тариқи болшевикона ташкил намоем», «Стахановчиёни тоҷик планро 200 протсент иҷро мекунанд!» баромад намуда, аз ҳаёти саноатчиёни тоҷик ҳикоятҳо кардаанд.
Ба замми ин, рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» дар бораи корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, аз ҷумла «Дар корхонаи пилакашии Сталинобод», «Сохтмони заводи чарм», «Вазъият дар ГЭС-и Варзоб» мақолаҳои мухбирони худро чоп намудааст.
Солҳои сиюм, ки сохтмонҳои азим дар ҷумҳурӣ оғоз ва идома меёфтанд, барои инъикоси онҳо журналистон, адибон, шоирону нависандагон сафабар шуда буданд. Очерку лавҳа, повесту романҳои зиёд маҳз ба қаҳрамонию диловарии фотеҳони саҳроҳои колхозӣ, саноатчиёни тоҷик, кандани каналҳои бузург, тахту ҳамвор намудани заминҳои бекорхобидаи Вахш, обёрӣ намудани онҳо, ба кор андохтани заводҳои калонтарин бахшида шудаанд. Иштирок ва инъикос намудани ин воқеаҳои бузурги таърихӣ аз тарафи адибони интернатсионалист гувоҳи андешаҳои болост. Дар ин маврид таҳти рубрикаи адабии «Саноеи нафиса» чоп шудани маводҳои шоирону нависандагони тоҷику адибони интернатсионалист гувоҳи пешрафти адабиёти навини тоҷик буд. Навиштаҳои устод С. Айнӣ, А. Деҳотӣ, А. Хуш, Ҷ. Икромӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, Ҳ. Карим, Н. Фахрӣ, С. Улуғзода, Р. Ҷалил, адибони хориҷӣ Эгон Эрвин Киш, Юлиус Фучик, Павел Лукнитский, Пол Вайян Кутюре, Луина Берзин дар саҳифаҳои адабии рӯзномаи солҳои сиюми «Тоҷикистони сурх» рӯи чоп омадаанд, ки фарогири саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони шуравии мост.
Аз ин ҷост, ки рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба инкишофу равнақи адабиёти шуравии тоҷик мусоидат намудааст. Агар ба саҳифаҳои он назар намоем, мебинем, ки рӯзнома на танҳо ҳикояву очерк, шеъру достон, повесту роман чоп кардааст, балки дар бораи қимату асолати ин ё он асарҳои манзуму мансур тақризҳо низ ба чоп расондааст. Рубрикаи «Адабиёт ва саноеи нафиса», ки аз 5-уми майи соли 1930 ташкил шудааст, ҳафтае як бор чоп мешуд. Таҳти ҳамин рубрика, ки порчаҳои повести «Марги судхӯр»-и С.Айнӣ, шеъру достонҳои А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, С.Ҷавҳаризода, П.Сулаймонӣ, М.Миршакар, ҳикояву очеркҳои Алӣ Хуш, Абдулғанӣ Мирзоев, Ғанӣ Абдулло, мақолаҳои публитсистии Аббос Алиев, Собир Неъматӣ, Ш. Шотемур, А. Муҳиддинов, Қ. Дайламӣ, Нисор Муҳаммадов, Б. Ғаффуров ба чоп мерасиданд, барои инкишофи фикрӣ ва ақлонии мардуми тоҷик хизмати беандоза кардааст.
Рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» солҳои сиюм вазифаи тарғиботчӣ, ташкилотчӣ ва ҳунари коллективии худро исбот намуд. Мо дар саҳифаҳои рӯзнома таърихи халқамонро мебинем ва он инъикоскунандаи як даврони пур аз ибтикорот, ташаббусҳо ва аз тарафи дигар, вазъи зиндагиву фаъолияти мураккаб, дар айни замон пурифтихори халқи тоҷикро таҷассум намудааст.
Аъзамҷон АЗИМОВ, профессори ДМТ
Санаи нашр: 24.04.2025 №: 80-81