ФИРДАВСӢ. АФЗОИШИ 25 ТАШКИЛОТИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯ
Ин нукта зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир гардид, баён шуд.
Дар қисми муқаддимавии маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Ҷурабек Муродзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Ба маълумоти ӯ, соли гузашта бахшида ба идҳои миллӣ, рӯзҳои таърихӣ аъзою фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ беш аз 1350 чорабинии сиёсию фарҳангӣ ва маҷлисҳои тантанавӣ гузаронданд. Илова бар ин, бо иштироки ҷавонону занон давоми як соли охир фестивалу форум, ҳамоишу конференсия, озмун ва чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, маҳфилҳои адабӣ-маърифатӣ баргузор шуданд.
Таъкид шуд, ки ба корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизб ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, ҷалби аъзои нав ба сафи ҳизб, ба роҳ мондани иқдоми созандагию бунёдкорӣ тавассути ҷалби сокинон аз маҳаллаҳои навворидшуда ва дигар масоили дохилиҳизбӣ вусъати тоза дода шавад.
Дар охир аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, бо назардошти Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон шудани соли 2026 ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои ҳизбии ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
