Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Миср

29 январ 2026, Панҷшанбе
4


27-уми январ даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор шуд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин, ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид.


Мулоқоти Солеҳа Холмаҳмадзода бо Радослав Дарски
28-уми январ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода бо роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарски мулоқот кард.
Ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунии ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи дастгирии буҷет» барои солҳои 2023 – 2025, самтҳои афзалиятноки соҳа ва муайян кардани дурнамои рушди ҳамкории судманд мубодилаи афкор намуданд.
Аз ҳамкориҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои амалисозии марҳалаҳои нави ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи тамдидшуда, ки барои беҳтар кардани некуаҳволии шаҳрвандони кишвар мусоидат менамояд, изҳор доштанд.


Соли 2025 дар Хатлон 2572 иншоот ба истифода дода шуд
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар вилояти Хатлон 106 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 6260 иншоот 6640 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Танҳо соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2572 иншооти таъиноти гуногун сохта шуд, ки нисбат ба нақшаи солона 2,3 баробар зиёд мебошад.
Соли 2026, дар идомаи иқдомҳои созандагӣ, зиёда аз 1500 иншооти нав, аз ҷумла муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва беш аз 80 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо саҳми соҳибкорон, бунёд хоҳанд шуд.


Ҷаласаи корӣ оид ба идораи обҳои зеризаминӣ
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои машваратӣ доир гашт.
Ҷаласа ба баррасии ташаббуси минтақавии идоракунии обҳои зеризаминӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария амалӣ мешавад, бахшида шуд. Ҳадафи ташаббус вокуниш ба мушкилоти афзояндаи марбут ба истифодаи оқилона, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар минтақа мебошад.


Сохтмони стансияи зидди жола идома дорад
Стансия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ ва таъсири боришоти жола ва ҳифзи соҳаи боғу токпарварӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташаббуси Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бунёд мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур шинос шуд. Зикр гардид, ки стансия имконият дорад, ки майдонҳои васеи боғу токзорро дар масофаи беш аз 100 километр аз таъсири манфии боришоти жола муҳофизат намояд.
Он бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир бунёд ёфта, боғу токзори шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Истаравшанро аз таъсири жола ҳифз хоҳад кард.


Хатсайри сайёҳии «Сайри Сада»
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои меҳмонону сайёҳони пойтахт 31-уми январ хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» ба таври ройгон ташкил карда мешавад.
Ҳадаф аз ин иқдом, рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.

Санаи нашр: 29.01.2026 №: 18